logo
  • 8
  • 08.02.2021
  • Comments Off on ЭЪЛОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭЪЛОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

     Имрўзҳо барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён Рўзи Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябр яке аз санаҳо ва ҷашнҳои асоситарин ба ҳисоб меравад. Ҳоло ҳамаи мо дар арафаи 30-юмин солгарди ин ҷашни бузург мебошем. Аммо, ин санаи таърихӣ дар адабиётҳои мавҷуда то ба имрўз таҳлили дурусти худро наёфта, ба тарзи гуногун акс гардидааст. Аз ҷумла: «Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олӣ… «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуда, рўзи 9-уми сентябр соли 1991 чун санаи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд»; «Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олӣ (сентябри соли 1991) рўзи 9 сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тасдиқ намуда, онро рўзи истироҳат эълон кард»;  «9-уми сентябри соли 1991 воқеаи фаромўшнашаванда ба амал омад. Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии ҷумҳурӣ, даъвати XII Эъломияро дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон кард». Ин рўзи тавлиди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад»; «Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Тоҷикистон (сентябри соли 1991) рўзи 9-сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон намуд» ва ғайраҳо.

     Ҳол он ки 9-уми сантябри соли 1991 Иҷлосияи таърихии ғайринавбатии Шўрои Олии ҷумҳурӣ, даъвати дувоздаҳум оиди ин масъала  ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳўрии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Дар адабиётҳои ишорашуда оиди Изҳорот ақалан ишорае ҳам нест. Эъломия дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон дар доираи ИҶШС – СССР ҳанўз 24 августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шўрои Олии Тоҷикистон қабул шудааст.

     Ин ҷо мо зарурияти масъаларо ба инобат гирифта, ба ҳамин ду лаҳзаи эълони истиқлолият дар алоҳидагӣ таваққуф менамоем.

Кўшишҳои дар доираи Иттиҳоди Шўравӣ эълон кардани

 истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон

      Ҳанўз аз замони сарвари ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шўравӣ будани Ю.В. Андропов (солҳои 1982 – 1984) масъалаи нисбатан васеъ намудани ҳуқуқҳои соҳибистиқлолии ҷумҳуриҳои Иттифоқ ба миён омада буд, ки он барои танзими Иттиҳоди Шўравӣ аҳамияти махсус дошт. Зеро, усули сохти давлатдорӣ, ки маҳз бо ташаббуси ў пешниҳод ва қисман ҷорӣ гардида буд, бояд амалии чунин мақсад якҷоя бо мустаҳкам намудани аппарати марказии иттифоқӣ ва интизоми сахти меҳнатӣ дар тамоми мамлакат сурат мегирифт. Аммо баъди марги вай, дар замони сарвари ҳизб будани К.У.Черненко (солҳои 1984 – 1985), бо сабаби беморию бемадории худаш, якбора тамоми аппарати ҳизбию давлатии мамлакат ба бемории фалаҷ гирифтор шуд.

     Сиёсати бозсозии Горбачёв боз масъалаи дар доираи Иттиҳод васеъ намудани ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои иттифоқиро ба миён овард. Яъне, масъала меистод, ки дар доираи Иттиҳоди Шўравӣ бояд ҷумҳуриҳои иттифоқӣ оид ба ҳалли бисёр масъалаҳо соҳибистиқлол бошанд. Оид ба ин масъала фикру андешаҳои зиёде пешниҳод гардида буд. Ниҳоят, тобистони соли 1990 он ҷумҳуриҳо пайи ҳам дар доираи Иттиҳоди Шўравӣ истиқлолияти худро эълон карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб мерафт.

      24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, Эъломияи истиқлолияти Чумҳурии Шўравии сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шўравии таҷдидёфта қабул намуд. Аз ҷумла дар Эъломия омадааст, ки Шўрои Олӣ «бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи тоҷик ва давлати миллии он», «бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ дар таъини сарнавишти худ», «бо эътирофи он, ки иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳо»-и Шўравӣ дар ҳайати ИҶШС-и «таҷдидёфта зомини тараққиёти ҳамаҷонибаи онҳо мебошад», бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои намояндагони ҳамаи миллатҳои сокини Тоҷикистон, «ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон ва иродаи халқи» ҶШС Тоҷикистонро ифода намуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Шўравии сотсиалистии Тоҷикистонро ботантана эълон мекунад ва изҳор медорад, ки «давлати демократии ҳуқуқбунёд барпо хоҳад кард». Дар моддаи аввали Эъломия низ таъкид шудааст, ки ҶШС Тоҷикистон «давлати соҳибистиқлоли сермиллат мебошад».

