logo
  • 330
  • 05.10.2019
  • Комментарии к записи Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ отключены

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ

Мустафоқулов Шерали Тошмуродович —
Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ         
Суроға: 734061, Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, толори варзиш.

Тел.: 234-88-03

Почтаи электронӣ: kfizkultura@mail.ru

Маълумоти мухтасар дар бораи кафедра

       Кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ»  бо фармони  ректори Донишкадаи сайёҳи, соҳибкорӣ  ва хизмат таҳти №1/4 аз 29 августи соли 2011 дар заминаи кафедраи туризм ва идоракунии давлатӣ ва маҳалӣ таъсис дода шуда,ба он фанҳои таълимии тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи гражданӣ  ва  экология  вобаста  карда шудааст.

       Теъдоди умумии кормандони илмӣ-педагогии кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ ва  ҳифзи муҳити зист» 8 нафарро ташкил медиҳад, ки  6 нафарашон  кормандони штатӣ ва 2 нафарашон  ҳамкори дохили  мебошанд. Роҳбарии кафедраро    устоди  варзиши Иттиҳоди Шуравӣ (аз намуди гўштини озод) Мустафоқулов Шерали  ба ўҳда доранд. Дар кафедра 2 дотсент,5 устоди калон  ва 1 ассистент ба таври  доимӣ фаъолият менамоянд. Устодони кафедра дар баробари пеш бурдани корҳои таълимӣ-педагогӣ инчунин аз рўи нақшаи тасдиқгардида бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул  ҳастанд.

Ҳайати устодони кафедра

        Кафедра бо устодони баландихтисосу ботаҷриба таъмин мебошад, ки дар қатори онҳо номзадҳои илм, дотсентон, устодони калон фаъолият менамоянд:

Мустафоқулов Шералӣ Тошмуродович

устоди  калон, устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ (аз намуди гўштини озод).

Почтаи электронӣ: kfizkultura@mail.ru

 

 

Ҳасанов Абдуҷаббор 

 устоди  калон, полковник

Почтаи электронӣ: kfizkultura@mail.ru

 

 

Ҷумаев Мирзоёр Хўҷаёрович

номзади илмҳои педагогӣ,  дотсент

Почтаи электронӣ: u.dzhumaev@mail.ru

 

 

Ҷабборов Баҳриддин Бурҳонович

номзади илмҳои кимиё, дотсент устоди  экология

 Почтаи электронӣ: kfizkultura@mail.ru.

 

Эргашев Фируз Абдуллоевич

устоди калон, устоди дараҷаи байналмилалӣ аз намуди якҳарбаҳои шарқӣ

   Киокушинкай (дан 1).

Почтаи электронӣ: era75.75@mail.ru

 

Наҷмудинов  Салим Ахмедович

устоди  калон, устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ (аз намуди бокс).

Почтаи электронӣ: kfizkultura@mail.ru

 

 

Тағоев Довудшо Амирбекович — устоди калони варзиш

Тел.:  93 864 03 80

Почтаи электронӣ:

 

 

Қурбонмамадов Наҷиб Ҷонмамадович — ассистенти кафедра

Тел.:  501 26 91 66

Почтаи электронӣ:

 

 

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра

       Самти асосии кори илмӣ-тадқиқотии кафедра аз рўи нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2019-2020 тасдиқ карда шудааст.

Самти 1: «Ташакулёбии  қобилиятҳои  ҷисмонии донишҷуёни донишкада ва омодасозии принсипҳои,услубҳои навини сифати таълим  ва   тарбияи ҷисмонӣ».   Дар доираи ин самт муаммои  «Тарзи ҳаёти солим ҳамчун таҳкими сифатҳои ҷисмонӣ ва ташаккули донишҳои зеҳнӣ, малака ва маҳорати муҳассилин».

                               

Самти 2: «Муаммоҳои экологии  қаторкуҳи  Ҳисор.»

 

 

 

Самти 3:  Пешгири кардани ҳолатҳои фавқулоддаи характери табии ва техногенӣ дошта: ҳимояи аҳолӣ аз  оқибатҳои он дар Тоҷикистон.

    

 

Маҳфили илмии ва варзишии кафедра.

