Қозиев Гулназар Мавлоназарович – мудири кафедраи риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти , номзади илмҳои физикаю математика, дотсент.
Суроға: 734061, ш.Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 2, утоқи 40.
Тел: (992) 9938030988.
Почтаи элекронӣ: gulnazar88@mail.ru
Кафедраи «Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт» аз рўзҳои аввали таъсисёбии донишкада, яъне моҳи ноябри соли 1991 ташкил карда шудааст. Номи кафедра якчанд маротиба иваз шудааст. Аз ҷумла кафедраи «Риёзиёти олӣ ва муҳандисӣ-техникӣ», кафедраи «Риёзиёти олӣ», кафедраи «Риёзиёти олӣ ва информатика», кафедраи «Риёзиёти иқтисодӣ», кафедра «Риёзиёт дар иқтисодиёт»-аз 28 июли соли 2020 кафедраи номи «Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт» — ро гирифт.
Аз соли 1992 то соли 2008 вазифаи мудирии кафедраи Риёзиёти оли-ро профессор М.Исматӣ ба ўҳда доштанд.
Аз моҳи январи 2008 то моҳи сентябри соли 2011 вазифаи мудири кафедраи «Риёзиёт дар иқтисодиёт»-ро дотсент Муродов Б. иҷро намудааст.
Аз соли 2011 то соли 2012 вазифаи мудири кафедраро дотсент Азизов Р.Э. иҷро кард.
Аз соли 2012 то соли 2013 вазифаи мудири кафедраро дотсент Ҷобиров Ҷ. Қ. ба ўҳда доштанд.
Аз моҳи феврали 2013 то моҳи октябри соли 2014 мудири кафедраро дотсент Қараев Х. Х. иҷро намудааст.
Аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи сентябри соли 2016 вазифаи мудири кафедраро дотсент Азизов Р.Э. иҷро кард.
Аз моҳи сентябри соли 2016 то моҳи августи соли 2020 мудири кафедра дотсент Қараев Х. Х. иҷро кард.
Кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар асоси кафедраҳои риёзиёт дар иқтисодиёт
Аз моҳи сентябри 2016 то моҳи августи соли 2020 мудири кафедра дотсент Қараев Х.Х. иҷро кард. Аз моҳи августи соли 2020 мудири кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт дотсент Қозиев Г.М. мебошад.
Каафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар асоси кафедраҳои Риёзиёт дар иқтисодиёт ва Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт моҳи августи соли 2020 ташкил карда шуд. Мудири кафедра дотсент Қозиев Г.М. мебошад.
Дар муддати арзи вуҷуд доштани кафедра ба ифтихор метавон қайд кард, ки ду нафар аъзоёни кафедра, рисолаи доктори илмҳои физикаю риёзиро ҳимоя намуданд. Инҳо устодон Муҳаммадҷон Исматӣ ва Файзалӣ Саъдуллоевич Комилов мебошанд.
Устод Муҳаммадҷон Исматӣ рисолаи доктории дар мавзўи «Оиди баъзе масъалаҳои омехтаи бо худ пайваста ва ғайри пайвастаи физикаи риёзӣ» (ноябри соли 2003) ва устод Ф.Комилов дар мавзўи «Тарҳрези иммитатсионии динамикаи экосистемаи маҳзанҳои обӣ» (феврали 2004) ҳимоя намуданд. Фанҳое, ки аз тарафи устодони кафедра дарс дода мешаванд, ҳамчун ҷузъи ҳатмии стандарти давлатии таълим дар макотиби олӣ баромад мекунанд. Кафедраи риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт барои дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони со-ҳаи бонкдорӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Аз ҷиҳати ҳайати кадрӣ ва таъминоти моддӣ-техникӣ кафедра хуб таъмин мебошад.
Мавзўи асосии илмию тадқиқотии олимони кафедра бо роҳбарии профессор Исматӣ М. «Муодилаҳои дифференсиалӣ ва масъалаҳои канории физикаи риёзӣ» ном дошта, дар бахшҳои муайяни он зери номҳои мушаххас профессор М.Исматӣ,Мирзоев А.Р., дотсентон Қозиев Г.М., Қараев Х.Х., Азизов Р.Э., устодони калон Солиев О.Қ., Норқулов Р.О.,Илёсов Ҷ., ассистентон Ғафоров З.Б,, Файзалии М., Расулов С.Ғ., Аҳмадов Ф., Нурматов А., Исмоилов Ҷ. корҳои илмӣ-тадқиқотиро иҷро менамоянд.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷўён бо роҳбарии ассистент Расулов С.Ғ. ва дигар устодон Илёсов Ҷ, Аҳмадов Ф., фаъолият мекунанд, ки дар он зиёда аз 18 нафар донишҷўёни курсҳои 1, 2,3 ва 4 фаъолона иштирок менамоянд.
