logo

Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Мудири кафедра: Ҷумъаев Баҳовиддин Маҳмадназаровичномзади илмҳои иқтисод.
Суроға: 734061,  ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, утоқи 13.
Тел.: (992 37) 234-88-03
Е-mail: j_bahoviddin@mail.ru

 

Маълумоти мухтасар дар бораи кафедра
Кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатхои байналмилалӣ, тайёр намудани мутахасисони баландихтисосро аз рўи барномаи умумутаълимии омодакунии мутахассисон дар соҳаи иқтисодиёти ҷаҳон ба роҳ мондааст. Кафедра мутахассисон-иқтисодчиёнеро омода менамояд, ки фанҳои иқтисодии заминавиро аз худ намуда, аз равандҳои дар иқтисодиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ бавуҷудоянда бархурдоранд ва малакаи баланди корро дар соҳаҳои мухталифи фаъолияти иқтисодии беруна доранд. Дар айни замон дар кафедра 10 нафар устодон фаъолият доранд, ки дар байни онҳо 6 нафар дотсент мебошанд.

Вазифаҳои асосии кафедра дар соҳаи таълим:

— омўзонидани хусусиятҳои давраи муосири ҷаҳонишавии хоҷагии ҷаҳонӣ, фаъолияти бозорҳои байналмилалии мол ва хизмат, амалиётҳои беруниқтисодии ширкатҳои байналмилалӣ;

— рушди малакаи таҳлилии донишҷўён оид ба тағйиротҳои объективӣ байни субъектҳо ва объектҳои муносибатҳои иқтисодии байналмилалии муосир, рушди шаклҳо ва усулҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;

— омўзонидани усулҳои ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодии берунӣ ва баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ;

— омўзонидани ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди низоми робитаҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаклҳо ва усулҳои асосии фаъолияти берунии корхонаҳои ватанӣ..

Ҳайати устодони кафедра

Кафедра бо устодони баландихтисосу ботаҷриба таъмин мебошад, ки дар қатори онҳо доктори илм, профессор, номзадҳои илм, дотсентон, устодони ҷавон ва аспирантон фаъолият менамоянд:

Ҷумъаев Баҳовиддин Маҳмадназарович
мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ,
E-mail:j_bahoviddin@mail.ru

 


 

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра

Дар давоми 17 соли фаъолияти кафедра ҳайати устодону профессорони кафедра саҳми назаррас дар корҳои илмӣ методии донишкада дар соҳаи соҳибкории байналмилалӣ, озодкунии фаъолияти иқтисоди беруна  гузоштаанд.

Махсусан дар солҳои охир аз тарафи устодони кафедра китобҳои зерин ба нашр расонида шудааст:

  1. Қодирзода Д.Б. , Сафоев А.К. Муносибатҳои иқисодии байналмилалӣ (китоби дарсӣ), Душанбе, “Саманд-2012”, 2018, 275с.
  2. Ҷумъаев Б.М. Муносибатҳои иқисодии байналмилалӣ (васоити таълимӣ), Душанбе, Ирфон,  2018, 230с.
  3. Ҷумъаев Б.М., Худоёров Ш.Х., Беҳрузи М.Ш. Дипломатияи иқтисодии байналмилалӣ (васоити таълимӣ), Душанбе, 2017 -112с.
  4. Исмоилов А.А. Сафоев А.К.Худоёрв Ш.Х. Основные тенденции развития современной мировой экономики        , Душанбе, Соҳибкор      138с.
  5. Сафоев А.К. Инновационно-инвестиционная стратегия развития Республики Таджикистан в условиях глобализации// Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, «ИРФОН» — Душанбе,2017, – 122с.
  6. Қодирзода Д.Б., Сафоев А.К. Иқтисодиёти љаҳон (китоби дарсӣ), Душанбе 2016, -328с.
  7. Джумъаев Б.М., Ҷабборов Ф.А. Каримова Т.Х.Таджикистан и ВТО: вопросы секторальной адаптации и путы нейтрализация возможных угроз. – Душанбе: Инрфон, 2016.-128с.
  8. Сафоев А.К. Механизм управления региональными инвестиционными проектами, ИПС, «Соҳибкор» — Душанбе – 128 с.
  9. Джумъаев Б.М. Актуальные проблемы развития торговли услугами в условиях вступления Республики Таджикистан в ВТО. –Душанбе: Ирфон, 2012. –116с.
  10. Джумъаев Б.М. Методическое указание и сборник индивидуальных задач по прохождению учебной практики для студентов 3 курса специальности 25010301 — «Мировая экономика» –Душанбе: Соҳибкор, 2014. –88с.
  11. Исмоилов А.А., Джумъаев Б.М. Рынок телекоммуникационных услуг: состояние, проблемы и перспективы развития.–Душанбе: Ирфон, 2012. –102 с.
Семинари илмӣ-назариявӣ ва маҳфили илмии кафедра

Ҳамкориҳои берунаи кафедра

Кафедра бо бо Донишгоҳи миллии соҳибкорӣ ва рушди бизнеси хурди Ҳиндустон ш. Ноида, Донишгоҳи марказии Аврупо (ш. Будапешт)  ҳамкории зич дорад. Чунин ҳамкориҳо имкон дод, ки ду нафар устодони кафедра дар соли 2013 аз курси такмили ихтисос дар ш. Љумҳурии Ҳиндустон ва соли 2009 дар Љумҳурии Венгрия гузаранд.  Аз 14-уми апред то 21-ум апрел дар донишгоҳи туризм ва сервиси Федератсияи Россия ҳамроҳи дигар аъзоёни гурўҳхои корӣ ва роҳбари лоиҳа ташриф оварда аз стандартҳои таълимӣ ва наъшаҳои таълимии онҳо шинос гардидам. Ҳамчунин тули як ҳафта таљрибаи донишгоҳи мазкурро дар самти омодасозии кадрҳо дар соҳаи туризм омўхта, бо тарзи ташкили љараёни таълим шинос гардидам. Илова бар ин дар тренинги ташкил кардаи ин донишгоҳ ширкат варзида дар натиљаи бо сертификат қадрдонӣ карда шудам.

Маҳфили илмии кафедра

Дар кафедра маҳфили илмии донишљўён бо номи «Дипломати љавон» таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Салимов М.С.  амал менамояд, ки дар он беҳтарин донишљўёни ихтисоси 25010301 љалб карда шудаанд. Маҳфили илмии «Дипломати љавон» фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Љумҳурии Тољикистон, кафедраҳои иқтисодиёти љаҳони донишгоҳу донишкадаҳои ш. Душанбе ба роҳ мондааст.