logo
  • 9
  • 15.09.2020
  • Комментарии к записи Маълумот оиди қисм отключены

Маълумот оиди қисм

Ҷабборов Баҳриддин Бурҳонович  – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, Бинои 1, ошёнаи 1, Қисми тарбия
Тел: (+992 37) 234-88-03; (+992) 907 5555 16
Почтаи элекронӣ: dbb.1962 @mail.ru

 

       Қисми тарбияи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат кори худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишҳои Вазири маориф ва илм, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармоишҳои ректори Донишкада ва қарорҳои Шӯрои олимон ба роҳ монда, мақсади асосиаш тарбия намудани  мутахассисони варзидаи дорои илму маърифат ва фарҳанги баланд мебошад.

       Фаолияти қисми тарбия барои ба донишҷӯён фаҳмонида додани моҳияти  ғояи миллӣ, истиқлолият, эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ, баррасӣ  намудани моҳият ва аҳамияти эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, аз нав эҳё намудани урфу одати миллӣ, дарк намудани ватандорӣ ва вазифаи шаҳрвандӣ пешгирӣ аз ақидаҳои  зарарноки экстремистӣ ва таъсири ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва суйиқасд ба он, ҷилавгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хислати иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон равона карда шудааст.

       Бо масқади дар амал тадбиқ намудани  «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  дар қисми  тарбия нисбати кор бо волидайн диққати  махсус зоҳир мегардад.

       Ҷиҳати баланд бардоштани завқи зебопарастии ҷавонон ва тарбияи маърифатӣ ва фарҳанги миллии онҳо қисми тарбияи донишкада бо театрҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, бо намояндагони илму адаб ва санъати тоҷик мунтазам  вохӯриҳо доир менамоянд.

       Бо мақсади тарбияи сиёсӣ, хуқуқӣ, тафаккури интиқодӣ, масъулиятшиносӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон аз тарафи қисми тарбия мунтазам бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, Агентии маводи нашъаовар вохуриҳо ташкил ва гузаронида мешавад.

       Тамоми чорабиниҳое, ки аз тарафи қисми тарбия гузаронида мешаванд, барои тарбияи ҷавонписарону ҷавондухтарон дар роҳи ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, эҳё намудани анъана ва арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи меҳнатӣ ва зебопарастии онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, аз ҷумла тарбияи занону духтарон барои тарзи ҳаёти солим, танзими оилаю оиладорӣ ва ба камол расидани фарзандони солим равона карда шудаанд.


Сӯҳбат пӯшида аст.