logo

Кафедраи ҷомеашиносӣ

Ҳаитов Фирдавс Қаюмович –  мудири кафедраи ҷомеашиносӣ — номзади илмҳои  фалсафа, дотсент

Суроға: 734061, Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои утоқи № 52

Тел.: 934292476

Почтаи электронӣ: Кais_2007@mail.ru

Маълумоти мухтасар дар бораи кафедра

 Ф А Ъ О Л И Я Т И  И М Р Ӯ З А И  К А Ф Е Д Р А

       Кафедраи фалсафа ва таърих   24 октябри соли 2001 бо номи кафедраи «Ҷомеашиносӣ» таъсис ёфтааст. Кафедра аз 01 январи соли 2007 бо номи кафедраи «Таърих ва фалсафа»,  аз  01 сентябри соли 2009 бо номи кафедраи «Фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ» ва аз 28.09.2018, мувофиқи қарори №2/7.5, банди 3-и Шўрои олимони донишкада  бо мақсади мутобиқ сохтан ва ба сифати кафедраҳои пешбари рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ мувофиқ намудани кафедра, бо номи “Кафедраи фалсафа ва таърих”  ва аз 06.06.2020 бо номи кафедраи “Ҷомеашиносӣ”   фаъолият мебарад. Солҳои авали таъсисёбӣ дар кафедра доктори илми фалсафа Салимов Н.С., дотсент, номзади илми фалсафа, дотсент Ҷабборов Ш.Ҷ ва   устоди калон Сабзалиев Ф.С.  кор мекарданд. Минбаъд ба ҳайати аъзоёни кафедра: соли 2002 —  профессор, доктори илми фалсафа  Мўъминҷонов Ҳ.Ҳ., дотсент, номзади илми таърих Саъдиев Ш.С., соли 2003 ассистент Бобоалиева А.Н., соли 2008 профессор, доктори илми фалсафа Ахмадов С.А., соли 2009 ассистентон Шоймардонова Н.Ҳ., Ҳоҷиев Н.Н., соли 2010 ассистент Ҳаитов Ф. К., соли 2011  дотсент, номзади илми сиёсатшиносӣ Базарова С.Ш ва устоди калон Абдусаломов А.,  соли 2012 номзади илмҳои фалсафа Атоев К, ассистент-коромўз Якубова И.Э ,  феврали соли 2013 дотсент., номзади илмҳои фалсафа   Элбоев {., феврали соли 2014 ассистент Шарипов И.И., сентябри соли 2014 ассистент Чилаев Р.С., сентябри соли 2017 ассистентон Ҳисайнов Ф.Ф. ва Раҳмияи С. К., аз феврали соли 2018 ассистент Ғуломова М.С ва аз  сентябри соли 2018 профессор Ҷононов С., дотсент Тураева З.Ю, ассистентон Буриева Р.А., Ҳабибов С.И ва аз апрели соли 2020 ассистент Абдуллоева Ш.М ба кор шуруъ намуданд. Теъдоди умумии кормандони илмӣ-педагогии кафедра  дар соли 2020  19  нафарро ташкил дода, аз онҳо 12 нафар устодони доимӣ ва 7 нафар устодони ҳамкор мебошанд. Аз миќдори умумии устодони доимии кафедра 2-нафар доктори илм, профессор, 2 – нафар номзадони илм, дотсент,  1- нафар устоди калон ва  7-нафар ассистентон мебошанд.

Ҳайати устодони кафедра

       Кафедра бо устодони ихтисосманду ботаҷриба таъмин мебошад, ки дар қатори онҳо номзадҳои илм, дотсентон, устодони ҷавон ва аспирантон фаъолият менамоянд:

Ҳаитов Фирдавс Қаюмович — мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ф., дотсент.

Суроғаи почтаи электронӣ:

Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои таълимии№ 2, утоқи №52.

Тел.: 93 -429-24-76

Почтаи электронӣ:  Kais_2007 @mail.ru

Ҳотамов Намоз Бассарович

доктори илмҳоитаърих, профессор

Тел: 918-21-55-36

Почтаи электронӣ:  namozhotamov@mail.ru

 

Чононов Саидамир

доктори илмхои фалсафа.

