logo
  • 14
  • 11.09.2020
  • Комментарии к записи Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон отключены

Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон

       Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Оинома ва санадҳои дигари меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, тартиби фаъолияти Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро муайян менамояд.

       Вазифаҳои асосии Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат:

  • фароҳам овардани шароит барои инкишофи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии олимон ва муҳаққиқони ҷавон ва кўмак намудан ба рушди касбии онҳо;
  • муттаҳид намудани нерўи олимон ва муҳаққиқони ҷавон барои ҳалли масълаҳои афзалиятноки илмӣ;
  • ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ, ки дар онҳо метавонанд тамоми олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишкада ширкат намоянд;
  • кўмак расонидан ба рушди алоқаҳои бевоситаи олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар ташкил намудани корҳои комплексии илмӣ-таҳқиқотӣ;
  • таҳия ва дастгирӣ намудани таъсиси манбаи иттилоотии умумидонишкадави оид ба таҳқиқотҳои илмӣ ва чорабиниҳое, ки аз ҷониби Донишкада ва инчунин ташкилотҳои хориҷӣ гузаронида мешаванд;
  • рушди робитаҳо бо Шўроҳои олимон ва муҳаққиқони ҷавони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои дигари илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ кишвар;
  • ҷустуҷў ва амалисозии шаклҳои муосиру инноватсионии фаъолияти олимон ва муҳаққиқони ҷавон;
  • ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи мусбати корҳои илмии сохторҳои гуногуни Донишкада ва инчунин ташкилотҳои миллӣ ва хориҷӣ;
  • гузаронидани чорабиниҳо барои ҷалби хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба илм ва мусоидат ба оммависозии илм;
  • иҷрои чорабиниҳои дигар дар самти беҳбуди шароити зист, меҳнат ва ташкили шароиати олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкада.

       Ҳайати Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкада бо фармоиши ректори Донишкада тасдиқ карда мешавад. Ҷаласаҳои Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар суратҷаласа қайд карда мешавад. Ба суратҷаласа раиси Шӯро ва котиби он имзо мегузоранд. Раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон иҷрои мунтазами қарорҳои Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавонро зери назорат гирифта, роҷеъ ба он дар ҷаласаи Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон гузориш медиҳад.

       Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкада 25 нафар аъзо дорад ва он дар ҳайати зерин ташкил карда шудааст:

Ҳабибуллозода Муҳриддин Ҳабибулло– н.и.и., дотсент., Раиси Шўрои олимон ва муҳақиқони ҷавони Донишкада., мудири кафедраи «Назарияи иқтисодӣ ва фаъояити соҳибкорӣ»

 

 

 

 

Забирзода Фарзона Тоҳир- котиби Шўрои олимон ва муҳақиқони ҷавони Донишкада, ассистенти кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»

 

 

 

 

Фирузи Талбак — мудири бахши таъминоти ҳуқуқии Донишкада

 

 

 

 

 


Сӯҳбат пӯшида аст.