Исмоилов Абдураҳим Аҳматович – мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои таълимии№ 2, утоқи №40. Тел: 907755655 Почтаи элекронӣ: a_ismoilov@mail.ru |
Кафедраи хизматрасонии бонкӣ дар асоси қарори Шўрои олимони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, суратмаҷлиси 11/3.4 аз 23 июни соли 2010 таъсисёфта, аз 1 сентябри соли 2010 ба фаъолият оѓоз намудааст. Бо қарори Шўрои олимон соли 2020 кафедра Фаъолияти бонкӣ номгузорӣ шудааст.
Кафедраи фаъолияти бонкӣ мутахассисони маълумоти олидорро барои ташкилотҳои қарзӣ аз рўи ихтисоси 1-25010402 — «Кори бонкӣ» дар ду зинаи таҳсилоти олӣ — бакалавр ва магистр омода менамояд. Дар тўли 10 соли фаъолияти кафедраи фаъолияти бонкӣ ихтисоси “Кори бонкӣ»-ро зиёда аз 560 нафар хатм намудаанд.
Хатмкунандагони ихтисоси 1-25010402 — “Кори бонкӣ” дар муассисаҳои низоми бонкӣ, ташкилотҳои хурди қарзӣ, дар раёсатҳои молия ва амалиёти асъорӣ-қарзӣ, идораҳои амалиёт бо коѓазҳои қиматноки бонкҳои тиҷоратию давлатӣ кору фаъолият карда метавонанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳайати кории бисёре аз ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро хатмкуна-ндагони кафедра ташкил мекунанд.
Раванди таълим дар кафедра дар асоси хусусиятҳои бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва суғуртавӣ, сегментҳои он бо назардошти талаботи муносибатҳои бозорӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон устодони кафедра аз рӯи зиёда 20 фанни таълимӣ дарс мегузаронанд, ки ҳамаи онҳо бо силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, матни лексияҳо ва васоитҳои айёнӣ таъмин мебошанд. Дар баробари ин, маводҳои зарурии таълимӣ вобаста ба талаботи замон пайваста мавриди таҷдид қарор мегиранд.
Фанҳое, ки аз тарафи устодони кафедра дарс дода мешаванд, ҳамчун ҷузъи ҳатмии стандарти давлатии таълим дар макотиби олӣ баромад мекунанд. Ҳамзамон ин фанҳо барои омодакунии мутахассисони дипломдори тахассусҳои гуногун, аз он ҷумла мутахассисони соҳаи бонкдорӣ мутобиқат карда, ба талаботҳои муосири макотиби олӣ ҷавобгӯй мебошанд.
Дар солҳои гуногун фаъолияти кафедраро олимони намоёни ҷумҳурӣ, аз ҷумла, н.и.и., дотсент Назриев М.Ф. (с.2010-2014), н.и.и., дотсент Ҷўраев Б.М. (с.2014-2016), н.и.и., дотсент Раҳимов Ҷ.О. (с.2015-2018) роҳбарӣ намудаанд. Аз 15 октябри с.2018 роҳбарии кафедра ба зиммаи дотсент Исмоилов А.А. вогузошта шуда-аст.
Кафедраи фаъолияти бонкӣ барои дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ тамоми чораҳоро андешида исто-дааст. Аз ҷиҳати ҳайати кадрӣ ва таъминоти моддӣ-техникӣ кафедра хуб таъмин мебошад. Дар назди кафедра 4 синфхонаи методӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо бо тахтаҳои электронӣ, аёни-ятҳо ва проектор муҷаҳҳаз мебошанд.
Кафедраи фаъолияти бонкӣ робитаҳои судмандро бо ташкилотҳои қарзии ватанӣ ба роҳ мондааст, ки ин ба талаботҳои Стандарти давлатии таълим нисбати сифат ва сатҳи омодакунии мутахассисон ҷавобгӯй мебошад. Ҳамкориҳои судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон, марказҳои таълимии ташкилотҳои қарзӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ ба роҳ монда шудаанд.
Исмоилов Абдураҳим Аҳматович – мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои таълимии№ 2, утоқи №40. Тел: 907755655 Почтаи элекронӣ: a_ismoilov@mail.ru |
Қодиров Акбар — дотсенти кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ.
