logo
  • 262
  • 04.03.2020
  • Комментарии к записи Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит отключены

Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит

Мудири кафедра: Каримов Баҳодур Ҳасанович — номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5,
Тел.: (+992 37) 234-88-00
Почтаи электронӣ: bahodurkarim@mail.ru

 

 

 

Маълумоти мухтасар дар бораи кафедра

       Ҳадафи асосии кафедра баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлили иқтисодӣ ва аудит барои фаъолият намудан дар корхонаҳои тиҷоратӣ, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ва муассисаҳои давлатӣ мебошад.

       Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар соли 1996 ташкил шудааст. Алҳол хатмкунандагони кафедра дар хадамоти бухгалтерӣ ва таҳлилии корхонаву ташкилотҳо, ташкилотҳои аудиторӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ кор мекунанд. Фаъолияти касбии хатмкунандагони кафедра ба хизматрасонии баландсифати баҳисобгирӣ-таҳлилӣ ва аудитории субъектҳои хоҷагидории ҳама шаклҳои моликият нигаронида шудааст.

      Кафедра омодакунии бакалаврҳо ва магистрҳоро бо ихтисосҳои 1-25010800 “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит”, 1-25010801 “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо”, 1-25010805 “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат” ба ҷо меорад.

      Барномаҳои таълимии омодасозии кормандон бо тахассусҳои кафедра ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки донишҳои васеи иқтисодиро оид ба бунёдшавӣ ва таҳлили ахбори барои ҳамагуна субъектҳои хоҷагидорӣ заруриро оид ба дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя, ҳаракати воситаҳои пулӣ, даромадҳо ва хароҷот, натиҷаҳои молиявии фаъолияти корхонаро аз худ намоянд. Барномаҳои таълимӣ ба омодасозии роҳбарон ва мутахассисони соҳибкасби соҳаи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлили иқтисодии амалӣ ва аудит барои кор дар корхонаҳои шаклҳои гуногуни моликият ва сатҳҳои гуногун, дар ташкилотҳои машваратӣ ва аудиторӣ, бонкҳо, ширкатҳои сармоягузорӣ ва суғурта, муассисаҳои буҷетӣ нигаронида шудаанд.

Муҳлати меъёрии азхудкунии барномаҳои бакалаврӣ бо шакли таҳсили рӯзона – 4 сол, бо шакли таҳсили фосилавӣ (ғоибона) – 4 сол.

Муҳлати меъёрии азхудкунии барномаҳои магистрӣ бо шакли таҳсили рӯзона – 2 сол.

       Дар давоми муҳлати амали худ кафедра зиёда аз 1840 мутахассисони баландихтисосро баровардааст, ки фаъолияти касбиро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда истодаанд. Кафедра бо мақсади рушди илм ва фаъолияти таълимӣ корҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-методиро бо самтҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит иҷро менамояд.

      Дар назди кафедра ду синфхонаи компютерии бо воситаҳои техникӣ ва барномавии муосири коркарди ахбори баҳисобгирӣ ҷиҳозонидашуда амал мекунанд. Дар ҳама компютерҳои ин синфхонаҳо дастаҳои барномаҳои компютерии литзензиявии 1С: бухгалтерия Тоҷикистон насб карда шудаанд.

Ихтисосҳои кафедра

       Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро омода менамояд:

1-25010800 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (дараҷаи бакалавр,  магистр ва доктор PhD). Хатмкунандагони  ихтисоси мазкур метавонад дар тамоми корхонаҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ, корхона ва муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва машваратӣ дар вазифаҳои муҳосиб, аудитор, таҳлилчӣ, роҳбар фаъолият намоянд.

1-25010801 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо (дараҷаи бакалавр ва магистр). Хатмкунандагони  ихтисоси мазкур метавонад дар тамоми корхонаҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ, корхона ва муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва машваратӣ дар вазифаҳои муҳосиб, аудитор, таҳлилчӣ, роҳбар фаъолият намоянд.

1-25010805 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат (дараҷаи бакалавр ва магистр). Хатмкунандагони  ихтисоси мазкур метавонад дар тамоми корхонаҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ, корхона ва муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва машваратӣ дар вазифаҳои муҳосиб, аудитор, таҳлилчӣ, роҳбар фаъолият намоянд.