        Дар назди кафедра маҳфили варзишии  донишҷўён бо номи «Варзишгарони ҷавон», ки роҳбариаш ба устод Наҷмудинов Салим  вогузор карда шудааст амал мекунад. Ин  маҳфил асосан бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, истироҳат, фароғат, барқарор ва  мустаҳкам намудани саломатӣ, таҳкими  робитаҳои дўстӣ ва рафоқати ҳайати донишҷўён, дар фазои хуби дўстонаи варзишӣ, ташкил дода шудааст. Дар он донишҷўён сари он мавзўҳое  баромад  менамояд, ки ҳиссиёти ҳамсолони хешро нисбати варзиш саҳм гузошта тавонад.

        Донишҷўёни Донишкада  ба ғайр аз он, ки дар конфренсияҳо баромад мекунанд, онҳо дар мусобиқаҳои варзиши низ  иштирок намуда , ҷойҳои сазоворро ишғол менамоянд.

Мусобиқаҳои  варзишии баргузоршуда дар соли таҳсили  2019-2020 (бо ташаббуси кафедра)

  1. Аз 09 то 18 октябри соли 2019 мусобиқаи футболи  хурд байни муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус ва миёнаи касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ» дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа дастаи «Соҳибкор»-и ДСХ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
  2. Аз 15.11. то 17. 11. 2019 мусобиқаи донишкадавӣ «тенниси рўи миз» байни донишҷўёни ДСХ бахшида ба «Рўзи Президенти  ҶТ» баргузор гардид . Дар ин мусобиқа 18 нафар донишҷўён иштирок намуданд:

Ҷойи якум ба Исломбеков Раул, факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон, курси 2.Гр.26020300;

Ҷойи дуюм ба Пушкашов Пайрав факултети баҳисобгирии муҳосибӣ ва сайёҳӣ, курси 2. Гр.26020210 р;

Ҷойи сеюм ба  Муминшоев Фаромўз факултети хизмати молиявӣ ва гумрук. Курси 2 гр.96010102  сазавор гардид.

  1. Аз 01.11. то 04.11.2019 мусобиқаи донишкадавӣ «футболи хурд» байни донишҷўёни ДСХ бахшида ба «Рўзи Конститутсияи ҶТ» баргузор гардид . дар ин мусобиқа 35 нафар донишҷўён иштирок намуданд:

Ҷойи якум ба ФСИҶ

Ҷойи дуюм ба ФХМГ

Ҷойи сеюм ба ФМС

  1. Мусобиқаи ДСХ оиди волейбол бахшида ба рўзи «Парчами ҶТ» рўзҳои 22-25 ноябри соли 2019, 34 нафар донишҷўён иштирок намуданд.

Ҷойи якум ба ФХМГ

Ҷойи дуюм ба ФСИҶ

Ҷойи сеюм ба ФМС

  1. Спартакиадаи ноҳияи Фирдавсӣ аз намудҳои «тенниси руи миз», «шоҳмот», «гуштини Дзю-до», «волейбол» гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа 24 нафар донишҷўён иштирок карданд. Аз ҷумла:

Тенниси руи миз ҷойи якум ба Лолахонова Маино.

Волейбол ҷойи дуюм ба дастаи ДСХ.

  1. Рустамов Аҳлиддин барои ишғоли ҷойи дуюм дар вазни 65 кг дар мусобиқаи кушоди  ноҳияи Фирдавсӣ оид ба Каратэ байни наврасон ва ҷавонон бахшида ба ҷашни «Соли нави мелодии 2019» сарфароз гардонида шуд.
  2. Рустамов Аҳлиддин барои ишғоли ҷойи якум дар вазни 62 кг дар мусобиқаи кушоди  ноҳияи Н.Хусрав  оид ба Каратэ байни наврасон ва ҷавонон бахшида ба ҷашни «Рўзи сарқонун ва парчами ҶТ» сарфароз гардонида шуд.
  3. Аз 21.02. то 23.02. соли 2020 мусобиқаи донишкадавӣ «сангбардори (гиря)» дар вазни 16 кг байни донишҷўёни ДСХ бахшида ба «Артиши миллии ҶТ» баргузор гардид . Дар ин мусобиқа аз се факултет 30 нафар донишҷўён иштирок намуданд:

Ҷойи якум ба факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон;

Ҷойи дуюм ба факултети баҳисобгирии муҳосибӣ ва сайёҳӣ;

Ҷойи сеюм ба  факултети хизмати молиявӣ ва гумрук  сазавор гардид.

  1. Аз 13. 03. то 03.04. соли 2020 мусобиқаи кушоди ВКД ҶТ аз намудҳои гуштини миллӣ, шиновари, варзиши сабук, сангбардорӣ, бандкашӣ, шашка ва шоҳмот байни кормандон, бахшида ба иди «Навруз» гузаронида шуд ва устодони донишкада низ иштирок намуданд.

