logo

Кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ

Нодиров Фозилбек Мирзошарифович — Мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ

номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент

Суроға: 734061, ш.Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 2, утоқи 11.

Тел: (+992) 934017817

Почтаи элекронӣ: fnodirov@list.ru

Маълумоти мухтасар дар бораи кафедра

       Кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ дар омода намудани мутахассисони ҷавон аз рўи ду ихтисос 1-96010101-таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ ва 1-96020202-таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ саҳмгузор мебошад. Роҳбарии кафедраро н.и.ҳ.,дотсент Нодиров Ф.М. ба уҳда дорад.

       Кафедра аз соли 2005 фаъолият карда истодааст. То имрўз якчанд маротиба номи кафедра иваз карда шудааст. Аз ибтидо, яъне соли 2005-ум кафедра бо номи гумрук ва андозбандӣ фаъолият менамуд, баъдан солҳои 2007, 2010 ва 2017 бо

қарори Шўрои олимони донишкада номи кафедара ба кафедраи гумрук ва ҳуқуқ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук ва гумрук ва муқовимат бо коррупсия иваз карда шуд. Дар кафедра аз рўи зиёда аз 42 — номгўи фанҳо дарс дода мешавад. Кафедра чуноне дар боло зикр шуд мутахассисонро аз рўи ду ихтисос тайёр менамояд. Дар кафедра ҳамаи шароитҳо барои тайёр кардани мутахасиссони баландихтисос муҳайё карда шудааст.  Дар назди кафедра лабараторияи гумрукӣ фаъолият дорад, ки барои ҳарчӣ хубтару беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим ва баланд бардоштани сифати дониши гумрукии донишҷўён мусоидат мекунад, бештари дарсҳои амалӣ дар лаборатория гузаронида мешаванд, ки дар он шароитҳои зарурӣ барои тайёр намудани мутахссисони баландихтисос дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муҳайё мебошанд. Дарсҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ мегузаранд.

  1. Ихтисосҳои кафедра (1-96010101 – таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ ва 96010102 таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ

       Кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ аз рўи ихтисосҳои зерин мутахассисонро омода менамояд:

1-96010101 – ТАЪМИНОТИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКИ

       Мувофиқи ин  ихтисос мутахассисон барои кору фаъолият дар бахши танзими ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ тайёр карда мешаванд. Онҳо ҷабҳаҳои ҳуқуқии фаъолияти гумрукиро аз бар намуда, ҳамчун ҳуқуқшинос дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ифои вазифа хоҳанд кард, ҳамчунин мутахассисони ин бахш кору фаъолиятро дар самти ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷўйи, таъмини ҳуқуқии гумрукӣ, таъмини амнияти иқтисодии кишвар, таъминоти низоми гумрукӣ, ҳиояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳоказоро аз бар менамоянд.

1-96010102 – ТАЪМИНОТИ ИҚТИСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ

       Мувофиқи ин  ихтисос мутахассисони фаъолияти гумрукӣ дар бахши танзими иқтисодии фаъолияти гумрукӣ тайёр карда мешаванд. Онҳо ҷабҳаҳои иқтисоди фаъолияти гумрукиро аз бар намуда, ҳамчун мутахассиси фаъолияти гумрукӣ дар самтҳои иктисодии фаъолияти гумрукӣ тайёр карда мешаванд.

Ҳайати устодони кафедра

       Кафедра бо устодони баландихтисосу ботаҷриба таъмин мебошад, ки дар қатори онҳо докторони илм, профессорон, номзадҳои илм, дотсентон, устодони ҷавон ва аспирантон фаъолият менамоянд:

Нодиров Фозилбек Мирзошарифович — номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5  бинои 2, утоқи 11.
Тел: (+992) 934017817
Почтаи элекронӣ: fnodirov@list.ru

 

 

 


Искандаров Зайниддин Ҳамидович — доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5  бинои 2.
Тел: (+992)
Почтаи элекронӣ: ziskan@mail.ru

 

 


Сафаров Иномҷон Давронҷонович — номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5  бинои 2.
Тел: (+992)
Почтаи элекронӣ: KafedraiGumrukDSH@mail.ru

 

 


Орипов Амитабх Султонович — устоди калон
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5  бинои 2.
Тел: (+992)
Почтаи элекронӣ: amit-1988@mail.ru

 

 

 


Шоҳназари Ҳуҷаназари Ғуломзода — устоди калон
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5  бинои 2.
Тел: (+992)
Почтаи элекронӣ: tojikzoda88@bk.ru

 

 


Ҳакимов Каримҷон Савзаалиевич — ассистент
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5  бинои 2.
Тел: (+992)
Почтаи элекронӣ: gumruk-1990@mail.ru

 

 

 


Дилшодзода Фарангис — ассистент
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5  бинои 2.
Тел: (+992)
Почтаи элекронӣ: KafedraiGumrukDSH@mail.ru

 

 

 

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра

       Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ таҳти  мавзӯи умумии «Инкишоф ва тараққиёти фаъолияти гумрукӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад.

 

 

 

 

       Корҳои  илмӣ-тадқиқотии устодон ба самти мавзъӯи илмии кафедра мувофиқ карда шудааст. Аз ҷумла, масъалаҳои назариявӣ ва амалии шартномаҳои бахши фаъолияти гумрукӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, рушд ва тараққиёти фаъолияти гумрукӣ воситаи таъмин намудани бехатарии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъминоти рушди фаъолияти соҳибкорӣ — самти асосии фаъолияти гумрукӣ, рушд ва такомули фаъолияти гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, тазим  ва ташкили идоракунии фаъолияти гумрукӣ, назария ва амалияи он ва ғайраро дар бар мегиранд.

       Кафедра ба корҳои илмӣ — тадқиқотии муҳақиқони соҳа аз дигар донишкада ва донишгоҳҳо, тавсияҳо ва тақризҳо медиҳад.

       Фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмӣ–тадқиқотии кафедра дар ду самт ба амал бароварда мешавад:

  1. Таълим ва тадқиқоти илмӣ аз рӯи фанҳои ихтисоси фаъолияти иқтисодии гумрукӣ;
  2. Таълим ва тадқиқоти илмӣ дар доираи фанҳои ихтисоси фаъолияти ҳуқуқии гумрукӣ.

       Чорабиниҳои илмии баргузоршудаи кафедра дар соли хониши 2019

       Бо ташаббуси кафедра дар соли таҳсилоти 2018 ва 2019 чунин чорабиниҳо гузаронида шуд:

  1. 25 майи соли 2018 Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  2. 12 ноябри соли 2018 Конференсияи донишкадавӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзӯи: «Президент-симои устуворгардонии давлатдории миллӣ»;
  3. 23 январи соли 2018 мизи мудаввар бахшида ба 26-умин солгарди таҷлили рӯзи таъсисёбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Нақши мақомоти гумрук дар таъмин намудани амнияти иқтисодии кишвар»;
  4. 28 апрели соли 2018 мизи мудаввар дар мавзӯи: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм»;

5.14 майи соли 2018 мизи мудаввар дар мавзӯи: «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»; «Мубориза бо экстремизм, терроризм ва коррупсия»;

  1. 5 ноябри соли 2018 мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ ва маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 24-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Конститутсия-бахтномаи миллат»;
  2. 8 декабри соли 2018 семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи: «Коррупсия-монеаи рушди босуботи кишвар»;
  3. 26 январи соли 2019 мизи мудаввар бахшида ба ҷашни таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Пешгирии коррупсия омили муҳими таъмин намудани рушди устувор ва таъмин намудани бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

9.  16 феврали соли 2019 мизи мудаввар бахшида ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Нақши Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Семинари илмӣ-назариявӣ ва маҳфили илмии кафедра

       Ҳамкориҳои берунаи кафедра:

       Кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ бо донишгоҳу донишкадаҳо, кафедраҳо ва марказаҳои илмӣ-тадқиқотии ватанию хориҷӣ ҳамкорихои густарда дорад. Ҳамкориҳои кафедра бо Донишкадаи такмили ихтиссоси Хадамоти гумрукӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва худи Хадамоти гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита сурат мегиранд.

       Корҳои илмии кафедра дар ин донишкада ба таври васеъ истифода бурда мешаванд ва    кафедра баъзе аз тадқиқотҳои илмии худро дар ин донишкада мегузаронад.

       Инчунин ҳамкории кафедра бо кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва логистикаи Донишкадаи молия ва  иқтисодии Тоҷикистон пайваста сурат мегирад.

 

       Маҳфили илмии кафедра

       Дар кафедраи чорабиниҳои илмӣ ба монанди конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, мизҳои муддавар, семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-методӣ гузаронида мешаванд. Ҳар сол семинарҳои илми назариявии ҷумҳуриявӣ бо иштироки кормандони мақомоти гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷўён бо номи маҳфил «Гумрукчиёни ҷавон» амал мекунад, ки дар он донишҷўёни ихтисоси фаъолияти гумрукӣ тадқиқотҳои хурди илмӣ гўзаронида доир ба онҳо бо маърўзаҳои илмӣ баромад менамоянд.

       Маҳфили илмии дотсенти кафедра Сафаров И.Д., бо номи “Минбари ҳуқуқшинос” дар назди кафедра фаъолият менамояд, ки дар он масъалаҳои муҳими илми ҳуқуқшиносӣ мавриди баҳсу муколамаи иштирокчиён қарор дода мешаванд.

       Инчунин чорабиниҳои дигари илмӣ ба монанди викторина озмўни  илмӣ- таълимӣ ва Олимпиадаи фаннӣ байни донишҷўён мувофиқи нақша гузаронида мешавад.

Дастовардҳои илмӣ-методии кафедра

       Дар ду соли охир кафедра ба чунин дастовардҳои илмӣ-методӣ ноил гардидааст:
1. Нодиров Ф.М., Холиқова М.Ғ. Ҳуқуқ. Васоити ёрирасони санҷишӣ-тестӣ. Душанбе: «Эр-граф». 2018. 152с.
2. Нодиров Ф.М., Ғайратов Т.М. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ. Васоити таълимӣ. Душанбе: «Эр-граф». 2018. 22ос.
3.Сафаров И.Д. Монография  Низоми ҳуқуқии давлати Сомониён (асри IX-X). Душанбе: Ирфон -2018. 120с.
4.Нидоев П.Ф. Хадамоти гумрукӣ ва ниҳодҳои давлатӣ. Васоити таълимӣ. Душанбе: Ирфон -2018.
5.Нидоев П.Ф. Монография Рушд ва такомули фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2018с
6.Нодиров Ф.М. Ҳуқуқ. Китоби дарсӣ. Душанбе: «Эр-граф». 2019. 643с.
7.Нодиров Ф.М. Ҳуқуқи соҳибкорӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе: «Эр-граф». 2019. 483с.
6.Орипов А.С. Асосҳои фаъолияти гумрукӣ. Васоити таълимӣ. Душанбе: Ирфон -2019. 220с.

 

 

 

 

 

 

Навид ва эълонҳои кафедра