logo
  • 5
  • 11.09.2020
  • Комментарии к записи Бахши бойгонӣ отключены

Бахши бойгонӣ

Маҳмадалиева Дилрабо Сатторовна – мудири бахши бойгонӣ

Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5

Тел: (+992 37) 234-88-02

Почтаи элекронӣ:  dilrabo-dsx@mail.ru

       Бахши бойгонии раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкада фаъолияти худро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фонди Бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаю дастурамали коргузории раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкада ва супоришҳои роҳбарияти он ба роҳ мемонад.

       Бахши бойгонӣ тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуҷҷатҳо, Дастурамали коргузорӣ оид ба ҳуҷҷатгузорӣ, мўҳлати нигоҳдории онҳо ва нобуд сохтани маводҳои аз истифода баромада ва барои ҳифзу нигоҳдории ҳуҷҷат ва мавод, санадҳои қабулкардааш ва истифодаи мақсадноку иҷозавии онҳо ҷавобгар аст. Мудири бахши бойгонии донишкада барои иҷрои вазифаҳои хизматии ба зимма доштааш ва риояи тартиботи дохилии муассиса масъулияти шахсӣ дорад ва ҳуҷҷатҳои ба бойгонӣ супоридашударо тибқи феҳраст банду баст намуда, дастрасии ашхоси бегонаро ба онҳо  роҳ намедиҳад. Бахши бойгонӣ ба сохторҳои таркибӣ ва кафедраҳо ҷиҳати тахту ҷобаҷогузорӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ ёрии методӣ мерасонад ва тарзи ҷобаҷогузории маводҳоро назорат намуда, ҳолати тозаву ба пуррагӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳоро ба зимма дорад. Мудири бахши бойгонии донишкада доир ба муроҷиати шаҳрвандон оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳо, мавод ва маълумоти дигаре, ки аз корманди бойгонӣ вобастагӣ  дорад масъул мебошад. Бахши бойгонӣ барои қабул, нигоҳдорӣ, ҷобаҷогузорӣ ва ҳифзи ҳуҷҷату маводи ба бойгонӣ воридшуда, тартиби ба шаҳрвандон муваққатан ё тамоман супоридани  маводи дар бойгонӣ маҳфузшуда ва гирифтани имзои онҳо, ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо ва муайянсозии нигоҳдории минбаъда, интихоби ҳуҷҷатҳо барои несткунӣ бо санади аз эътибор соқиткунанда масъул мебошад.


Сӯҳбат пӯшида аст.