logo

ШУЪБАИ ТАЪЛИМ

Қодиров Фазлиддин Садриддинович — сардори шуъбаи таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Суроға:734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5

Тел: (+992 37) 2348802 (+992) 934119642

E-mail: edelvis-07@mail.ru

 


Фаъолияти шуъбаи таълимро сардори шуъба идора менамояд, ки бевосита тобеи муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ мебошад.

ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУЪБАИ ТАЪЛИМ:

Банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим:

*муайян сохтани самтҳои афзалиятноки баландбардории сифати таҳсилот ва такмили ихтисоси кадрҳои донишкада;
*таҳияи лоиҳаи талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ, лоиҳаи нақшаҳои корӣ, намунавӣ ва таҷрибавии таълимӣ, таҳияи барномаҳои таълимии фаннӣ (силлабусҳо, маҷмӯи саволу ҷавобҳои тестӣ (санҷишӣ), саволу ҷавобҳои рейтингӣ);
*ба низом даровардани номгӯи ихтисосҳо тибқи равияи донишкада, таъмин намудан бо маводи таълимӣ, барномаҳо ва назорат намудани иҷроиши онҳо;
*таҳлил намудани таркиби фанҳои таълимӣ, манзур намудани пешниҳодот доир ба ворид кардани таѓйироту иловаҳо ба нақшаҳои таълимии амалкунанда;
*таҳлилу натиҷагирии сатҳи донишазбаркунии донишҷӯён;
*омӯзиш, натиҷагирӣ ва назорати ҷараёни таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, омӯзгорӣ, истеҳсолӣ, пешаздипломии донишҷӯёну магистрантҳо;
*тартиб доданги реҷаи ҷараёни таълим ва ҷадвали дарсҳо;
*таҳлил кардани натиҷаҳои аттестатсияи давлатии ҷамъбастии хатмкунандагон (ҳимояи рисолаҳои тахассусии хатм);
*банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ;
*баҳисобгирии ҳайати омории донишҷӯёни таҳсили рӯзона ва ғоибона;
*таҳияи тавсияҳо доир ба такмилдиҳии раванди таълим.
Баҳисобгирии иҷроиши сарбории таълимии кафедраҳо ва ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ:

*омодасозии пешниҳодот ва лоиҳаи фармонҳо доир ба вобастакунии фанҳо ва сарбориҳои таълимӣ ба кафедраҳои мувофиқи донишкада;
*омодасозии маводҳо доир ба банақшагирӣ ва таҳияи ҷадвали штатии кафедраҳо ва донишкада;
*таҳияи меъёрҳо барои банақшагирии нақшаҳои инфиродии кормандони илмӣ-педагогӣ;
*назорат намудани раванди банақшагирӣ, ҳисобу китоб ва иҷроиши сарбориҳои таълимӣ ва илмӣ-методии устодони донишкада.
Банақшагирии таъминоти моддии раванди таълим:

*таҳлили мавҷудият ва сатҳи таъминоти синфхонаҳо ва лабораторияҳои таълимии донишкада бо маводи техникии таълимӣ;
*таҳлили таъминоти моддӣ-техникии кафедраҳо ва дигар сохторҳои таркибии донишкада;
*вобаста намудани синфхонаҳо ба факултетҳо ва кафедраҳо.

ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ТАЪЛИМ:

Сардори шуъба — Раҳимов Ҷамшед Одинабекович

Мутахассиси омор – Рустамов Раҳим Умаршоевич

Танзимгари ҷадвали дарсӣ — Асатова Давлатой


snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflakeWordpress snowstorm powered by nksnow