Ихтисосҳои кафедра (Фаъолияти таълимии кафедра-барои кафедраҳое, ки дар тобеъияташон ихтисос мавҷуд нест.)  Маълумоти муфассал дар бораи фанҳои таълимии кафедра.

      Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тарбияи  ҷисмонӣ  ва варзиш», стандарти  давлатии тарбияи ҷисмонии муассисаҳои  таълимии таҳсилоти  олии касбӣ, ташкили  муташаккилонаи доимии  машғулиятҳои  донишҷўён, таъмини  дараҷаи аз худкунии  донишҷўён  аз фанни  тарбияи ҷисмонӣ  ва дар ин самт таҳкими  талаботҳои муқаррароти  тарбияи ҷисмонӣ  дар  тайёр намудани  бакалавр ва  мутахассисон   мебошад.

 

       Мақсади  асосии  фанни Мудофиаи шаҳрвандӣ — омўзиши  мудофаи гражданӣ  буда ташкили  ҳуқуқии ба роҳ  мондани  мудофиаи гражданиро  дар  қаламравӣ Ҷумҳурии  Тоҷикистон, салоҳияти  мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ, ташкилотҳо сарфи  назар  аз  мансубият  ва  шакли  ташкилӣ   ва ҳуқуқиашон, шахсони  мансабдор  ва шаҳарвандон,  дар соҳаи  мудофиаи  шаҳарванди  муайян  менамояд.Омода намудан  ва омўзонидани донишҷўёни  донишкада  оид ба  ҳолатҳои  фавқулодда  ва мудофиаи гражданӣ  яке  аз фанҳои  асосии  таълимии донишҷўёни  шуъбаҳои рўзона ва ғоибонаи олӣ буда, ба  нақшаи таълимӣ  чун фани  махсус  дохил  карда  шудааст.

       Дар шароити ҳозира, ки ҷомиаи мо ба давраи масъулиятнокӣ дигаргунии қатъӣ-таърихии худ-давраи таҳаввулоти демократӣ қадам ниҳод, тарбияи экологии шахсият, ташаккули инсони нав ва дар тарбияи ҳамаҷонибаи ў самарабахш истифода кардани имкониятҳои моддию маънавӣ аҳамияти ба ғоят махсус пайдо мекунад.

      Бунёди фарҳанги экологӣ ҳамчун меъёри ҳаёти ҷамъияти мутамаддин яке аз самтҳои муҳимтарини ин ҷабҳаи корест, ки ҳаёт ба миён гузоштааст.

      Экология – сарчашмаи     асосии  қонеъ  гардонидани   талаботи  моддию  маънавии  инсон  табиат  ва  муҳити  атроф  мебошад, ки ҳифзи  он  вазифаи  муқаддаси   ҳар  як  фарди  ҷомеа  ба ҳисоб  меравад. Аз ин рў, барои  омўзиши  назария  ва амалӣ  гардонидани  дониши  бадастоварда   барои  донишҷўёни  донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар баробари дигар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон  аз худ  намудани   фанни  экология  тавсия  дода шудааст.

Устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳифзи муҳити зист дар асоси  масъалаҳои илмии мазкур фаъолият мебаранд

Укрепление мышц спины.( Мустафоқулов Ш. Т.)

Тарбияи қобилияти ҷисмонии волейболистони донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.(Ҷумаев М.Х.)

Для чего нужна физическая культура?     (Эргашев Ф.А.)

Чрезвычайные ситуации природного характера.(Ҳасанов А.)

Таърихи пайдоиши варзиши сабук (Наҷмудинов С)

Ваъзи экологии ш. Душанбе.(Назипов Р.)

Ҳамкориҳои берунаи кафедра:

        Устодони  кафедра ва донишҷўёни варзишгари донишкада  дар доираи варзиш дар мусобиқаҳои  ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок менамоянд, ҳамкорӣ доранд.

Дастовардҳои илмӣ-методии кафедра

       Дар кафедра кори илмӣ – тадқиқотӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Устодони кафедра ҳар сол дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назариявӣ баромадҳо мекунанд. Устодони кафедра дар асоси нақшаҳои фардӣ дастурҳои методӣ низ тайёр менамоянд. Ана чанд намунаи корҳое, ки дар соли таҳсили 2019-2020 ба анҷом расонида шудаанд:

Ҷабборов Б.        Баландбардори маърифати истифодабарии об ҳамчун масъалаи глобали. // Конфронсӣ ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ДСХ, бахшида ба «Даҳсолаи байналмиллалии об барои рушди устувор 2018-2028», ва «Соли ҷавонон 2017». соли 2019. Саҳ. 99-101.

