logo
  • 53
  • 11.09.2020
  • Комментарии к записи Бахши дуюм ва бақайдгирии донишҷӯён отключены

Бахши дуюм ва бақайдгирии донишҷӯён

Имомова Ғунчагул Сайдалиевна — Сармутахассиси бахши 2-юм ва бақайдгирии донишҷўён
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5
Тел:  (+992) 988-85-84-01
Почтаи элекронӣ: Dsx_ sh2@ gmail.com

       Бахши дуюм ва бақайдгирии донишҷўён яке аз сохторҳои таркибии Донишкадаи сайёҳӣ, сохибкорӣ ва хизмат ба шумор меравад. Фаъолияти бахши дуюм дар ҳамкорӣ бо раёсатҳо, шуъбаҳо, факултетҳо ва дигар сохторҳои ДССХ, Комиссариатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти сафарбаркунӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шудааст, ки муҳимтарини онҳо аз ташкили кор бо парвандаҳои шахсии донишҷўёни ба таҳсил фарогирифташуда, ҷобаҷогузорӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои онҳо, инчунин истифодаи мақсадноку бамавриди асноди маҳфуздошта мебошад.

      Бахши  дуюми донишкада яке аз сохторҳои Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишкада аст. Кори бахш асосан назорат бурдан ба гардиши ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба бахш воридгардида, ба кормандону устодон ва донишҷўёни дар масоили ҳуҷҷатҳо муроҷиатнамуда кўмаки амалӣ расонидан, сари вақт маълумотномаҳои заруриро, асосан ба ҷавонписарони синну соли даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, Ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, вазорату Кумитаҳои дахлдор ва дигар мақомотҳои марбутаи салоҳиятдор вобаста ба корҳои алоқаманд пешниҳод намудан  мебошад.

 


Сӯҳбат пӯшида аст.