Дар баробари муваффақиятҳои хеле назарраси илмию тадқиқотӣ устодони кафедра дар ҷодаи корҳои таълимӣ, илмию методӣ ва ташкилӣ муттахассисони забардаст ва шинохтаи ҷумҳурӣ мебошад. Дар тўли фаъолияти худ устодони кафедра д.и.ф.р., профессор М.Исматӣ, д.и.п., профессор Мирзоев А.Р., н.и.ф.р., дотсентон Муродов Б., Азизов Р.Э. ва н.и.ф.м., дотсент Исматов Н.М,. чандин барномаҳои таълимию корӣ ва китобҳои дарсию методӣ таълиф намудаанд. Ба қалами ин устодон китоби дарсии «Курси мухтасари риёзиёти олӣ» ба забони тоҷикӣ, иборат аз 3 қисм ба донишҷўёни макотиби олӣ пешкаш шудааст, ки қисми якуми он «Геометрияи аналитикӣ ва элементҳои алгебраи хаттӣ» Б.Муродов: қисми дуюм «Таҳлили риёзӣ» муаллифон Б.Раҷабов ва М.Исматӣ ва қисми сеюми он таҳлили риёзӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ», «Маҷмўаи мисолу масъадаҳои тестӣ аз математика», “ Математикаи олӣ барои тахассусҳои иқтисодӣ”-ро профессор М.Исматӣ навиштаанд. «Корҳои мустақилона аз математика»-ро устод Муродов Б. навиштаанд.
Профессор М.Исматӣ солҳои охир васоитҳои таълимӣ ва монографияҳо “Корректная разрешимость некоторых самосопряженных и несамосопряженных и неклассических смешанных задач математической физики ” қисмҳои 1,2 ва ”Абсолютная и равномерная сходимость разложений по собственным функциям самосопряженных и несамосопряженных дифференциальных операторов” аз чоп бароварданд. Тавре дар боло қайд намудем аъзоёни кафедра дар корҳои роҳбарию ташкилотӣ низ саҳми худро доранд.
Кафедраи РНИИ инчунин пешбари ихтисоси 40010202 – «Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт» мебошад ва солҳои зиёдест, ки мутахассисонро аз рўи ин ихтисос тайёр менамояд. Як қисми устодони кафедра дастпарварони ҳамин ихтисос мебошанд.
Дарсҳо бо сифати баланд бо истифодабарии техника ва технологияи навтарин ва маҳорати хоса дар синфхонаҳои замонавӣ бо сифати баланд гузаронида мешаванд. Ибтидои соли тахсили 2011-2012 дар назди кафедра боз як синфхонаи махсуси компютерӣ кушода шуд, ки дар он дарсҳои тахассусӣ, маҳфили илмии донишҷўён ва семинарҳои илмии кафедра гузаронида мешаванд.
Мақсади ниҳоии кафедра аз амалӣ гардонидани ҳадафҳои зерин иборат аст:
Имкониятҳои потенсиалии кафедра дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои таълиму тарбия ва рушди зеҳнии донишҷўён бениҳоят зиёд аст. Ҳангоми ба таври васеъ ҷори намудани техникаи компютерӣ ва дар омўзиши ҳама фанҳои таълимӣ тадбиқ намудани он, саводнокии ба ном «компютерӣ» характери умумитаълимӣ мегирад.
МУТАХАССИСИ ИҚТИСОДЧӢ ИНФОРМАТИК
(40010202)
Ин ихтисос барои тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии мамлакат пайдо гардидааст. Барои дар ин самт фаолият намудан доштани дониши касбии баланд дар соҳаҳои информатика ва идоракунии захираҳои информатсионӣ талаб карда мешавад. Намудҳои аосии фаолияти касбии ихтисоси 40010202 – Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт инҳо мебошанд: ташкили-идоракунӣ, балоиҳагирии техникӣ, маркетингӣ, ҷудокунӣ, аналитикӣ ва корҳои соҳибкорӣ. Объектҳои фаолияти касбии ин ихтисос: Вазоратҳо, бонкҳо, корхонаҳо ва зерсохторҳои онҳо ва муассисаҳои тиҷоратии гуногун шуда метавонад.
