logo

Донишкадаи мо

       Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат яке аз падидаҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар тӯли фаъолияти худ баҳри хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда, дар пешрафти иқтисодиёту илм ва фарҳанги кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта истодааст.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад. Вобаста ба ин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020, №240  дар бораи муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” номи  муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат” ба муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” иваз карда шудааст. Чунин ташаббус ва боварии Сарвари давлат ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишкада руҳу илҳоми тоза бахшид.

       Донишкада дар тули фаъолияти худ чор маротиба аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ба стандартҳои муосири давлатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгў буданашро дар амал исбот намудааст ва то имрўз барои пешбурди хоҷагии халқи мамлакат ҳудуди 11000 нафар мутахассиси баландихтисосро тайёр намудааст.

       Имрўз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат мутахассисонро барои  соҳаҳои  гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ, саноат, хизматрасонӣ, саёҳат ва меҳмондорӣ, идоракунии давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, фаъолияти гумрукӣ, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ, молия ва қарз, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит тайёр намуда,  ба яке аз муассисаҳои таълимии олии бисёрсоҳаи пешбар табдил ёфтааст.

       Хусусан дар солҳои охир, донишкада дар самти фаъолияти таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, бунёдкорию созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

      Ҳоло донишкада дорои Литсейи тамоюли иқтисодӣ (аз соли 1998 инҷониб), 4 факултет, 4 бинои таълимӣ, 12 лабораторияи компютерӣ, беш аз 670 компютери пайваст ба шабакаи Интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ,  3 толори маҷлис, майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, чопхона, 2 ошхона, Парки технологӣ мебошад.

      Дар самти сиёсати кадрӣ ва тайёр кардани кормандони илмӣ-педагогӣ барои соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ Донишкада саҳми арзанда дорад.

       Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳайати илмӣ педагогии Донишкада 207 нафарро ташкил мекунад, ки аз онҳо ҳудуди 70 нафарашон докторон ва номзадони илм мебошанд. Боиси хурсандист, ки  40 нафари онҳо хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат мебошанд.

       Ҷараёни таълим дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат  пурра тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Донишҷўёни донишкада аз рўи барномаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр дар 41 ихтисос, магистратура дар 15 равия, таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар 5 ихтисос, докторантура аз рўи ихтисос (PhD) дар 8 ихтисос таълим мегиранд.

       Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун:

  • Донишкадаи такягоҳии Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (УШОС) аз рўи самти технологияҳои иттилоотӣ;
  • узви Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ;
  • шарики барномаҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ;
  • узви Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо – TARENA ва ғ мебошад.

       Бо мақсади пурзўр намудани самаранокии робитаҳои берунӣ ва густариши ҳамкориҳо донишкада бо бештар аз 59 ташкилоту созмонҳо, муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, фаъолияти серҷанбаи соҳаро дар самтҳои гуногун ба роҳ мондааст. Донишкада ҷиҳати ҷалб намудани донишҷўён барои таҳсил дар хориҷи кишвар донишкада бо  таълимгоҳҳои олӣ — Донишгоҳи давлатии технология ва идораи ш. Маскав, Донишкадаи давлатии техникаи электронии ш. Маскав, Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Урал, Донишгоҳи давлатии туризм ва сервиси Федератсияи Русия, донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Донишгоҳи  миллӣ-техникии шаҳри Лутскийи Ҷумҳурии Украина, Донишгоҳи Бреда дар Нидерланд, Донишгоҳи Порто дар Португалия, сафоратҳои  ИМА, Ҷопон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии  Эрон, Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Душанбе, ташкилоти DAAD, Барномаи ИА Темпус ва тавассути Барномаи ИА Темпус бо бештар аз 30 донишгоҳу донишкадаҳои  Аврупо, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Украина, Озарбойҷон ва ғайра ҳамкориҳои судманд ва самараоварро ба роҳ мондааст.