     Дар Эъломия муҳимтарин моддаи 4-ум мебошад, ки дар он дараҷаи соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ акс ёфтааст. Аз ҷумла, дар он таъкид гардидааст, ки ҶШС Тоҷикистон «дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти ИҶШС «дода мешавад, мустақилона ҳал мекунад». Вале дар Эъломия акс наёфтааст, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли иттифоқӣ кадом салоҳиятҳои худро ихтиёран ба ўҳдаи иттиҳоди таҷдидёфтаи Шўравӣ мегузорад. Албатта, аз мазмуни худи эъломия ва ҳуҷҷатҳои дигар маълум мешавад, ки чунин вазифаҳо, ба монанди: мудофиа, бехатарии давлатӣ, авиатсияи шаҳрвандӣ, роҳҳои иттифоқӣ, энергетика ва электронӣ, саноати атомӣ, флоти баҳрӣ, барномаи иттифоқӣ оид ба мудофиа ва космонавтика минбаъд бояд ба ихтиёри Иттиҳоди нави таҷдидёфта гузарад.

     Эъломияи қабулгардида инчунин дараҷаи амалии ҳуҷҷатҳои иттифоқиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Аз ҷумла, дар моддаи 5-ум таъкид гардидааст, ки Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалии ҳуҷҷатҳои ИҶШС-ро, ки ба ҳуқуқҳои дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, боз медорад. Моддаи 15-уми эъломия ба муносибат бо давлатҳои хориҷа бахшида шудааст. Чунончӣ, дар ин модда омадааст, ки ҶШС Тоҷикистон «бо давлатҳои хориҷӣ бевосита робита намуда, бо онҳо шартномаҳои иқтисодӣ, маданӣ ва илмию техникӣ мебандад, мубодилаи намояндагони дипломатӣ, консулгарӣ ва тиҷоратиро ба роҳ монда, дар сурати зарурат дар фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ ширкат меварзад». Аз ин банд бармеояд, ки ҳуқуқи имзои шартномаҳои сиёсиро ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ ихтиёран ба ўҳдаи Иттиҳоди таҷдидёфтаи Шўравӣ мегузоранд. Оиди шаҳрвандӣ бошад, мувофиқи моддаи 9-уми эъломия, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бояд шаҳрванди ИҶШС ҳисоб мешуд.

     Албатта минбаъд ҳам ҳар як ҷумҳурии соҳибистиқлоли Иттиҳоди нави таҷдидёфтаи Шўравӣ ҳуқуқи озодона аз он баромаданро нигоҳ медошт. Инак дар моддаи 7-уми Эъломия омадааст: ҶШС Тоҷикистон «ҳуқуқ дорад мувофиқи тартиботе, ки шартномаи иттифоқӣ муайян мекунад ва мутобиқи қонунҳое, ки дар асоси он тартиб дода мешаванд», аз ҳайати ИҶШС озодона хориҷ гардад.

     Ҳамин тавр ҶШС Тоҷикистон, дар асоси Эъломияи 24 августи соли 1990 дар ҳайати Иттиҳоди наве, ки дар назар доштанд, соҳибистиқлолии худро эълон карда, ҳуқуқҳои худро дар доираи ин Иттифоқ муайян карда буд. Аммо худи Иттиҳоди нави таҷдидёфта, ё худ Иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳои Шўравӣ, чӣ тавре ки ҳамон лаҳза мехостанд, бунёд нагардид. Бинобар ҳамин ҳам нуқтаҳои асосии он эъломия дар амал татбиқ нашуд. Минбаъд 9 сентябри соли 1991 дар рўзи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Эъломия тағйироту иловаҳои зарурӣ дохил карда шуд.

 

Эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он

      Кўшишҳои пойдор  нигоҳ доштани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии сотсиалистӣ (ИҶШС) дигар самараи хубе надоданд. Нобарор анҷом ёфтани кўшиши  табадуллоти давлатии моҳи августи соли 1991 (яъне, ГКЧП) суръати парокандашавии ҷумҳуриҳои иттифоқиро тезонид. Дар натиҷа, ҷумҳуриҳои иттифоқие, ки ба ҳайати Иттиҳоди  Шўравӣ дохил буданд, пайи ҳам истиқлолияти давлатии худро эълон карданд.