Инчунин хатмкунандагони ин ихтисос метавонанд бо дигар намуди фаолияти касбӣ машғул шаванд: илмӣ-тадқиқотӣ; омӯзгорӣ; иҷтимоӣ-идоракунӣ ва ғайра. Иқтисодчӣ-информатик метавонад ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ фаолият намояд. Хатмкунандагони кафедра ҳамчунин метавонанд — мутахасисони пешбар шуда, дар ширкатҳои равияи информатсионӣ дошта, ҳамчун иқтисодчӣ-информатик дар шӯъбаҳо ва хадамотҳои технологияҳои информатсионии корхонаҳо, муасисаҳо фаолияти худро ба роҳ монда, фаолияти соҳибкориро дар самти технологияҳои информатсионӣ низ пеш баранд.
МУТАХАССИС ОИД БА АМНИЯТИ ИТИЛООТӢ
(40010104)
Мутахассисони соҳаи амнияти иттилоотӣ дар сохтани системаҳои ҳифзи иттилоот, таҳлил ва санҷиши он иштироки бевосита дошта, таҳлилҳои тавакали иттилоотӣ карда метавонанд ва барои пешгирии он сохтани чорабиниҳо ва роҳҳои пешгириро пешниҳод менамояд. Дар салоҳияти он инчунин масъулияти ҷойгиркунӣ, танзим ва назорати нармафзорҳои (воситаҳои техникии) ҳифзи иттилоот шомиланд. Мутахассисони соҳаи амнияти иттилоотӣ дар корхона бо кормандон оиди масъалаҳои таъмини ҳифзи иттилоотӣ омузиш ва машварат гузаронида, санадҳои меъёриву техникиро омода месозанд. Ин вазифа дар омезиши самтҳои технологияи иттилоотӣ ва технологияи таъминоти бехатарӣ руйи кор омадааст.
Мутахассисони амнияти иттилоотӣ дар сохторҳои гуногуни корхонаву ширкатҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, ташкилотҳои идоравӣ ва ҷамъиятӣ кор ва фаъолият карда метавонанд. Мутахассисони ин соҳа низоми ҳимояро барои ширкатҳои алоҳида, ҳифзи шабакаҳои компютерии маҳалӣ аз ҳамлаҳои вирусӣ ё таҳдидҳои нобакорон (хакерон), месозанд. Онҳо паҳншавии иттилооти муҳим ва махфии муассисаро пешгирӣ намуда сатҳи дастрасии иттилоотро ба зинаҳои гуногуни идорӣ муайян менамоянд. Дар миқёси давлатӣ мутахассисони амнияти иттилоотӣ низоми ҳифзи иттилоотии стратегиро дар бораи ҳифз ва дифоъи мамлакат месозанд. Инчунин пойгоҳи додаҳои махфии сири давлатӣ ва қувваҳои мусалаҳи мамлакат дар масъулияти чунин мутахассисон медарояд. Объектҳои асосии фаъолияти хатмкунандагони ин ихтисос, муассисаҳои шакли моликияти гуногундошта, ки шабакаи компютерӣ доранд ва ба ҳифзу нигоҳдории иттилооти тиҷоративу муҳим зарурат доранд, кор ва фаъолият карда метавонанд.
МУТАХАССИСИ МУҲАНДИС БАРНОМАСОЗ
(40010108)
Муҳандис — барномасоз ин мутахассисе мебошад, ки ба коркарди алгоритмҳо ва барномаҳои компютерӣ дар асоси моделҳои махсуси математикӣ машғул аст. Мутахссисон – барномасозони мо баъди хатми донишкада метавонанд аз рўи се самти барномасозӣ фаъолият намоянд: Барномасозони татбиқӣ, Барномасозони системавӣ, Барномасозони шабакавӣ.
Барномасозони татбиқӣ. Барномасозони татбиқӣ одатан ба коркарди нармафзорҳои (таъминоти барномавӣ) хосияти амалӣ дошта, машғуланд, масалан, коркарди бозиҳои компютерӣ, барномаҳои ҳисобдорӣ, виройишгарони матнию графикӣ ва ғайра. Онҳо метавонанд нармафзорҳоро барои низоми худкори назоратӣ, таҳия ва банду баст намоянд. Инчунин метавонанд нармафзорҳои мавҷударо ба шароити маҳалӣ мутобиқ намоянд.
