logo

ШӮРОИ БОНУВОН

Ширинова Гулбута Сифотовна — Раиси шӯрои бонувони донишкада
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, Бинои 4.
Тел: (+992 37) 234-88-02,   (+992) 934660707
E-mail: Khonum777@mail.ru

 

Шӯрои бонувони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҳамчун созмони ҷамъиятии донишкада дар қатори дигар воҳидҳои таркибӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии амалкунанда дар тарбияи маънавию ахлоқии донишҷӯдухтарон ҳиссагузор буда, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро ба роҳ монда, як қатор чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро ба нақша гирифтааст ва дар баланд бардоштани савияи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи маънавии бонувон нақши назаррас дорад.
Ҳайати кумитаи Шӯрои бонувони донишкадаро 9 нафар бонувони фаъол-устодони пуртаҷриба ташкил медиҳанд, ки намояндагони сохторҳои гуногуни донишкада мебошанд. Ин бонувон бо меҳру муҳаббат ва дили соф ҳамчун устод ва ҳамчун модар ба ҳамкорон ва тарбиятгирандагони худ дар ҳалли масъалаҳои гуногуни ҳаёт кӯмак расонида маслиҳатҳои муфид медиҳанд.