_____________________________
Сардори шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5
Тел:
Почтаи элекронӣ:
Фаъолияти шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеаро сардори шуъба идора менамояд, ки бевосита тобеи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ мебошад.
ВАЗИФАҲО ВА УҲДАДОРИҲОИ АСОСИИ ШУЪБАИ
ТАШКИЛӢ-ТАРБИЯВӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА:
— ташкили фаъолияти қисми ташкилию тарбиявӣ ва робита бо ҷомеаи донишкада;
— назорат ба раванди татбиқ нақшаҳои кор, масъалаҳои ташкилӣ, дастурамалҳо ва барномаҳои тарбиявӣ;
— назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои сохтории донишкада оид ба умури тарбия, ташкилӣ, робита бо ҷомеа ва инчунин танзими масоили иҷтимоӣ;
— назорат ва таъмини сиёсати ягонаи пешбурди корҳои ташкилию тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа;
— дигар вазифа ва ўҳдадориҳое, ки дар низомномаи шуъба пешбинӣ шудаанд.
ҲУҚУҚҲОИ САРДОРИ ШУЪБАИ ТАШКИЛӢ-ТАРБИЯВӢ
ВА РОБИТА БО ҶОМЕА:
— аз воҳидҳои сохтории донишкада маълумоти зарурии марбут ба масъалаҳои ташкилию тарбиявӣ ва робита бо ҷомеаро барои истифодаи хизматӣ тибқи тартиби муқарраршуда талаб менамояд;
— вобаста ба таъминоти моддию техникии фаъолияти қисми ташкилию тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа ба ректори донишкада дархост пешниҳод менамояд;
— дар ҷамъомаду семинарҳо ва конфронсу ҷаласаҳои марбут ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият иштирок менамояд;
— оид ба таъинот, интиқол ва аз кор озод намудани кормандони шуъба ба ректори донишкада таклиф пешниҳод менамояд;
— дар бораи ҳавасмандгардонии кормандону донишҷўёни фаъол, инчунин танбеҳи вайронкунандагони тартиботи меҳнатӣ ва раванди тарбия ба ректори донишкада бо пешниҳод муроҷиат менамояд;
— тибқи тартиботи муқарраршуда аз хизматрасонии китобхона ва дигар сохторҳои иҷтимоию маишӣ ва тиббии донишкада истифода мебарад.