logo
  • 12
  • 15.09.2020
  • Комментарии к записи Маълумот оиди қисм отключены

Маълумот оиди қисм

Муовини ректор оид ба  илм ва инноватсия
Хоркашов Исломбек Сангакович — 
номзади илмҳои иқтисодӣ
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5
Тел:  (+992) 935939900
Почтаи элекронӣ: islom_2412@mail.ru

       Қисми илм ва инноватсияи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат яке аз сохторҳои асосии таркибӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионии донишкадаро ҳамоҳанг месозад.
Ҳайати профессорӣ-омӯзгории донишкада зиёда аз 28 сол инҷониб ба тадқиқоти проблемаҳои рушди соҳибкорӣ ва соҳаи инноватсионии иқтисодиёти мамлакат машғул мебошанд. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо фаъолияти таълимии донишкада хеле зич алоқаманд буда, вобаста ба талаботи замон ва бозори хизматрасониҳои зеҳнӣ, ҳамчунин бо таъсиси ихтисосҳои нав дар донишкада мунтазам тасҳеҳ карда мешаванд.

       Қисми илм ва инноватсия бевосита ба муовини ректор оид ба илм ва инноватсия тобеъ мебошад. Қисми илм ва инноватсия фаъолияти факултетҳо, кафедраҳо, шуъбаҳо ва дигар сохторҳои донишкадаро оид ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-амалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, баландбардории дараҷаи тахассуси устодон, ҷалби донишҷӯёну магистрон ба намудҳои гуногуни фаъолияти эҷодӣ ва инноватсиониро ба роҳ мемонад.

       Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон мунтазам дар раванди таълим дар донишкада татбиқ гардида, барои таҷдиди маводҳои лексионӣ, омодасозии монографияҳо, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва таълимӣ-методӣ истифода мегарданд.

Ба қисми илм ва инноватсия сохторҳои зер тобеъ мебошанд:

  • Раёсати илм ва инноватсия;
  • Шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
  • Китобхонаи илмӣ-элекронӣ;
  • Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон;
  • Шӯрои технологияи иттилоотӣ-камуникатсионӣ;
  • Парки инноватсионию технологӣ;
  • Таъбу нашр;

       Вазифаи асосии шуъбаи илм ва инноватсия ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону донишҷӯён ва магистрон, омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва беҳдошти фаъолияти инноватсионӣ мебошад. Дар мавриди ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таваҷҷӯҳи асосӣ ба таъмини сатҳи баланди илмӣ ва амалии онҳо, тамоюли инноватсионӣ, истифодаи пурраи натиҷаҳои ба дастомада дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, дар раванди таълим, ҷалби бештари устодон, донишҷӯён ва магистрон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии воқеӣ нигаронида шудааст.

       Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи банақшагирӣ, ташкили ҳамгироии таълиму тадқиқот дар магистратура ва докторантура, танзими равандҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии магистрантон ва докторантон созмон дода шудааст. Фаъолияти шуъбаи мазкур дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишкада ва қарорҳои Шӯрои олимони донишкада ба роҳ монда шудааст.

       Китобхонаи илмии донишкада қисми ҷудонашавандаи иттилоотии сохтори донишкада ба ҳисоб рафта, дорои фонди бисёрсоҳаи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва хориҷӣ буда, онҳоро пешкаши хонандагон гардонида, нигоҳдориашонро барои насли оянда таъмин менамояд. Китобхонаи илмии донишкада аз 2 қироатхонаи дорои 150 ҷои нишаст, ҳуҷраи нигоҳдории китобҳо ва ҳуҷраи хизматрасонӣ иборат мебошад. Фонди китобхонаи илми то имрӯз 37077 нусха китобро ташкил медиҳад.

       Ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ, ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнии конмандон ва муҳассилини донишкада бо қарори Шурои олимони донишкада аз 28 ноябри соли 2013 дар замина бинои таълимии №2 Парки инноватсионию технологии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ  ва хизмат дар асоси худмаблағгузорӣ ташкил карда шудааст. Дар назди Парки технологӣ сехи кулолгарӣ ва заргарӣ, нуқтаи барномасозӣ ва тармимгарии компютерхои инфродӣ ва дигар технологияҳои нави иттилоотӣ ва чопӣ фаъолият менмоянд.

       Маҷаллаи илмӣ-оммавии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат “Соҳибкор” мақолаҳои илмӣ, оммавӣ, асарҳои хурдҳаҷми адабӣ, бадеӣ чун ҳикоя, очерк, латифа, андарзи бузургон, мусоҳиба, мақолаҳои донишҷӯёнро дар мавзуъҳои мухталиф манзури хонандагон мегардонад.


Сӯҳбат пӯшида аст.