logo

Факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ

Декани факултет: Одиназода Комрон Саидаброр — номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 2, ошёнаи 3.

Тел.:  905554646

Почтаи элекронӣ: odinakomron@mail.ru


 

Маълумот оиди факултет
  1. Факултети баҳисобгирӣ — иқтисодӣ дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишка №15.1 бо фармоиши ректор аз 19 майи соли 2020 № 109/И таъсис дода шудааст.
  2. Вазифаи асосии факултет – тайёр намудани мутахассисони олимаълумот ва аз ҷиҳати касбият ҳаматарафа тарбият ёфта мебошад, ки вобаста ба талаботи замон ҳамчун мутахассисони пешбар қобилияти ҳалли муаммоҳои муосирро доранд.
  3. Факултети баҳисобгирӣ — иқтисодӣ дар ҳайати худ 3 кафедра дорад:
    Кафедраи « Риёзиётва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт».
    2. Кафедраи «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит»
    3. Кафедраи«Ҷомеашиносӣ».
  4. Дар факултет зиёда аз 550 нафар донишҷӯён таҳсил доранд, ҳайати профессорону устодон 60 — нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 нафарашон доктори илм, профессор, 15 нафарашон дараҷаи номзади илм доранд. Алҳол тайёр намудани мутахассисон аз рӯи 7 ихтисос ба роҳ монда шудааст:

       Имрўз раванди таълим дар факултет пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронида шудааст. Таълим дар факултет тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рўи самтҳои омодасозии бакалаврият ва магистрҳо аз рўи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст

Номгўи ихтисосҳои факултети

БАКАЛАВРИЯТ

1-400102.02Технология ва низомщои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

1-400101.04Бехатарии иттилоотӣ

1-400101.08 — Муҳандис барномасоз

1-25010800 — Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит

1-25010801 — Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо

1-25010805- Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат

1-25011100Аудит ва ривизия.

       Раванди таълиму тарбияро дар факултет 3 кафедра роҳандозӣ менамояд, ки аз инҳояк кафедраи ғайритахассусӣ мебошанд:

  • Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ;
  • Баҳисобгирии муҳосибӣ таҳлил ва аудит;
  • Ҷомеашиносӣ;

       Аксар устодони ҷавони донишкада хатмкардагони факултет ба ҳисоб мераванд. Факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ бо устодони доимию ҳамкорон, пойгоҳи хеле хуби таълимӣ, аз ҷумла бо тамоми шароитҳои моддӣ –техникии таълим муҷаҳҳ аз буда, шароити таълиму тадрис тибқи талаботи замон бароҳ монда шудааст. Аз ҷумла, 2 синфхонаи компютерӣ, 10 синфхонаи методии ба кафедраҳо мансуб, синфхонаи лексионии бо проектор ва тахтаҳои электронӣ. Умуман, тамоми шароити таълимӣ ва имкониятҳои таҳсил барои донишҷӯён дар факултет муҳайё карда шудааст. Раёсати донишкада пайваста кӯшиш менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати омода намудани мутахассисон, тамоми имконоту захираҳоро фаровон истифод анамояд.

       Дар факултет машғулиятҳо танҳо дар шакли таҳсили рўзона ба роҳ монда шудааст. Инчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки дар факултет донишҷўён дар гурўҳҳои шакли забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба дарс фаро гирифтаанд.

       Дар факултет 24 гурўҳҳои таълимӣ-академӣ (ГТА) вуҷуд дорад, ки аз курсҳои 1 то 4 ба дасромўзӣ машғуланд. Курсҳои 1-ум – 8 гурўҳ, курсҳои 2-юм – 7 гурўҳ, курсҳои 3-юм – 5 гурўҳ ва курсҳои 4-ум 4 гурўҳ. Ҷамъ дар факултет 550 нафар донишҷўён мавҷуд мебошад.

       Қайд кардан зарур аст, ки соли 2020 дар факултетибаҳисобгирӣ – иқтисодӣ дар маҷмўъ теъдоди устодон 60 нафарро ташкил мекунад, ки аз онҳо 5 нафар профессор, 15 нафар номзадони илм, дотсентон, 10 нафар омўзгорони калон ва 30 нафар ассистентон мебошанд. Яъне зиёда аз 40% устодон дорои унвони лимӣ мебошанд.

       Мақомоти олии идоракунии факултет Шўрои олимон мебошад, ки аз 13 аъзо иборат мебошад. Дар ҷаласаҳои Шўрои олимони факултет масоили рўзмаррае, ки бо фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилӣ-тарбиявӣ алоқаманд мебошанд, баррасӣ карда мешаванд.

       Дар ҳамаи кафедраҳои факултет маҳфилҳои илмии донишҷўён амалмекунанд, ки шумораи зиёди донишҷўёнро доир ба ин ё он фан муттаҳид месозанд. Дар вақтҳои озод донишҷўёни факултет имконият доранд, ки дар толори варзиш ва майдончаҳои варзишии донишкада ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд..

