logo
  • 17
  • 11.09.2020
  • Комментарии к записи Шуъбаи умумӣ ва назорат отключены

Шуъбаи умумӣ ва назорат

Исматуллоева Сайрам Асадуллоевна – сардори шуъбаи умумӣ ва назорат

Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5

Тел: (+992 37) 234-88-02

Почтаи элекронӣ:  sayram-dsx@mail.ru

       Шуъбаи умумӣ ва назорат зерсохтори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишкада буда, фаъолияти хешро дар асоси Оинномаи донишкада ба роҳ мондааст.

       Дар шуъбаи умумӣ ва назорат 3 нафар фаъолияти корӣ менамоянд. Исматуллоева Сайрам Асадуллоевна — сардори шуъбаи умумӣ ва назорат, Табарова Ситора Чориевна- сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва назорат ва Шукуров Бахтиёр Бобомуродович- мутахассис-хаткашони шуъбаи умумӣ ва назорат.

       Шуъбаи умумӣ ва назорати донишкада дар фаъолияти хеш Низомномаи намунавӣ оид ба муасисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамали намунавии коргузорӣ ва оид ба ҳуҷҷатгузорӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «28» июли соли 2017, № 358),  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон , Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ”, роҳбарияти донишкада ва дигар санадҳои меъёрию хуқуқии амаликунандаи коргузориро ба роҳбарӣ мегирад. Вазифаҳои асосии шуъбаи умумӣ ва назорат ин аз ташкили дурусти ҳисоб ва бақайдгирии мактубҳо, аризаҳо ва  дигар маводҳои муросилотӣ буда, такмил додани коргузорӣ дар донишкада мебошад. Ҳамзамон шуъбаи умумӣ ва назорат иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва фармоишҳои ташкилотҳои болоӣ, ректори донишкада ва аризаю пешниҳодҳои кормандон, донишҷӯён ва шаҳрвандонро назорат намуда, иҷроиши ҳуҷҷатҳоро талаб менамояд. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баррасӣ  намудани   муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро  ба роҳ мемонад.  Аз  сохторҳои таркибии донишкада оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳо пешниҳоду аризаҳои шаҳрандон ҳисобот талаб менамояд.

       Ба роҳбарияти донишкада оид ба коргузорӣ ва ҳуҷҷатҳои воридшуда   ҳар ҳафта маълумот пешниҳод менамояд.


Сӯҳбат пӯшида аст.