Ҳайати устодони кафедра

       Айни замон дар кафедра 13 нафар кормандони илмӣ-омӯзгорӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 3 нафар номзадҳои илмҳои иқтисодӣ, дотсентҳо, 3 нафар муаллими калони кафедра ва 6 нафар ассистентон мебошанд: Каримов Б.Ҳ., Расулов Т.М., Раҳимов С.Х., муаллимони калони кафедра: Курбанова С.М., Одинаев Б.Ҳ., Рустамов Р.У. ва ассистентон: Каримиён М.Б., Баҳронов Ш.Ю., Маҳмадова М., Ѓуломова З.З., Каримов Н.С. ва Абдураҳомонов С.. Устодони кафедра номгӯйи зиёди китобҳои дарсӣ ва васоити таълимиро аз фанҳои баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ, баҳисобгирии муҳосибии идоракунӣ, баҳисобгирии андоз, СБҲМ тибқи стандартҳои давлатии таълимӣ ба нашр расонидаанд. Нашрияҳои таълимии мазкур дар ҳама мактабҳои олии равияи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.

Каримов Баҳодур Ҳасанович 

Мудири кафедра: номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5,
Тел.: (+992 37) 234-88-00
Почтаи электронӣ: bahodurkarim@mail.ru

 

Расулов Туйғун Мирқозиевич
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Почтаи электронӣ:

Тел: 918-90-55- 30

 

Раҳимов Саидалӣ Холович
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Почтаи электронӣ: saidali-tfi@mail.ru 

Тел: 93 504 17 40

 

Курбанова Сайёра Мадалиевна

Муаллими калони кафедра

Барои тамос:  Суроға:  ш. Душанбе,

н.Фирдавси к.Шараф хонаи №173

Тел.: (+992)93-532-43-92

Почтаи электронӣ: mam-42@mail.ru

Одинаев Баҳриддин Ҳакимович

муаллими калони кафедра

Барои тамос:  Суроға:  ш. Душанбе,

н.Рудаки д.Маърифати , хонаи 231

Тел.: 904212305

Почтаи электронӣ: оdinaеv.bahriddin@mail.ru

Рустамов Раҳим Умаршоевич
муаллими калони кафедра

Тел.:  (+992) 985-396-888

Почтаи электронӣ: rustamovtj@mail.ru

 

 

Баҳронов Шарифҷон Юсуфхонович
ассистенти кафедра

Почтаи электронӣ: sharifbahron@mail.ru

 

 

Гуломова Зевар Зафархочаевна

Ассистенти кафедра

Барои тамос:  Суроға:  ш. Душанбе,

н.Фирдавси к.Н.Карабоев 80/3, утоқи  15

Тел.:888852633

Почтаи электронӣ: zevargulomova@mail.ru

Каримов Нурулло Сафарбекович
ассистенти кафедра

Почтаи электронӣ: nurullokarimov@mail.ru

 

 

Каримиён Мадинаи Баҳодур
ассистенти кафедра

Тел: 550055430
Почтаи электронӣ: madinakarimiyon@mail.ru

 

Оқилов Фаридун Муҳаммадович

Барои тамос: 

Суроға:  ш. Душанбе,

н. Шоҳмансуро кучаи Ховарон минтақаи-3

Тел.: 918-68-19-91

Почтаи электронӣ:

Маҳмадова Марзия Шарофитдиновна

Барои тамос:  Суроға:  ш. Душанбе,

н.Фирдавси к.Борбад 122/0, утоқи  39

Тел.: 939706454

Почтаи электронӣ: marziya.mahmadova@mail.ru

 

Абдураҳмонов Сафаралӣ Фатоҳович

Барои тамос: 

Суроға:  ш. Душанбе, н. Сино кучаи Борбад 79 кв.41

Тел.: 989-11-17-29

Почтаи электронӣ:

 

 

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра

РАВИЯИ КОРИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТИИ  КАФЕДРА: «Проблемаҳои асосии инкишофи назария, методология ва ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва омор дар шароити иқтисодиёти инноватсионӣ»

ПРОБЛЕМАИ КОРИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТИИ КАФЕДРА: «Ислоҳоти низоми баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароитҳои ҷаҳонишавӣ ва иқтисодиёти инноватсионӣ»

РОҲБАРИ ИЛМӢ: н.и.и., дотсент Каримов Б.Ҳ.

МАВЗӮҲОИ КОРИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ УСТОДОНИ КАФЕДРА:

Семинари илмӣ-назариявӣ ва маҳфили илмии кафедра
Маълумот вуҷуд надорад!!!
Дастовардҳои илмӣ-методии кафедра

Корҳои илмӣ-методии кафедра

Дастовардҳои илмӣ-методии кафедра