logo

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАРВАНДИ ВАТАНИСТ

       29 ноябри  соли равон дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бо иштироки сарнозири Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализода, нозири калони Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Авирзода Мастона Иброҳим вохӯрӣ  доир гардид. Дар ин чорабинӣ устодону донишҷӯён ва кормандони донишкада ширкат варзиданд.

      Вохурии мазкурро муовини ректори донишкада оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсент Ҷабборов Б.Б. ифтитоҳ намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳодисаҳои коррупсионӣ ва муҳтавои он дар донишкада маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла, мавсуф зикр намуданд, ки раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо мақсади татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Нақша — чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, №1504 тасдиқ карда шудааст, «Барномаи зиддикоррупсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2013, №2964 тасдиқ гардидааст, корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст. Бояд ёдрас шуд, ки бо мақсади амалисозии Стратегияи мазкур дар донишкада Нақшаи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2019-2020 тасдиқ гардида, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои донишкада бандҳои мухталифи он давра ба давра иҷро мегарданд, иброз доштанд Ҷабборов Б.Б.

        Дар идомаи вохурӣ  нозири  калони Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Авирзода Мастона Иброим ба сухан баромада, атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», мафҳумҳои асосии марбут ба коррупсия ва муқовимат бо он изҳори андеша намуд. Номбурда қайд кард, ки ҷиҳати ошкорсозӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои ба зуҳуроти коррупсионӣ  мусоидаткунанда, оқибатҳои номатлуби зуҳуроти характери коррупсионидошта пайваста чорабиниҳои судманд аз ҷониби Агентӣ доир карда мешаванд.

       Инчунин,  Авирзода Мастона Иброҳим  иброз дошт, ки омилҳои зиёде вуҷуд доранд, ки боиси надониста даст задан ба ҷиноятҳои  коррупсионӣ мегарданд. Аз ҷумлаи ин омилҳо ин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Ӯ соҳаи маорифро  таҳкурсии муҳташами созандагӣ ва рушду нумӯи ояндаи давлатдорӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҷавонони муҳассил бояд баҳри аз байн бурдани қонуншиканӣ, бартараф  намудани омилҳои таҳкимдиҳандаи даст задан ба ҷиноят, махсусан ба ҷиноятҳои хусусиятҳои коррупсионидошта, дар сафи пеш қарор дошта бошанд.

       Сарнозири Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализода, зимни баромади хеш зикр намуд, ки ҷиҳати амалисозии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри фаъолияти  созандагӣ мо бояд ҳамаи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро барои пешгирӣ намудан ва решакан кардани ҳодисаҳои коррупсионӣ муборизаи беамон барем, ки  ба гирдоби ин “Вабои аср” гирифтор нашавем. Ҳамзамон, ёдрас карда шуд, ки  надонистани ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои қонунӣ дар бештари мавридҳо боиси сар задании ҳолатҳои коррупсионӣ мегарданд, ки он ҳеҷ касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад, бинобар ин мо ҷавонон ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро бояд аз даст надиҳем.

      Сипас, мудири бахши ҳуқуқии донишкада Ойев Холмамад ба сухан баромада, оиди иҷрои бандҳои Нақшаи муқовимат ба коррупсия дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  барои солҳои 2019-2020 маълумот доданд.

       Дар поёни вохурӣ миёни меҳмонон ва устодону донишҷӯён суҳбати хоса сурат гирифт.