logo

ПАРАФШОН БОД ДОИМ ПАРЧАМИ МО!

       22 ноябри соли 2019 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ, бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  зери унвони “ПАРАФШОН БОД ДОИМ ПАРЧАМИ МО!” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур устодон, магистрантон, донишҷӯён, хонандагони литсейи донишкада ва кормандони қисми хоҷагӣ иштирок намуданд.

      Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада Хоркашов Исломбек Сангакович ифтитоҳ намуда, аз номи роҳбарияти донишкада ҳозиринро ба таҷлили “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик намуданд. Мавсуф зимни баромади хеш қайд намуд, ки ҳамасола 24 ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватандуст нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми меҳандусти Тоҷикистони азиз зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона кору фаъолият менамоянд.

       Оини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар мебошад.Парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ идомаи суннати қадимаи парчамдории халқамон ба ҳисоб меравад, иброз доштанд Хоркашов И.С.

      Дар идомаи чорабинии фарҳангӣ дастаи ҳаваскорони донишкада “Соҳибкор” табъи иштирокчиёнро болида гардониданд. Саҳначаи тарбиявии омоданамудаи донишҷӯён низ дар мавзӯи “Эҳтироми муқаддасоти миллӣ” аз ҷониби аҳли толор хуш пазируфта шуд.