Тел.: 904-24-55-00

Почтаи электронӣ:

 

 

 

Тураева Зухро Юнусовна

номзади илмхои сиёсатшиноси, дотсент

Тел.: 93 -455-59-63

Почтаи элекронӣ:  turaeva. zuhro@mail.ru

 

Шарипов Икром Ибронович

устоди калон

Тел.: 919-98-66-63

Почтаи электронӣ:  ikrom. Sharipov @mail.ru

 

Ҳабибов Судошан Иззатуллоевич

Ассистенти кафедра

Tel.: 989141436

Почтаи электронӣ:  abibov94@ mail.ru

 

Абдуллоева Латофат Музафаровна

Ассистети кафедра

Tel.: 918-25-51-24

Почтаи электронӣ: abdulloeva.l.a@gmail.com

 

Зиёзода Нодири Идибек

ассистенти кафедра

Tel.: 901-11-12-20

Почтаи электронӣ: nodirziyoev@mail.ru

 

Чилаев Раҳмоналӣ Собирович

ассистенти кафедра

Тел.: 985-25-19-65

Почтаи электронӣ:  Сhilaev_83 @mail.ru

 

Гуломова Мавзуна Сирочевна

ассистенти кафедра

Тел.: 988-74-64-02

Почтаи электронӣ:  Gulomova 2018 @mail.ru

 

Буриева Рухсатой  Абдураҳимовна

ассистенти кафедра

Тел.: 93-887-79-98

Почтаи электронӣ:

 

Рахмияи Саидамир Каримовна

ассистенти кафедра

Тел.: 93 -301-52-22

Почтаи электронӣ:  SKRahmiya92@mail.ru

 

Шоназар Чавхари Муносиб

ассистенти кафедра

Тел.: 008089288

Почтаи электронӣ:  m.javhar92@mail.ru

 

 

 

Ҳисайнов Фахриддин Файзалиевич

ассистенти кафедра

Тел.: 98-910-08-93

Почтаи электронӣ:  FFahriddin93@inbox.ru

 

Хидирова Мадина Ёрбобоевна

Ҳуҷҷатгузори  кафедра

Тел.: 882888476

Почтаи электронӣ: Madina 98 @mail.ru

 

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра

       Равияи  назариявии  кори илмӣ – тадқиқотии кафедра – «Омилҳои иқтисодӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва сиёсии рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад.  Проблемаи кори илмӣ – тадқиқотии кафедра – «Таърих, фалсафа ва сиёсати рушди соҳибкории инноватисонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Самт (равия) ва номгўи мавзўъҳои он мувофики нақшаи корхои илмӣ-тадқиқотии устодони кафедра, ки барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардидааст, сурат мегирад.  Мувофиқи ин нақшаи дурнамо ҳамаи  устодони кафедра мавзуҳои илмӣ-таҳқиқотиашонро то соли 2020 тартиб додаанд. Аз руи корҳои илмӣ-тадқиқотиашон  устодони кафедра дар соли 2019  ҳамагӣ ду монография ва  як дастури методӣ навиштанд.  Аъзоёни кафедраи  фалсафа ва таърих дар алоҳидагӣ дар барномаҳои гуногуни комплексии мақсадноки илмии ҷумхуриявӣ иштирок менамоянд. Аз ҷумла, профессор Ҳотамов Н.Б яке аз муаллифони асари бисёрҷилдаи «Таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон», (қисмати иқтисодиёт) ба ҳисоб меравад.

       Дар  баробари ин профессор Ҳотамов Н.Б давоми соли таҳсил 3 конфронси байналхалқӣ (ш. Душанбе, дар ш. Хуҷанд ва ш.Қазони Федератсияи Россия) ва  3 конфронси ҷумҳуриявӣ бо маърузаҳо баромад намуданд. Дар бобати корҳои инноватисонӣ (лоиҳавӣ) бошад дар соли 2018 профессори кафедра Ҳотамов Намоз Басарович барои  силсилаи корҳои илмӣ дар мавзўи “ Таърихи бонкҳо  ва соҳибкорӣ  дар Осиёи Миёна (солҳои 60-уми асри ХІХ- соли  1917) сазовори Дипломи Дорандаи ҷоизаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ  

 

       Ассиситенти кафедра Ғуломова М.С санаи 16.01.2020 аз руи мавзуи кори илмӣ-тадқиқотиаш рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Дарки иҷтимоӣ-фалсафии бегонашавии иҷтимоӣ-фарҳангии ҷавонон дар ҷомеаи тоҷикистонӣ” ҳимоя намуданд.

       Устоди калон Шарипов И.И ва ассистентон  Чилаев Р.С ва Зиёзода И.Н низ рисолаҳои номзадиашонро ба охир расонида, муҳокимаи корашонро ба анҷом расонида дар арафаи ҳимоя мебошанд.

       Профессор Ҷононов С низ китоби таълимии “Сиёсатшиносӣ”-ро навишта ба охир расонидаанд ва дар арафаи чоп мебошад. Дотсентон Тураева З.Ю ва Ҳаитов Ф.Қ низ мавзуҳои кори илмӣ-тадқиқотиашонро иҷро намуда истода, барои ҳимоя намудани рисолаи докториашон омодагӣ дида истодаанд.

Семинари илмӣ-назариявӣ ва маҳфили илмии кафедра

Ҳамкориҳои берунаи кафедра

        Кафедраи таърихи халқи тоҷикӣ ДМТ, кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ; Кафедраи таърихи халқи тоҷикӣ ДОТ ба номи С.Айнӣ, кафедраи фалсафаи ДОТ ба номи С.Айнӣ; Кафедраи таърихи ватанӣ ва кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДСРТ, кафедраифалсафаи ДСРТ; Институтифалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови  АИ ҶТ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносиии ба номи А.Донишӣ АИ ҶТ.

Маҳфили илмии кафедра

       Дар кафедра ду маҳфил амал мекунад. Маҳфили якум семинари илмӣ – назариявии устодони кафедра буда ба он ассистент Ҳисайнов Ф.Ф роҳбарӣ мекунанд ва маҳфили дуюм маҳфили донишҷўён  “Ҷомеашиноси ҷавон” ном дошта ба он  низ ассистент Ҳисайнов Ф.Ф роҳбари мекунанд. Нақшаи кории маҳфилҳо дар ҷаласаи кафедра муҳокима ва тасдиқ гардидаанд. Мувофиқи нақшаи кории маҳфилҳо  маърўзаи устодони кафедра ва донишҷўён  шунида,  муҳокима мегарданд ва дар рафти муҳокимаи маърўзаҳо устодони кафедра ва донишҷўён фаъолона иштирок менамоянд.  Аъзоёни маҳфил бевосита дар олимпиадаҳои фаннӣ ва Ҷоми Президенти АИ ҶТ иштирок менамоянд.  Санаи 22.04.2017 донишҷўй курси 4-уми ихтисоси 40010202 Одинаев Зоиршоҳ дар даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии ш. Кулоб ба номи А.Рудакӣ баргузор гардид иштирок намуда аз фанни таърихи халқи тоҷик ҷойи 3-юмро ишғол намуда сазовори  дипломи “Дараҷаи 3”(аз 22.04.2017, №1431) гардид. Санаи 23.06.2018 донишҷўи курси 2-юми ихтисоси 96010101т Хоҷаев Сафаралӣ  дар даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии ш. Бохтар ба номи  Носири Хисрав  баргузор гардид, иштирок намуда аз фанни сиёсатшиносӣ ҷойи 3-юмро ишғол намуда сазовори  дипломи “Дараҷаи 3” (23.06.2018, №2364) гардид.

Дастовардҳои илми-методи кафедра

Корҳои илмӣ – методии устодони кафедра мувофиқи «Муқаррароти умумӣ ба корманди илмӣ — педагогӣ», ки аз тарафи донишкада омода карда шудааст, тартиб дода шуд. Мувофиқи он дар нақшаи ҳамаи устодон чунин корҳо сабт гардиданд,  ки то ба имрўз иҷро шудаанд: 1. Тайёрӣ ба машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ; 2. Ба дарсҳои ҳамдигар даромадан ва ташкили дарсҳои кушод; 3. Аз тамоми фанҳои кафедра, ки барои низоми таълими кредитӣ таълим дода мешавад, силлабусҳои фаннӣ тартиб дода шуд; 4.  Такмили саволҳои тестии имтиҳонҳои ҷамбастӣ; 7. Навиштани мақолаҳои илмию оммавӣ. Ба ғайр аз нақшаҳои пешбинигардида инчунин аз тарафи  устодони кафедра якчанд китобҳои дарсӣ ва монографияҳои илмӣ низ навишта шуданд. Аз ҷумла : соли 2015 профессор Ҳотамов Н.Б ду китоби фундаменталии таълимиро чоп намуданд, ки  яке аз онҳо китоби нави “Таърихи халқи тоҷик”  бо иловаю тағйиротҳо буда он дар ҳаммуалифи навишта шуда, китоби дуюмашон бошад “История банков и предпринимательства в Средней Азии (60-е годы XIX в. – 1917 г.), соли 2018 монографияи”Свержение эмирского режима в Бухаре”-ро чоп намуданд. Дотсент Базарова С.Ш соли 2012 монография бо номи “Инновация образования: национальная политика, её процессы и перспективы модернизации”-ро чоп намуданд. Дотсент  Ҳаитов Ф.Қ соли 2014 дар ҳаммуаллифи бо дотсенти Донишкадаи иқтисодӣ ва идоракунии иҷтимоии ш.Воронеж дастури таълимиро бо номи «Сиёсатшиносӣ» бо забони руссӣ, соли 2015 монографияи “Социокультурные особенности проявления миграционных процессов в Таджикистане (социально-философский анализ)” ва соли 2018 дар ҳаммуалифӣ бо ассистент Ғуломова М.С монографияи “Отчуждения молодёжи в контексте глобализационных процессов современности” – ро навишта чоп намуданд.