Тел: 918515276 Почтаи элекронӣ: akbar99.16@mail.ru |
Маҳмудов Ҷонибек — устоди калон
Тел: 935803110 Почтаи элекронӣ: Jonibek-mahmud@mail.ru |
Файзов Назрулло — устоди калон
Тел: 900 Почтаи элекронӣ: nazrullo.faizov.89@mail.ru |
Забирзода Фарзонаи Тоҳир —ассистенти кафедра
Тел: 900 Почтаи элекронӣ: Farzona.2050@mail.ru |
Маматкулов Муҳамадризо —ассистенти кафедра
Тел: 900 Почтаи элекронӣ: rizo@mail.ru |
Маматкулова Шаҳноза — ходимаи кафедра
Тел: 988887902 Почтаи элекронӣ: |
Исупов Алишер Қурбоналиевич —ассистенти кафедра
Тел: 934262698 Почтаи элекронӣ: |
Аҳмади Зоҳидҷон — ассистенти кафедра
Тел: 553050557 Почтаи элекронӣ: |
Мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедраи Фаъолияти бонкӣ дар доираи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 «Инкишофи низоми бонкӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ дар соҳаи саноат» ба ҳисоб меравад, ки ҳамаи устодони кафедра дар атрофи ин мавзӯъ корҳои илмӣ–тадқиқотии худро ба роҳ мондаанд.
Айни замон устодони кафедра доир ба масъалаҳои таҳ-лили бозори хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани са-маранокии сармоягузориҳо, бозоргирии бонкӣ, муаммоҳои устувории низоми бонкӣ, механизмҳои батанзимдарории давлатӣ ва назорати давлатӣ аз болои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ кори илмӣ бурда истодаанд.
Кафедраи Фаъолияти бонкӣ баҳри иҷроиши “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” ҳамасола ҳатман як конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва ду мизи мудаввар баргузор намуда, натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодонро дар шакли мавод аз чоп мебарорад.
Натиҷаҳои тадқиқоти илмии устодо-ни кафедра дар бисёр конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бар-расӣ шуда, дар шакли мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва монографияҳои илмӣ нашр мегарданд. Айни замон иқтидори илмӣ-педагогии кафедра ба талаботҳои мактаби олӣ пурра ҷавобгўй буда, имрўзҳо дар кафедра 2 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсентон Исмоилов А.А. ва Қодиров А.В., 2 нафар устодони калон Маҳмудов Ҷ.Б. ва Файзов Н.З., ассистентони ҷавон Забирзода Ф., Саидова М., Маматқулов М.А. ба таври до-имӣ кору фаъолият доранд. Ҳар яке аз ин устодон фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро дар до-ираи мавзўи илмӣ-тадқиқотии кафедра ба роҳ монда, самтҳои гуногуни онро мавриди омў-зишу тадқиқот қарор додаанд. Аз ҷумла, н.и.и., дотсент Исмоилов А.А. корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар мав-зўи «Самтҳои стратегии таъмини бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир (назария, ме-тодология, амалия)» ба роҳ мондааст, ки дар доираи он масъалаҳои таъмини бехатарии низоми бонкӣ ва сохтори молиявии мамлакат бевосита баррасӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин, н.и.и. Раҳимов Ҷ.О. дар мавзўи “Мав-қеи қарзҳои бонкӣ дар ташаккулёбии корхонаҳои хурди инноватсионӣ дар соҳаи саноат”, н.и.и., Қодиров А.В. дар мавзўи “Роҳҳои мукаммал-гардонии рушди инноватсионӣ дар соҳаи бонкӣ”, устоди калон Маҳмудов Ҷ.Б. дар мавзўи “Мукаммалгардонии механизмҳои қарздиҳии бонкӣ ба соҳибкории хурду миёна”, устоди калон Файзов Н.З. дар мавзўи “Татбиқи инноватсияҳо дар рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ” корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пеш бурда истодаанд. Дар ин самт фаъолияти ассис-тентони ҷавони кафедра низ назаррас буда, онҳо аллакай барои пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ омода шудаанд.