Ҷумаев М.Х.       Управление внимание на уроках физической культуры. //Маҷалаи  «Соҳибкор» №6 (8) соли 2019. Стр.14-16.

Ҳасанов .А Основные принципы организации и структуры гражданской обороны //Конфронсӣ ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ДСХ, бахшида ба «Даҳсолаи байналмиллалии об барои рушди устувор 2018-2028», ва «Соли ҷавонон 2017». соли 2019. Саҳ.105-108.

Эргашев Ф.         Машқҳои махсуси варзишӣ барои кўдаконӣ инфиродӣ//Конфронсӣ ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ДСХ, бахшида ба «Даҳсолаи байналмиллалии об барои рушди устувор 2018-2028», ва «Соли ҷавонон 2017». соли 2019. Саҳ.108-110

Мустафоқулов Ш. Укрепление мищц спины //Конфронсӣ ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ДСХ, бахшида ба «Даҳсолаи байналмиллалии об барои рушди устувор 2018-2028», ва «Соли ҷавонон 2017». соли 2019. Саҳ. 101-105

Мустафоқулов Ш., Эргашев Ф.    Назария ва  услуби тарбияи ҷисмонӣ (Омода ба чоп)

Ҷумаев М.Х. Физическое развитие студентов института предпринимательства и сервиса// Журнал “Соҳибкор”- Душанбе. 2019. – с.25-27.

 

Дастовардҳои варзишии кафедра:

Азиззода  Дорюши Қайс  соли таваллудаш 1995 номзади устоди варзиш,  аз намуди “Бокс” .

Аз соли 2012 то 2015  Чемпиони  4 каратаи ш.Душанбе. Чемпиони 4 каратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2013  дар мусобиқаи байналмиллалӣ ш.Алмаатаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойи сеюм.

Соли 2015 чемпиони спартакиадиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якум.

Иштирок ба Унверсаидаи умумиҷаҳонӣ  дар Корея.

Соли 2015  мусобиқаи Байналмилли дар ш.Хуҷанд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюм.

Зоолшоев Сайёд Музофиршоевич соли таволлудаш 12.05.1998.

Чемпион ҷумҳури аз намуди “Бокс”. Дар  факултети “Соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон”, ихтисоси “Фаъолияти соҳибкорӣ дар сайёҳии байналмиллалӣ” гурӯҳи 26020102 таҳсил мекунад.Дар мусобиқаҳои:

Чемпионати республикавӣ   соли 2013 ҷойи якум;

Чемпионати Ҷумҳуриявӣ соли 2014 ҷойи якум;

Чемпионати Ҷумҳуриявӣ  соли 2015 ҷойи якум;

Мусобиқаи байналмиллалӣ  Алмата  2014-ҷойи дуюм.

Мусобиқаи байналмиллалӣ  Аксай (Қазоқистон) соли 2015 аз 09 октябр  то 11 октябр ҷойи якум.

Мусобиқаи байналмиллалӣ шаҳри Хӯҷанд  ҷойи 1, Мусобиқаи (хистеварз), Аз соли 2012 то 2015 мусобиқаҳои ВМКБ ҷойи 1.

Шодмонова Маҳина  соли таваллудаш 28 августи соли  1996 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.Чемпиони Ҷаҳон оид ба  ТАЭКВАНДО ВТФ мебошанд.4 карата Чемпионо Ҷумҳурии дар солҳои  2012,2013. Донишҷӯи факултети “Технологияҳои информатсионӣ”, ихтисоси 26020312, гурӯҳи А,курси 1.

Соли   2013 дар давлати Қирғизистон чемпиони мутлақ  дар байни наврасон  3 медали тилло.

Соли  2014 чемпиони ҷаҳон дар ҷумҳурии Тоҷикистон 1 медали тилло.

Соли 2014 дар мусобиқаи “Ҷоми ҷаҳон” ҷойи 2 дар ш.Беларуссия.

Соли 2015  иштирок дар Америка таҷрибаомӯзи, оид ба устоди варзиш шудан.

Соли 2015 иштирок дар “Чемпионати ҷаҳон” дар ш. Булғория.

Навид ва эълонҳои кафедра

Сӯҳбат пӯшида аст.