Барномасозони системавӣ. Барномасозони системавӣ ба таҳия ва сохтани системаҳои амалиётӣ, барномаҳои шабакавӣ машғул буда, муҳити кории пойгоҳи додаҳоро эъҷод менамоянд. Мутахассисони ин самт хеле нодир буда, онҳоро бо музди меҳнати хеле калон ба кор ҷалб менамоянд. Барномасозони ситемавӣ ба коркарди системаҳои нармафзорҳо машғул шуда, дар навбати худ идоракунии сахтафзорҳои компютерро низ идора мекунанд. Инчунин онҳо сохтан ва омоданамудаи нармафзори идории ҷузъҳои компютериро амалӣ менамоянд.
Кафедра потенсиали хеле калони илмию тадқиқотӣ, илмию методӣ дорад. Ҳангоми онро пурсамар истифода намудан, аъзоёни кафедра метавонанд ба мувафақиятҳои боз ҳам назаррас соҳиб гарданд.
Қозиев Гулназар Мавлоназарович – мудири кафедраи риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти , номзади илмҳои физикаю математика, дотсент.
Тел: (992) 9938030988
Почтаи элекронӣ: gulnazar88@mail.ru
Мирзоев Абдулазиз Раҷабович – доктори илмҳои педагогӣ (2015), профессори кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат
Тел.: 915698888
Почтаи элекронӣ: aziz69@mail.ru
Қараев Худоёр — номзоди илмҳои физикаю математика, Дотсенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел.: 900685658
Муҳаммадҷон Исматӣ — доктори илмҳои физика- математика, профессори кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Суроғаи почтаи электронӣ: Ismatit2319135@mail.ru
Азизов Раҳмат Эсоевич — номзоди илмҳои физикаю математика, Дотсенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел.: 919053242
Суроғаи почтаи электронӣ: rahmatjon_a@mail.ru
Норқулов Раҷаб Олимшоевич — устоди калони кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел.: 901605151
Илёсов Ҷамол Саидович — устоди калони кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел.: 915993666
Исматов Набиҷон Муҳамадҷонович — дотсенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел: (+992) 917-30-07-30, (+992) 918-86-87-20
Почтаи элекронӣ: ismatov.n.m@mail.ru
Солиев Одилҷон Қурбохолович — устоди калони кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел: (+992) 988-40-59-79
Почтаи элекронӣ: Soliev_ok@mail.ru
Гадоев Абдурашид Файзулоевич — номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел: (+992) 918-66-74-66
Почтаи элекронӣ: rashid.tj@mail.ru
Ғафоров Зафар Бобобекович — ассистенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел: (+992) 934-10-24-01, (+992) 987-41-16-24
Почтаи элекронӣ: Zafar_6672@mail.ru
Расулов Сафомиддин Ғозиевич — ассистенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел: (+992) 915-80-79-53, (+992) 933-13-59-09
Почтаи элекронӣ: rasulov_85-85@mail.ru
Шарифов Убайдуло Қурбоналиевич — ассистенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел: (+992) 985-86-96-12
Почтаи элекронӣ: Sharifov.ubaydullo@list.ru
Файзалии Мирзоали — ассистенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел: 985-43-54-14
Почтаи элекронӣ: 985435414 @mail.ru
Малакбозов Зокир Шерозович — ассистенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел: 501-31-05-94
Почтаи элекронӣ: Malakbozov1994@mail.ru
Тулаев Ҷаҳонгир Панҷиевич — ассистенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел: 918-83-88-19
Почтаи элекронӣ: Jaha_ufc 95@mail.ru
Аҳмадов Фарвариддин Муфазалович — ассистенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел.: 907054334
Нурматов Азамат — ассистенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел.: 919210458
Исмоилов Ҷамшед — ассистенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел.: 988887902
Қаландаров Ҳоҷимурод — омӯзгори фанни технологияи итилоотӣ
Тел: 933 29 96 69
Почтаи элекронӣ: kalandarov2017@inbox.ru
Манонова Бунафша Исломбековна — коргузори кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Тел: (+992) 933 33 67 76
Почтаи элекронӣ: bunafsh_72@mail.ru
Мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедраи Риёзиёт дар иқтисодиёт дар доираи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2020-2040 «Муодилаҳои дифференсиалӣ ва масъалаҳои канории физикаи риёзӣ » ба ҳисоб меравад, ки ҳамаи устодони кафедра дар атрофи ин мавзӯъ корҳои илмӣ–тадқиқотии худро ба роҳ мондаанд.
