logo
  • 23
  • 11.09.2020
  • Комментарии к записи Бахши фарҳанг отключены

Бахши фарҳанг

Бахши  фарҳанг

        Дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бахши фарҳанг ҳамчун сохтори таркибии қисми тарбия фаъолият менамояд. Дар сохтори бахши фарҳанг ансамбли донишҷуён «Соҳибкор» фаъолият менамояд.

        Бо мақсади татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби фарҳанги  бойи аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба он бахши фарҳангии донишкада   чорабиниҳои фарҳангию маърифатиро доир менамояд.

       Дар асоси нақшаи баргузории барномаҳои фарҳангии муассисаҳои таълимӣ дар мавзеъҳои фарҳангиву  фароғатии шаҳри Душанбе ҳаваскорони  ансамбли “Соҳибкор”-и донишкада дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои хуби фарҳангиро пайваста пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.


Сӯҳбат пӯшида аст.