logo

Шӯрои кор бо занон ва духтарон

Ширинова Гулбута Сифотовна — Раиси шӯрои бонувони донишкада
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, Бинои 4.
Тел: (+992 37) 234-88-02,   (+992) 934660707
Почтаи элекронӣ: Khonum777@mail.ru

 

       Шурои кор бо занон ва духтарони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳамчун созмони ҷамъиятӣ дар катори  дигар воҳидҳои таркибӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии амалкунандаи донишкада дар тарбияи  маънавию ахлоқии  бонувону донишҷўдухтарон  ҳиссагузор  мебошад.  Баҳри дар амал татбиқ намудани амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти хешро ба роҳ монда, як қатор чорабиниҳои тарбиявию  маърифатиро ҳамасола ба нақша гирифта, дар баланд бардоштани савияи дониш, ҷаҳонбинӣ  ва тарбияи  маънавии бонувону ҷавондухтарон  нақши назарраси худро мегузорад.

        Дар натиҷаи  пеш   бурдани  корҳои тарғиботии   мақсаднок нисбати ҷалб намудан ва интихоби довталабон ба сафи донишҷўёни донишкада шумораи донишҷўдухтарон пайваста афзуда истодааст, ки  ин боиси  зиёд гардидани шумораи бонувони маълумотнок  хоҳад гардид.

       Ҷалби занон  ва ҷобаҷогузории  кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда  аз ҳисоби бонувон дар донишкада аз он шаҳодат медиҳанд,  ки  “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва “Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати  давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010” дар амал татбиқ  гардида истодааст.

        Шӯрои кор бо занон ва духтарони донишкада ҳамчун созмони ҷамъиятӣ кўшиш ба харҷ медиҳад, ки занону духтаронро дар руҳияи ватандўстӣ,  меҳанпарастӣ, тафаккури миллӣ, худшиносӣ тарбия намояд ва маърифатнокии онҳоро баланд бардошта, онҳоро барои рияои тарзи ҳаёти солим, танзими оилаву оиладорӣ  ва барои ба  камол расонидани  фарзандони солими миллат омода намояд.