     Албатта Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин маъракаи сиёсӣ дар канор набуд. 31 – уми августи соли 1991 Иҷлосияи Шўрои Олии ҷумҳурӣ ба номи ҷумҳурӣ тағйирот ворид намуд. Он эълон кард, ки Ҷумҳурии Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шавад. Дар Тоҷикистон ҳизби коммунистӣ амалан ҳанўз ҳизби ҳукмрон ба ҳисоб мерафт. 4 сентябри ҳамон сол пленуми кумитаи марказии ин ҳизб истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсия намуд.

       9 сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҷамъ омад. Ин иҷлосия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла: «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ду қарори махсусро қабул карда, дар асоси қонуни қабул кардааш ба Конститутсияи (Қонуни асосии) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйироту иловаҳо ворид намуд.

    Аз ҷумла, дар Изҳорот тағйиротҳои дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба амал омадаро ба назар  гирифта, «бо назардошти ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ ва бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон» таъкид гардидааст: «Шўрои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад». Ин изҳорот аз хусуси дар заминаи собиқ яке аз ҷумҳуриҳои Шўравӣ бунёд гардидани давлати нави соҳибистиқлоли ҷаҳонӣ буд. Дар натиҷа дар харитаи ҷаҳонӣ боз як давлати нави  мустақил  бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.

    Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ, ки дар замони шўравӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ бо ҳам хеле пайваст буданд, ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки якбора кандани ин риштаҳо барояшон оқибатҳои бадро меовард. Аз тарафи дигар, равиши ҷаҳони муосир худ аз хусуси бо ҳам наздикшавии давлатҳо ва халқҳо далолат медод. Бинобар ҳамин ҳам дар он Изҳорот инчунин таъкид шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиши собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро «оиди аз нав  барқарор намудани муносибатҳои байни ҳамдигарӣ эҳтиром намуда, … бастани Шартнома дар бораи Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр…» – ро дастгирӣ менамояд.

    Изҳороти сиёсати ояндаи мустақилонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, таъкид менамояд, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон  минбаъд дар муносибатҳои байналхалқӣ «ба сифати субъекти мустақили ҳукуқи байналхалқӣ» баромад мекунад. Яъне, аз ин нуқта бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  минбаъд бо тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои  байналхалқӣ сиёсати хориҷиашро худаш муайян намуда, онро мустақилона ташкил менамояд.

    Яъне, дар Изҳороти қабул гардида, аз як тараф истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда, минбаъд, дар ташкил ва гузаронидани сиёсати хориҷӣ соҳибистиқлол будани онро таъкид намуда, инчунин аз тарафи дигар нигоҳ доштани фазои ягонаи иқтисодии байни собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро зарур шуморида, «тарафдори ташкили системаи мудофиаи коллективӣ ва амнияти давлатҳои Иттиҳоди соҳибихтиёр…» будани Ҷумҳуриҳои  Тоҷикистонро  хотиррасон намудааст.

     Мувофиқи Қарори аввалаи оид ба  истиқлолияти ҷумҳурӣ қабул кардаи иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанўз 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар таҳрири нави Эъломия, аз моддаи 4 – уми он калимаҳои «ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти иттифоқи РСС дода мешаванд», хориҷ  карда шуд. Амсоли ин боз дигар масъалаҳое, ки ба Иттифоқ дахл дошт, ихтисор гардид. Дар матни Эъломия ибораҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва РСС  Тоҷикистон бо ибораи Ҷумҳурии Тоҷикистон  иваз карда шуд. Бо ҳамин матни он Эъломияи аввалро ки ба ҳолати истиқлолият дар доираи Иттифоқ дахл дошт, ба талаботи истиқлолияти ҳақиқии давлатӣ мутобиқ гардонида шуд.

    Мувофиқи қарори дигар, матни Изҳороти Шўрои Олиро дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон маъқул дониста, «бо мақсади ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳукуқҳои конститутсионӣ, озодии шаҳрвандон ва бутунии сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Точикистонро мувофиқи мақсад дониста, рўзи эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 9 сентябри соли 1991 –ро иди миллӣ ва рўзи ид эълон намуданд.

