logo

КИТОБХОНА

Назриева  Дилафруз Раҷабалиевна — мудири китобхонаи илмии донишкада
Суроға: 734055, ш.Душанбе,хиёбони Борбад 48/5, бинои таълимии №1, китобхонаи илмӣ
Тел: 234-88-24
E-mail: nazrievadilafruz@bk.ru

 

Маълумоти мухтасар дар бораи китобхона

      Китобхонаи илмии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҷузъи асосии донишкада буда, дар баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва умуман олимону муҳаққиқон нақши арзишмандро мебозад. Ғамхориҳои беназири  Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан, дар мулоқотҳо ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Призиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён,  намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагон пайваста дар бобати боло бурдани маънавиёту фарҳанги ҷомеа, бомаърифатии омма зоҳир мешавад.

        Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” ва “Барномаи рушди китобхонаҳои ҷумҳурӣ барои солҳои 2006-2015” ифшогари гуфтаҳои болоянд. Санадҳои қабулшуда моро водор месозанд, ки нисбати фаъолияти китобхона бо диди тоза назар афканем.

        Китобхонаи илмии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ин муассисаи таълимӣ арзи ҳастӣ намуда, сол то сол, тадриҷан аз ҳисоби китобҳои таълифнамудаи устодони донишкада, харида ва туҳфашуда ғанӣ гардида, имрӯз ба яке аз китобхонаҳои намоёни ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Дар натиҷаи фаъолияти 28 сола ин хазинаи фарҳангӣ ба ҳазорҳо муштариёни ҳариси илму дониш хизмати бебаҳо карда истодааст.

        Китобхонаи илмии донишкада дорои қироатхона, толорҳои электронӣ, ҳуҷраҳои хизматрасонӣ ва ҳуҷраи нигаҳдории китобҳо мебошад. Хазинаи китобхона то имрӯз 35572 адад китобро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 3467 ададро китобҳои илмӣ, 6885 ададро китобҳои бадеӣ, 22367 ададро китобҳои таълимӣ, 90000 китобҳои электронӣ (илмӣ-таълимӣ) ва 815 ададро дастурҳои илмӣ-методӣ ташкил медиҳанд. Ҳоло китобхона 230 ҷойи нишаст дорад, ки аз инҳо 130 ҷои нишаст дар толори хониш ва 100 ҷойи нишаст дар китобхонаи электронӣ мебошанд.

        Кор ва чорабиниҳои китобхона мувофиқи нақшаи пешбинишуда гузаронида мешавад. Дар китобхона инчунин “Ҳафтаи  кафедра” гузаронида мешавад. Мувофиқи ин нақша ҳар як  кафедра дар муҳлати муайян рӯзҳои  худро гузаронида, дар бобати китобҳои навӣ ба ихтисосашон дахлдошта ба донишҷӯён маслиҳату машварат карда, вохӯрию конфронсҳо гузаронида, меҳру дилбастагии шогирдонро нисбат ба китобу китобхона бештар менамоянд. Кормандони китобхона, ки аксар мутахассиси ҳамин соҳаанд, ҳангоми чорабиниҳои муҳими донишкада аз қабили конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ намоиши китобҳоро ташкил намуда, дастовардҳои илмӣ –методии устодони донишкада ва осори навинро манзури иштирокдорон менамоянд.  Инчунин, дар толори китобхона намоиши доимамалкунандаи “Китобҳои нав”  вуҷуд дорад.  Ҳангоми ба китобхона  ворид шудани китобҳои нав, аз тарафи кормандони китобхона бо хонандагон муаррифии китобҳои нав гузаронида мешавад.

       Бо кӯшиш ва ғамхориҳои ректори донишкада  дотсент Асрорзода Убайдулло Сатор китобхона ба толори нав ва барҳавои бузурге интиқол ёфт, ки бо таҷҳизоти навин муҷаҳҳаз гардида, барои хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

      Алҳол дар китобхона як қатор чорабиниҳо,  аз қабили мураттаб сохтани феҳрасти китобҳо, тоза кардани фонди китобхона, дуруст ҷобаҷогузории китобҳои бадеӣ аз рӯйи тартиби алифбо ва кор бо қарздорон рафта истодааст. Дар китобхонаи электронии донишкада барномаҳои ҳар як фан мавҷуд аст, ки донишҷӯён  пурра имконияти истифода кардан доранд.

Ҳайати кормандон

Назриева  Дилафруз Раҷабалиевна — мудири китобхонаи илмии донишкада
Суроға: 734055, ш.Душанбе,хиёбони Борбад 48/5, бинои таълимии №1, китобхонаи илмӣ
Тел: 234-88-24
E-mail: nazrievadilafruz@bk.ru

 

 

Басираи Мусозода —  китобдори китобхонаи илмии донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

 

 

 

Назарова Хонума Баҳодуровна — китобдори китобхонаи илмии донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

 

 

 

Раҳматова Шарофат Хайруллоевна —  китобдори китобхонаи илмии донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат