logo

Бахши кор бо ҷавонон

Мудири бахши кор бо ҷавонон —  Раҳимов Сулаймон Абдулфатоҳович
Суроға:
  734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, утоқи 7.
Тел.: (+992) 985-32-12-11
Почтаи элекронӣ: sulaymon.rakhimov@bk.ru

 

 

    Мо тараққиёти ҳаматарафаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриро бе

иштироки мутахассисони ҷавон тасаввур намекунем.

   Эмомалӣ Раҳмон   

    ФАЪОЛИЯТИ БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН

       Бахши кор бо ҷавонони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбии донишкада арзи вуҷуд дошта, яке аз воҳидҳои таркибии сохтори донишкада маҳсуб меёбад.

       Бахши кор бо ҷавонони донишкада, пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, хештаншиносӣ, дар равияи ватандўстӣ ва ватанпарастӣ, тарбия намудани насли наврас ва донишҷўёну олимони ҷавони донишкада бо мақсади баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ, ташаккул ва рушд додани санъат ва фарҳангдӯстии ҷавонон, таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву рукнҳои давлатдории навин, баланд бардоштани нерўи зеҳнии онҳо, дастгирию ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои ояндасоз фаъолияти кории худро густариш дода, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон ҳиссаи арзанда мегузорад.

       Бахши кор бо ҷавонон дар худ чор Созмони ҷамъиятии факултетҳои донишкадаро муттаҳид месозад.

ПРИНСИПҲОИ КОРИИ БАХШ

  • худихтиёрӣ ва дарки масъулият;
  • ошкорбаёнӣ дар фаъолият;
  • тақвияти инсондӯстӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ;
  • рушди истеъдодҳои шахсӣ;
  • дасгирии маънавии донишҷӯён;
  • барои дигарон намунаи ибрат будан;
  • аз даст надодани зиракии сиёсӣ.

 

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ БАХШ

  • иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ.
  • таҳсилоти муносиб барои ҷавонон;
  • таъминоти иҷтимоии ҷавонон;
  • таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;
  • мустақилияти иқтисодии ҷавонон;
  • тарбияи ватандӯстии ҷавонон;
  • ахлоқи ҳамида ва фаҳангдӯстии ҷавонон;