logo

Шуъбаи илм ва инноватсия

Сардори шуъбаи илм ва инноватсия – Қаландарова Гулру Сафаровна – номзади илмҳои иқтисодӣ
Суроға734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, утоқи 5.
Тел: (992) 2348803   +(992) 988798899
E-mail: qalandarova.g@mail.ru

 

 


Шуъбаи илм ва инноватсия яке аз сохторҳои асосии қисми илми донишкада буда, мувофиқи супоришҳои қисми илми донишкада роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, фаъолияти инноватсионии устодону омузгорон ва донишҷӯёнро ба роҳ мемонад.

— ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, сурат мегиранд;

— таҳияи лоиҳаи шартномаҳои хоҷагидорӣ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ бо муассиса ва ташкилотҳо;

— тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;

— таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;

— назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии муассиса, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;

— анҷом додани баҳогузории маҷмӯии ҳарсола ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;

— ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;

— ташкили табъу нашри маҷмӯъаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

— ташкили корҳои тадқиқотӣ, патентӣ, литсензионӣ ва иттилоотӣ-маълумотӣ;

— танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;

— омода кардани ҳисоботи илмӣ ва маълумотномаҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи талаботи мақомоти дахлдор;

— дар якҷоягӣ бо маъмурияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мусоидат намудан ба таъсиси заминаи муосири илмӣ ва озмоишӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ аз тарафи ҳайати устодону омӯзгорон, таълимгирандагон ва унвонҷӯён доир ба мавзӯъҳои интихобкардаашон ва ба роҳ мондани намудҳои дигари фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ, ва ғайра мебошад.