       Сатҳи хуби таҳсил ва иштироки фаъолона дар маҳфилҳои илмӣ, ҳамчунин ширкат дар чорабиниҳои мухталифи таълимӣ-тарбиявӣ ва фарҳангӣ- фароғатӣ ба баланд бардоштани сатҳи азхудкунӣ ва омодашавии касбии донишҷўён мусоидат менамояд. Бинобар ин, аксар донишҷўён аз курсҳои 2-юм ва 3-юм шурўъ намуда, бо ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд ва дар оянда ба кор низ қабул мешаванд.

       Хатмкардагони ин факултет дар ташкилотҳои бунуфузи ватаниву байналмилалӣ аз қабили «Хазинаи Амонат», «Shelter for use», «Кумитаи Салиби Сурх», «КЭА Интернэшнл», «СММ», «Бунёди Оғохон», «Бонки Умумиҷаҳонӣ», «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ», «Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон» кору фаъолият менамоянд.

ТАЛАБОТҲО НИСБАТИ МУТАХАССИС:

  • донистани ду забони хориҷӣ;
  • дарки амиқи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт;
  • дониши технологияи компютерӣ;
  • қобилияти хуби таҳлили равандҳо ва ҳодисаҳои иқтисодӣ
Ҳайати деканат

       Раванди таълим дар факултет аз ҷониби деканати факултет идора карда мешавад, ки ба ҳайати он декан – Одиназода К.С., эдвайзер оид ба таълим – Раҷабов А.А., ва эдвайзер оид ба тарбия – Ҳакимов К.С.,

танзимгари факултет Садирова Р. инчунин мудирони кафедраҳои факултет (се нафар – Ҳаитов Ф.Қ., Қозиев Г.М., Каримов Б.Ҳ.,), раиси Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултет, раиси Иттифоқи касабаи кормандони факултет ва ҳуҷҷатгузор шомиланд.

Одиназода Комрон Саидаброр —  декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ,

Тел.: 905554646

Почтаи элекронӣ: odinakomron@mail.ru

 

 

Раҷабов Асламшоҳ Абдулҳакович — ҷонишини декан оид ба таълим

Тел.: 904212148

Почтаи элекронӣ: aslamsho-1993mail.ru

 

 

Ҳакимов Каримҷон Cабзалиевич — ҷонишини  декан оид ба тарбия

Тел.: 918880329

Почтаи элекронӣ: fsij@mail.tj

 

 

Қозиев Гулназар Мавлоназар — мудири кафедраи риёзиёт дар иқтисодиёт номзади илмҳои риёзӣ, дотсент.

Почтаи элекроннӣ: gulnazar@mail.ru

Тел.: (+992) 93-803-09-88

 

 

Каримов Боҳдур Ҳасанович — мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Почтаи элекронӣ: bahodurkarim@mail.ru

Тел.: (+992 37) 234-88-00

 

 

Ҳайитов Фирдавс Қаюмович — мудири кафедраи ҷомеашиносӣ номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Почтаи элекронӣ:

Тел.: 934242676

 

 

Садирова Рухшона Мирзоевна — ҳуҷҷатгузори факултет

Тел.: 900363602

Фаъолияти таълимии факултет

       Ташкили раванди таълим дар факултети баҳисобгирӣ — иқтисодӣ фаъолияти ҳайати профессорӣ-омўзгорӣ ва сохторҳои таркибии донишкадаро дар бар мегирад ва дар чунин самтҳо кор пеш мебарад:

  • доир ба банақшагирии раванди таълим;
  • доир ба ташкили корҳои таълимӣ;
  • доир ба назорати раванди таълим.

       Банақшагирии раванди таълим дар факултети баҳисобгирӣ –иқтисодӣ дар асоси нақшаҳои кории таълимӣ доир ба барномаҳои таълимии амалишаванда (ихтисосҳо), ки аз тарафи шўрои илмӣ-методии донишкада таҳия карда мешавад, амалӣ мегардад. Нақшаҳои кории таълимии амалкунанда аз рўи номгўи фанҳо, намуди машғулиятҳои таълимӣ ва ҳаҷми соатҳо ба талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгў мебошад.

       Фонди аудитории факултет аз 14 синфхонаҳои таълимӣ иборат мебошад, ки аз онҳо 2 синфхонаи компютерӣ ва 12 синфхонаи бо таҷҳизоти мултимедиявӣ ҷиҳозонида шудааст.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факултет

       Кафедраҳои факултет дар раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ вобаста ба самти фаъолияти худ муаммоҳои гуногуни илмиро мавриди омўзиш ва ҳаллу фасл қарор додаанд.

       Ҳайати устодону профессорони факултети баҳисобгирӣ – иқтисодӣ корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар асоси Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ барои солҳои 2020-2025  пеш бурда истодаанд…

Корҳои тарбиявӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва ғоявию сиёсӣ

       Корҳои тарбиявӣ дар факултети баҳисобгирӣ – иқтисодӣ дар асоси дасту русупоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”бароҳ мондашуда, ба тарбия намудани мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ нигаронида шудааст.

