logo
  • 6
  • 08.02.2021
  • Комментарии к записи ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК отключены

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

     Ин шабу рӯз мардуми бофарҳангу шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро, ки дар роҳи худшиносии миллӣ  барои миллати тоҷик аҳамияти ниҳоят калон дорад, ҳамчун давлатӣ соҳибихтиёр дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷашн мегиранд. Аз нуқтаи назари таърихӣ  30 сол  марҳилаи он қадар дурудароз набошад ҳам, аммо аз лиҳози иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣ  ин 30  соли пур аз таҷриба, саъйу талош, ҷасорату матонат, умеду ормон ва фидокории мунтазами халқи арҷманд бо роҳбарии Пешвои муаззами он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Истиқлолияти мо имрӯз аз гармию сардиҳои замон гузашта пояҳои он камолу тақвият  ёфтаанд, он бо нархи хеле гарон ба даст омадааст ва ҳар яки мо бояд онро ҳамчун ганҷи бебаҳо пос дорем.

     Зарурияти таърихии инкишофи ояндаи ҷомеаи тоҷик дар замони муосир талаб менамояд, ки ҳамеша барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ  саҳмгузор бошем.  Зеро, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти иҷтимоии ҷомеаи муосири тоҷик мафҳуми  “Истиқлолият” ҳамчун унсури таркибии ҳастии миллат ва раванди  ҷомеасозӣ  шинохта  мешавад. Таърих ҳамзамон гувоҳ аст, ки бархе аз қавму миллатҳое, ки аҳамияти  истиқлолиятро дарк карда натавонистанд ва ё нисбати ташаккули он дар шуури халқи худ беэътиноӣ зоҳир намуданд, на фақат давлату сарзамини аҷдодиро аз даст доданд, балки дар натиҷаи  махлут шудан бо умумиятҳои дигари этникӣ ҳамчун қавму миллат аз саҳнаи таърих бе ному нишон рафтаанд. Ҳодисаҳои солҳои охир дар як қатор кишварҳои араб  маҳз сабаби пароканда ва нестшавии баъзе миллатҳо ва тамоюли зиёдшавии муҳоҷирату пайвастшавии онҳо ба дигар миллату кишварҳо гардида истодааст. Агар дар солҳои 90-уми асри XX волоияти манфиатҳои умумимиллӣ нисбати манфиатҳои гурӯҳи ва зарурияти истиқлолияти давлати тоҷикон дарк карда намешуд, шояд истиқлолияти  мо низ имруз воқеият намегардид.

     Истиқлолият водор кард, ки сокинони Тоҷикистон арзишҳои фарҳангии хешро аз нав эҳё намоянд. Мақоми давлати гирифтани забони тоҷикӣ, ба таври озод амал кардан ва зиёд шудани воситаҳои ахбори омма, густариши бесобиқаи санъату ҳунари миллӣ,  пешравиҳои назаррас дар соҳаи маориф, аз ҷумла таъсис додани донишгоҳу донишкадаҳои  дорои самт ва ихтисосҳои гуногун низ аз дастовардҳои воли истиқлолият ва гувоҳи самти дурусти фаъолияти қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.  Дар қатори дигар донишгоҳу донишкадаҳои навтаъсиси  кишвар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат низ ҳамчун таълимгоҳи олӣ бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид.

     Дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат низ пеш рафта, кадрҳои гуногуни соҳаи иқтисодиро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷӣ кишвар омода намуд. Ҳамаи чунин масъулияти баланди омодасозии мутахассисонро ба инобат гирифта роҳбари мамлакат соли 2020 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат табдил доданд. Ин назаргирии давлату ҳукумат ва роҳбарияти мамлакатро ба инобат гирифта, устодони донишкада кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар самти омода намудани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ  хизмати зиёде карда истодаанд. Аз ин нуқтаи назар истиқлолият дар баробари фароҳам овардани зиндагии арзандаву огоҳона ба ҳар фарди ҷомеаи мо масъулияти милливу ватандориро омӯхт.

     Миллати тоҷик имрузҳо меваи ширини истиқлолиятро мечашад ва ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки ҳамчун миллати куҳанбунёд ва дорои тамаддуни бузурги таърихиву фарҳангӣ ҳақ дорад худаш кишварашро бисозад, мушкилоташро  худаш ҳал карда, дар рушди фарҳанги мардумони Осиёи Миёна нақши созандаи хешро иҷро намояд. Аз ин лиҳоз истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани Тоҷикистон мебошад.

Ҳаитов Фирдавс Қаюмовичн.и.ф., дотсент мудири кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


Сӯҳбат пӯшида аст.