       Ягона қонуни қабул кардаи иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олӣ ба Конститутсияи (Қонуни асосӣ) амалкунандаи ҷумҳурӣ дахл дошт. Зеро, эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон зарурати фаврии тағйироту иловаҳоро ба ин қонуни асосӣ ба миён оварда  буд. Вагарна, баъзе моддаҳои Конститутсияи амалкунанда бо моҳияти истиқлолияти давлатии эълон кардашуда мувофиқат намекард. Қабул кардани Конститутсияи нав бошад вақтро талаб мекард. То қабул гардидани он, бояд Конститутсияи амалкунанда, бо тағйироту иловаҳо фаъолият мекард. Аз ҷумла, ин иҷлосия ба қонуни асосии ҷумҳурӣ чунин тағйиротҳоро ворид намуд: моддаи 1 – уми  Конститутсия бо таҳрири зайл қабул гардид: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Ё худ дар моддаи 28 мақсад боз ҳам равшантар акс ёфтааст. Чунончӣ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор намуда, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад». Инчунин, мувофиқи таҳрири нав дар моддаи 31 таъкид карда мешавад, ки «ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт  шаҳрванди Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр мебошанд».

       Аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳибистиқлол гардид. Албатта, барои бавуҷудоии чунин давлати соҳибистиқлол, сараввал ҷумҳурии мухторӣ, баъд ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон чун заминае ба ҳисоб мераванд.

     Тоҷикон, гарчанде то замони Шўравӣ, ба монанди давлатҳои Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорони Сабзавор, Давлати Музаффариҳо ва ғайраҳо давлатҳои соҳибистиқлоли худро доштанд, вале онҳо аслан давлатҳои  авлодӣ – сулолавӣ буданд, ҳеҷ гоҳ Тоҷикистон ном надоштанд. Дар  замони Шўравӣ ҳам дар доираи Иттиҳод мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандон маълум набуд. Инак, баъди 9 сентябри соли 1991 дар харитаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун давлати соҳибистиқлол акс гардид. Дигар давлатҳои ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф намуданд. Минбаъд намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машваратҳои байналхалқӣ ҳамчун фиристодаи давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегардиданд. Вай аллакай 2 – уми марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ – ООН) гардид. Бинобар ин бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои тоҷикон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Бо эълони  истиқлолият, чуноне  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид  мекунад, «орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт.  Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрўза мебошад».

      Бо назардошти ҳамаи ин аҳамияти таърихии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуқтаҳои зерин мебинем:

  1. Дар натиҷа, дар миқёси ҷаҳон давлати нав бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад;
  2. Ҳангоми вохўриҳо ва ҷамъомадҳои байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегардад;
  3. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян менамояд;
  4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷӣ мустақилона сиёсати худро муайян менамояд;
  5. Ҳангоми муайян намудани сиёсати дохилиаш озодона дин ва урфу одатҳои мардуми худро ба инобат мегирад ва ғайраҳо.

       Аммо мардуми ҷумҳурӣ аз рўзҳои аввал ба қадри ин «ҳадяи бебаҳои таърих» нарасиданд ва барои мустаҳкамию пешравии он накўшиданд. Дар натиҷа соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо ба мушкилиҳои сахттарин дучор шуд. Мушкилтарин ва фоҷеаноктарини онҳо ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Хушбахтона худшиносии миллии тоҷикон боло гирифт ва 27-уми июни соли 1997 сулҳи байни тоҷикон имзо гардид. Маҳз ҳамин сулҳ имконият муҳайё намуд, ки минбаъд дар тамоми мамлакат ваҳдати миллӣ пойдор гардад. Бинобар ҳамин ҳам тоҷикону тоҷикистониён минбаъд ҳар сол рўзҳои 9-уми сентябрро ҳамчун Рўзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 – уми июнро ҳамчун  Рўзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Мустаҳкам намудани дастовардҳои ин ҳар ду ҷашни бузург вазифаи муқаддаси ҳамаи мо тоҷикистониён ба ҳисоб меравад.

 

 

 Ҳотамов Н.Б. – доктори илмҳои таърих, 

профессори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


Сӯҳбат пӯшида аст.