       Дар нақшаи корҳои тарбиявии факултет чорабинии ташкилӣ-тарбиявӣ, чорабиниҳои ғоявӣ-сиёсӣ ба нақша гирифта шудааст. Чорабиниҳои тарбиявии банақшагирифташуда ба он равона карда шудаанд, ки савияи дониш ва маданиятнокии донишҷўёнро баланд бардоранд ва барои васеъ гардонидани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат намоянд. Корҳои тарбиявиро дар факултет эдвайзер оид ба тарбия дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии факултет Созмони ҷавонон, Иттифоқи касабаи кормандон, Шўрои бонувон, Шўрои сарпарастони гуруҳҳои-академӣ иҷро менамоянд.

       Пешбурди корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимӣ-академӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маданияти донишҷӯён дарс амтҳои зер бароҳ монда шудааст:

— Гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида;

— Назорати риояи талаботи Дастур амалили босҳои тавсиявӣ;

— Кор бо волидайни донишҷӯён дар самти иштироки донишҷӯён ба дарсҳо, манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим ва бо мошинҳои шахсӣ ба дарсомадани донишҷӯён;

— Тарбия ва тарғиби тарзи ҳаёти солим;

— Иштирок дар чорабиниҳои ташкилӣ-тарбиявӣ, ғоявӣ-сиёсӣ ва ахлоқию маърифатӣ;

— Пешгирӣ намудани ҳолатҳои майлкунии донишҷӯён баҳаракатҳои динии экстремистӣ;

— Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз он ҷумла омилҳои ба амалҳои коррупсионӣ мусоидат кунанда;

— Ташкили вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти қудратӣ ҷиҳати баландбар доштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён;

— Тамошои намоишҳои театрӣ, филмҳои тарбиявӣ;

— Боздид аз осорҳо нава дигар ҷойҳои таърихии мамлакат ва ғайра.

       Тибқинақшаитасдиқшудаитарбиявиифакултет 17 чорабиниҳои ташкилӣ — тарбиявӣ, 83 чорабиниҳои оммавӣ-тарбиявӣ ва 20 масъалаҳои аҳамияти тарбияви дошта, пешбинӣ шудааст, ва дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳанг созии қисми тарбия ва ҷаласаҳои деканати факултет гузошта шудаанд ва он чорабиниҳое, ки дар нимсолаи аввали соли хониш ба нақша гирифта шудаанд иҷрокардашуданд.

       Мувофиқи нақша ба 83 чорабиниҳои оммавӣ-тарбиявӣ дохил мешавад:22 чорабинии тарбияи ғоявӣ, 6 чорабинии тарбияи миллӣ, 3 чорабинии хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, 6 чорабинии тарбияи сиёсӣ, 9 чорабинии тарбияи ватанпарастӣ, 3 чорабинии ахлоқию маънавӣ, 3 чорабинии тарбияи таҳамул ва тоқатпазирӣ, 2 чорабинӣ оид ба тафаккури интиқодӣ, 3 чорабинии тарбияи масъулиятшиносӣ, 3 чорабинии тарбияи маърифатӣ-фарҳангӣ, 2 чорабинии тарбияи гуманистӣ, 3 чорабинии тарбияи зебопарастӣ, 3 чорабинии тарбияи ҳуқуқӣ, 2 чорабинии тарбияи иқтисодӣ, 4 чорабинии тарбияи экологӣ, 5 чорабинии тарбияи ҷисмонӣ ва ҳаёти солим, 4 чорабинии тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ.

       Дар факултет 24-гурӯҳи таълимӣ–академӣ таҳсил менамояд, ки аз онҳо 8 – гурӯҳ дар курси якум, 7 – гурӯҳ дар курси дуюм, 5 – гурӯҳ дар курси сеюм ва 4 – гурӯҳ дар курси чорум мебошанд. Дар гуруҳои таълимӣ-академии факултет 15 нафар устодон сарпараст таъин карда шудаанд, ки ҳар ҳафтае як мароти ба дарсҳои тарбиявӣ гузарони дашуда дар журнали гурӯҳҳо қайд карда мешаванд.

       Иқдоми хуби факултетро мебоист қайд намуд, ки аз тарафи садорати факултет “Раҳматнома” бо мўҳри декан омода карда шудааст, ки баъд аз супоридани ҳамаи имтиҳонҳо ба донишҷўёни аълохон ва барои волидайни онҳо ҳамчун рамзи ифтихорманди аз донишҷў дар ҳузури декан, муовинон, куратор ва гурўҳ супорида мешавад.

       Донишҷуёни факултет дар ҳамаи чорабиниҳои баргузоргардидаи донишкадавӣ ва берун аз он фаъолона иштирок намудаанд, махсусан донишҷў-духтарон бо либосҳои миллӣ.

Робитаҳои берунаи факултет

       Факултет бо дигар кафедраҳои макотиби олии кишварҳои узви ИДМ (Россия, Қазоқистон, Қирғизистон) ва Ҷопон ҳамкории зич дорад. Аз он ҷумла, бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи давлатии технология ва идораи Москва, Донишгоҳи миллии техникии шаҳри Лутски Украина, Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Руссия,   Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.С. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии – Мактаби олии иқтисодиёт (ГУ-ВШЭ) ва дигар донишкадаву донишгоҳҳоҳамкорӣ барпо намудааст.