Кафедраи Фаъолияти бонкӣ, ҳамчун яке аз кафедраҳои пешбари Донишкадаи со-ҳибкорӣ ва хизмат дар самти таъмини раванди дурусти таълиму тарбия саҳми фаъол дошта, дар ҳамешагӣ бобати ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан талош меварзад. Донишҷӯёни ихтисоси “Кори бонкӣ” дар ҷодаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ худро фаъол нишон дода, доимо дар чорабиниҳои илмии донишкадавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Фаъолияти илмии донишҷўён пеш аз ҳама аз иҷрои корҳои мустақилона, корҳои курсӣ ва кори тахассусии хатм иборат мебошад. Дар давоми таҳсил донишҷўёни ихтисоси “Кори бонкӣ” аз якчанд фанҳои тахассусӣ кори курсӣ супорида, бо тайёр ва ҳимоя наму-дани кори хатм донишкадаро хатм менамоянд. Барои пешбурди фаъолияти илмии донишҷўён дар китобхонаи илмии донишкада тамоми адабиётҳои зарурӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) мавҷуд аст. Ҳамчунин доир ба ин масъала аз тарафи устодони кафедра дар ҳолатҳои зарурӣ дар китобхонаи илмии донишкада барои донишҷўён машваратҳо ташкил карда мешаванд.
Дар назди кафедра маҳфили илмии до-нишҷӯён бо номи «Бонкдори ҷавон» фаъолият менамояд, ки 20 аъзои доимиро аз ҳисоби до-нишҷӯёни ихтисоси “Кори бонкӣ” ва донишҷӯ-ёни фаъоли дигар ихтисосҳои донишкадаро ба ҳам ҷамъ намудааст. Дар кафедра гӯшаи «Бонк-дори ҷавон» ташкил карда шудааст. Ҷаласаҳои маҳфили илмии донишҷӯён дар рӯзҳои панҷ-шанбеи охири ҳар моҳ гузаронда мешавад. Аъ-зоёни маҳфил донишҷӯёни лаёқатманд буда, до-ир ба мавзӯъҳои мубрами рӯз маърӯзаҳо меку-нанд.
Фаъолони маҳфили мазкур ҳамасола дар озмунҳоии фаннӣ аз фанни “Фаъолияти бонкӣ”, конфронсҳои илмӣ-назариявии донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Инчунин, аъзоёни маҳфил дар чорабиниҳои ҳафтаи кафедраи хизматрасонии бонкӣ дар китобхонаи илмии донишкада иштироки фаъол доранд.
Хатмкунандагони зинаи бакалавр ва магистр дар доираи рисолаи тахассусии хатм корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд. Ху-сусан, магистрантҳо аз рӯи натиҷаҳои тад-қиқотии худ дар конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳо (на кам аз 2 ма-қола) баромад менамоянд.
Умуман машѓул шудан бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз давраи донишҷўӣ барои ҳар як мутахассиси оянда гарави пешравӣ ва муваффақиятҳо дар фаъолияти ояндаи касбӣ мебошад.
Дар солҳои охир устодони кафедра дар ҷодаи корҳои илмӣ-методӣ корҳои бисёреро ба анҷом расонидаанд, ки натиҷаҳои онҳо дар шакли китобҳои дарсӣ, монографияҳо, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ чоп шудаанд.
Боиси фахри кафедра аст, ки дар тўли фаъолияти начандон калон устодони кафедра тавонистанд, ки донишҷўёни ихтисоси 250104.02 – Кори бонкиро бо китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимии нашри худӣ таъмин намоянд. Айни замон китобҳои дарсие, ки аз тарафи устодони кафедра ба чоп расонида шудаанд, дар аксарияти макотиби олии ҷумҳурӣ ба ҳайси китоби дарсӣ истифода мешаванд:
Солҳои охир аз тарафи устодони кафедра чунин корҳои илмӣ-методӣ ба чоп расонида шудаанд:
Кафедра дар доираи ҳамкориҳои судманд ва мубодилаи таҷрибаи корҳои илми тадқи-қоти бо дигар макотиби олии ҷумҳурӣ ва бе-рун аз он, аз қабили Донишгоҳи миллии То-ҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқ-тисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ муно-сибатҳои хуби кориашро ба роҳ мондааст.