Мавзўи асосии илмию тадқиқотии олимони кафедра бо роҳбарии профессор Исматӣ М. «Муодилаҳои дифференсиалӣ ва масъалаҳои канории физикаи риёзӣ» ном дошта, дар бахшҳои муайяни он зери номҳои мушаххас профессор М.Исматӣ, дотсентон Қараев Х.Х., Азизов Р.Э., устодони калон Норқулов Р.О., Илёсов Ҷ., ассистентон Аҳмадов Ф., Нурматов А., Исмоилов Ҷ. корҳои илмӣ-тадқиқотиро иҷро менамоянд. Дар ин самт фаъолияти ассис-тентони ҷавони кафедра низ назаррас буда, онҳо аллакай барои пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ омода шудаанд.
Натиҷаҳои тадқиқоти илмии устодони кафедра дар конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуда, дар шакли мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва монографияҳои
илмӣ нашр мегарданд.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷўён бо роҳбарии устоди калон Норқулов Р.О. ва ассистентон Илёсов Ҷ, Аҳмадов Ф., фаъолият мекунанд, ки дар он зиёда аз 18 нафар донишҷўёни курсҳои 1, 2 ва 3 фаъолона иштирок менамоянд.
Дар баробари муваффақиятҳои хеле назарраси илмию тадқиқотӣ устодони кафедра дар ҷодаи корҳои таълимӣ, илмию методӣ ва ташкилӣ муттахассисони забардаст ва шинохтаи ҷумҳурӣ мебошад. Тавре дар боло қайд намудем аъзоёни кафедра дар корҳои роҳбарию ташкилотӣ низ саҳми худро доранд.
Кафедра потенсиали хеле калони илмию тадқиқотӣ, илмию методӣ дорад. Ҳангоми онро пурсамар истифода намудан, аъзоёни кафедра метавонанд ба мувафақиятҳои боз ҳам назаррас соҳиб гарданд.
Ҳамкориҳои берунаи кафедра:
1.Паҷӯишгоҳи математикаи АУ ҶТ;
2.Кафедраҳои факултети Механикаи математикаи ДМТ;
3.Кафедраҳои математикаи факултети Математикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ;
4.Факултети Математикаи ҳисобкунӣ ва кибернетикаи Донишгоҳи Давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов;
5.Кафедраи математикаи олӣ ДТТ ба номи М.Осимӣ;
6.Донишгоҳи славянӣ Тоҷикистон;
7.Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории ба номи Н.Хусрав
робитоҳи илмӣ ва илмӣ-методӣ дорад
Мутобиқи нақша семинари илмии кафедра моҳе як маротиба бо пешниҳоди маърўзаи устодони кафедра тибқи нақша баргузор мегардад. Семинари илмӣ-амалӣ таҳти роҳбарии профессор М. Исматӣ доим амалкунанда мебошад. Дар ин семинар ҳамаи устодони кафедра бо натиҷаҳои корҳои илмиашон баромад менамоянд. Ба ғайр аз ин дар ҷаласаҳои семинари илмӣ-назариявии доим амалкунандаи кафедра рисолаҳои номзодӣ ва докторӣ муҳокима мешавад ва кафедра ҳамчун муассиси пешбарӣ ба баъзе шӯроҳои диссертатсионии Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти ҶТ баромад менамояд.
Дар кафедраи чорабиниҳои илмӣ ба монанди конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, мизҳои муддавар, семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-методӣ гузаронида мешаванд. Дар кафедра маҳфили илмии донишҷўён бо роҳбарии устоди калон Норқулов Р.О. ва ассистентон Илёсов Ҷ, Аҳмадов Ф., фаъолият мекунанд, ки дар он зиёда аз 18 нафар донишҷўёни курсҳои 1, 2 ва 3 фаъолона иштирок менамоянд.
Дар баробари муваффақиятҳои хеле назарраси илмию тадқиқотӣ устодони кафедра дар ҷодаи корҳои таълимӣ, илмию методӣ ва ташкилӣ муттахассисони забардаст ва шинохтаи ҷумҳурӣ мебошад. Инчунин чорабиниҳои дигари илмӣ ба монанди викторина озмўни илмӣ- таълимӣ ва Олимпиадаи фаннӣ байни донишҷўён мувофиқи нақша гузаронида мешавад.
Дар солҳои охир устодони кафедра дар ҷодаи корҷои илмӣ-методӣ корҳои бисёреро ба анҷом расонидаанд, ки натиҷаҳои онҳо дар шакли китобҳои дарсӣ, монографияҳо, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ чоп шудаанд.
Солҷои охир аз тарафи устодони кафедра чунин корҷои илмӣ-методӣ ба чоп расонида шудаанд: