logo
  • 139
  • 04.03.2020
  • Комментарии к записи Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ отключены

Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Ҳайдаров Авсамад Алифбековичмудири кафедраи забонҳои  тоҷикӣ ва русии факултети  гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои таълимии№ 2, утоқи №39.

Тел.: 919997527      

Почтаӣ элекронӣ: avsamad@bk.ru

Маълумоти мухтасар дар бораи кафедра

Т А Ъ Р И Х   В А   Ф А Ъ О Л И Я Т И  И М Р Ӯ З А И    К А Ф Е Д Р А

       Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар асоси  кафедраи фарҳангшиносӣ ва забонҳо, ки  яке аз нахустин ва бонуфузтарин кафедраҳои донишкада маҳсуб мегардид,   соли ҷорӣ, яъне соли 2020 таъсис дода шудааст.

       Айни замон дар кафедра  21 нафар устоди доимӣ: 4 нафар доктори илм:  2 нафар доктори илмҳои  филологӣ, 2  нафар доктори илмҳои педагогӣ,   4  нафар номзадҳои илми филология,  (аз ҷумла 2 нафар дотсент), 6 нафар устоди калон ва 6 ассистент иҷроивазифа менамоянд.

       Хулоса, дар кафедра кулли устодон ба кори таълифу омўзиш, пажўҳиш машѓул ҳастанд ва фаъолияти илмӣ — тадқиқотиро ба таълиму тарбия тавъам месозанд.

       Аз рўзи таъсиси кафедра дар назди ҳайати устодони он вазифа ва мақсадҳои наҷибу бузург истода буд. Самтҳои асосии кор бо устодони кафедра дар се ҷабҳа қарордорад:

       Таълиму тарбияи донишҷӯён-чун ҷавҳари асосии пешрафти ҷомеа.

       Доир ба ихтисосҳои мухталифи гурўҳҳо таълиф намудани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, методӣ ва маводҳои ёрирасони тадрис.

       Аъзоёни кафедра зимни таълиму тарбия ва гузориши чорабиниҳои тарбиявӣ – маърифатӣ тахассусии шогирдон – соҳибкорони ояндаро ба инобат мегиранд.

       Кафедра тақозо дорад, ки ҳар як тахассус ҳамаҷониба омўхта, вобаста ба ихтисос ва касбу пешааш таълим дода тамоили шавад ва дар ҳамин замина  маводҳои таълимӣ омода гардад.

Ҳайати устодони кафедра

       Кафедра бо устодони ихтисосманду ботаҷриба таъмин мебошад, ки дар қатори онҳо номзадҳои илм, дотсентон, устодони ҷавон ва аспирантон фаъолият менамоянд:

Ҳайдаров Авсамад Алифбековичмудири кафедраи забонҳои  тоҷикӣ ва русии факултети  гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Тел.: 919997527    

Почтаӣ элекронӣ: avsamad@bk.ru

 

Хоҷаев Қурбон Тоирович — доктори илмҳои педагогӣ, профессори- кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва  русӣ факултети гумрук  ва ҳуқуқи иқтисодӣ.

Тел: 918664708

 

 

Кабиров Хуршед Шаҳбозбекович – доктори илмҳои филологӣ, профессори- кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва  русӣ факултети гумрук  ва ҳуқуқи иқтисодӣ.

Тел.: 985-41-41-81      

Почтаӣ элекронӣ: kabirov.khurshed@bk.ru

 

Рустамова Гуландон Рустамовна — доктори илмҳои филологӣ, профессори

Тел: 907913677

 

 

 

Шомуродзода Хасанҷони Рӯзибобо — доктори илмҳои педагогӣ, профессори

 

 

 

 

Амонова Муслима Нуровна — номзади илмҳои филологи, дотсенти

Почтаи электоронӣ:  Amonova57@mail.ru

 

 

 

 

Наҷмидинова Умринисо Сайдалиевна — номзади илмҳои филология, дотсент

 

 

 

 

Сангинова Рақиба Иномовна — номзади илмҳои филология, дотсент

 

 

 

 

Самадова Зебо Саидовна — дотсенти кафедра, номзади илмҳои филологӣ

Тел.: 904205577

 

 

 

Шокириен Муҳаммадюнус  — устоди калон

Тел: 907881232

 

 

 

Ёрова Зулайхо Хабибулоевна — устоди калон

Тел: 987371881

 

 

 

Файзалиев Бозорқул Абдусамадович — устоди калони кафедра

Тел:919963436

 

 

 

Бобоева Дилором Юсуповна — устоди калони  кафедра

Тел:934558777

 

 

 

Бобоева Дилором Юсуповна — устоди калони  кафедра

Тел:934558777

 

 

 

Дайхудоев Вахдат Умедҷонович — ассистент

Почтаӣ элекронӣ:  bunay1992/@mail.ru

 

 

 

Вохидова Махина Хайдаровна —  ассистент

Тел: 938048024

 

 

 

Кушакова Инобат Абдуҷабборовна —  ассистенти кафедра

Тел: 900222198

 

 

 

Одилова Матлюба Махматкуловна — ассистенти кафедра

 

 

 

 

Ҳусензода Лола — ассистенти кафедра

Тел: 885885949

 

 

 

Халимова Хайринисо Абдумаджидовна — ассистенти кафедра
Почтаи элекронӣ: khairy_85@list.ru

Тел.: 915421904

 

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра

       Мавзӯи  ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТИИ  КАФЕДРА:  Эҳё  намудани  арзишҳои   умумибашарӣ  ва  тафаккури  навини сиёсӣ,  рушди фарҳанги соҳибкории инноватсионӣ  ва  худшиносии миллӣ дар раванди  таълиму  тарбия.

       ПРОБЛЕМАИ   ИЛМӢ —  ТАДҚИҚОТИИ кафедра :  Омӯзиш,  таҳлил  ва тадқиқи  афкори  таълимӣ  ва  тарбиявӣ  дар  асоси мероси фарҳангии  мутафаккирони  олам  барои рушди фарҳанги  соҳибкории  инноватсионӣ.

       Имрӯзҳо  устодони кафедра аз рӯи  масъалаи эҳё  намудани  арзишҳои   умумибашарӣ  ва  тафаккури  навини сиёсӣ,  рушди фарҳанги соҳибкории инноватсионӣ  ва  худшиносии миллӣ дар раванди  таълиму  тарбия кори илмии худро пеш бурда истодаанд.

       Кафедраи забони русӣ баҳри иҷроиши “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” ҳамасола ҳатман як конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ду мизи мудаввар баргузор ва семинарҳои илмӣ-назариявӣ доир намуда, натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодонро дар шакли мавод аз чоп мебарорад.

       Феълан, иқтидори илмӣ-педагогии кафедра ба талаботҳои мактаби олӣ пурра ҷавобгўй буда, имрўзҳо дар кафедра 4 нафар доктори илм профессорон: 2 нафар доктори илмҳои  филологӣ Рустамова Г.Р., 2 нафар доктори илмҳои педагогӣ Шомуродзода Ҳ.Р., дотсентон 4  нафар номзадҳои илми педагогика Ҳайдаров А.А. ва номзадҳои илми филологӣ Самадова З.С., ., 6 нафар устодони калон Абдулхаева М.Х., Бобоева Д.Ю., Файзалиев Б.А., Шарипова Ф.Л., ассистентони ҷавон Кушакова И.А., Ҳусензода Л., Ҳалимова Х.А. ба таври доимӣ кору фаъолият доранд.

         Ҳар яке аз ин устодон нақшаи дурнамо ва ҷории корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар доираи мавзўи илмӣ-тадқиқотии кафедра ба роҳ монда, самтҳои гуногуни онро мавриди омўзишу тадқиқот қарор додаанд. Аз ҷумла, н.и.п., дотсент Ҳайдаров А.А. корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар мавзўи «Эҳё ва бозгӯ намудани арзишҳои маънавии фарҳанги миллӣ» ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, н.и.ф., Самадова З.С. дар мавзўи «Традиции таджикско-персидской назидательной литературы в творчестве русских поэтов и писателей Серебряного века», устоди калони кафедра Абдулхаева М.Х. дар мавзўи «Возникновение и развитие жанра новеллы в русской и таджикской литературах (на примере творчества Александра Грина и Хакима Карима)», устоди калони кафедра Бобоева Д.Ю. дар мавзўи «Влияние  восточной поэзии на поэтическое творчество Сергея Есенина» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пеш бурда истодаанд. Дар ин самт фаъолияти ассистентони ҷавони кафедра низ назаррас буда, онҳо барои мавзӯъҳои зерин: Кушакова И.А. дар мавзўи “Таджикско-узбекские литературные связи на примере контекста творчества С. Айни и Г. Гуляма”, Ҳусензода Л.  дар мавзўи “Таджикско-индийские литературные связы в XIX веке” маводи заруриро гирдоварӣ намуда истода, барои пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотии худ  омода шудаанд.

Семинари илмӣ-назариявӣ ва маҳфили илмии кафедра

Cеминари илмӣ-назариявӣ

        Дар кафедра семинари илмӣ-назариявӣ фаъолият мекунад, ки ҳар моҳ як маротиба баргузор мегардад. Устодони кафедра вобаста ба мавзӯъҳои баҳсталаб маърӯзаҳои худро пешниҳод намуда, дар семинар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Маҳфили илмии кафедра

       Дар кафедра маҳфили илмӣ-адабии “Суханвар” фаъолият дорад, ки дар як моҳ як маротиба баргузор мегардад. Мутасаддии маҳфил устоди калони кафедра-Шокириён М буда, зиёда аз 50 нафар аъзоёни худро аз ихтисосҳои гуногуни донишкада дорад. Аъзоёни маҳфил дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангии сатҳи донишкадавӣ, сатҳи факултет, олимпиадаҳои фаннии донишкадавӣ ва шаҳрию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат мекунанд. То имрӯз аъзоёни маҳфил тавонистаанд, ҳатто дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷойи намоёнро ишғол намоянд.

       Илова бар ин, маҳфили “Суханвар” пайваста бо донишҷӯёни соҳибистеъдод ва эҷодкор робита дошта, онҳоро дар озмунҳои мухталиф ҷалб мекунад.

Дастовардҳои илмӣ-методии кафедра

Ф А Ъ О Л И Я Т И   И Л М Ӣ – М Е Т О Д Ӣ

       Дар солҳои охир устодони кафедра дар ҷодаи корҳои илмӣ-методӣ корҳои бисёреро ба анҷом расонидаанд, ки натиҷаҳои онҳо дар шакли китобҳои дарсӣ, монографияҳо, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ чоп шудаанд.

       Боиси ифтихори кафедра аст, ки дар тўли фаъолият устодони кафедра бахшида ба самти ихтисосҳои  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат монографияҳо, китобњои дарсї ва маводњои таълимии худро нашр намуданд, ки дигар муассисаҳои олии касбӣ низ вобаста ба самти тахассусашон метавонанд аз онҳо истифода кунанд:

  1. Кабиров Х.Ш. «Дастури иншонигорӣ» (для абитуриентов Вуза,  2008).
  2. Научное пособие «Забони тоҷикӣ» (для экономических специальностей), 2016.
  3. «Марвориде дар уқёнуси бекарон” (2017)
  4. “Султони мулки сухан” (2011)
  5. “Вижагиҳои хоси забони шеъри Мавлоно Ҷаллолидини Румӣ” (монография).
  6. «Этнолингвистическое исследование бытовой лексики языка таджиков Китая». (монография) 2016.
  7. Амонова М.Н. Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ-методӣ). Душанбе-2017.
  8. Амонова М.Н. Аҳмияти тарбиявии “Фардиёт”-и Саъдии Шерозӣ. Душанбе-2018
  9. Амонова М.Н. Забон ва услуби “Сафарнома”-и Носири Хусрав. Душанбе-2016.
  10. Шокириён М., Ализода С. Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ-методӣ). Душанбе-2016
  11. Ёрова З.Ҳ. Забони тоҷикӣ (китоби дарсӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ). Душанбе-2019.
  12. Наҷмиддинова У.С., Шокириён М. Баъзе усулҳои таълими асарҳои бадеӣ дар мактабҳои олӣ (дастури таълимӣ). Душанбе-2020.
  13. Наҷмиддинова У.С., Махсусияти жанрӣ дар гуфторҳои радио (монография). Душанбе-2019.
  14. Наҷмиддинова У.С. Уфуқҳои жанрӣ дар радиои “Фарҳанг”. Душанбе-2020.

       Кафедра дар доираи ҳамкориҳои судманд ва мубодилаи таҷрибаи корҳои илми тадқиқотӣ  бо дигар кафедраҳои муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ, аз қабили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ муносибатҳои робитаҳои пайвастаи илмиро ба роҳ мондааст.


Сӯҳбат пӯшида аст.