logo

ПАРЧАМ- РАМЗИ ИТТИҲОД ВА НУСРАТУ ПИРӮЗӢ

      24 ноябр барои кулли миллати тоҷик рӯзи фаромушнашаванда ва хотирмон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин сана дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

       Агар ба таърих назар афканем мебинем, Парчамҳо таърихи беш аз 3000 сола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд. Дар Авесто дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст. Парчаму дирафш мафҳумҳои асилу қадимаи мардуми тоҷикӣ, байрақ моҳияти туркӣ ва ливою алам бошанд вожаҳои арабӣ мебошанд.

       Дирафши коваёнӣ яке аз ривоятҳои машҳури тоҷик ва тамоми қавмҳои ориённажод аст, ки дар “Шоҳнома” –и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ дароварда шудааст.

       Прачами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд.

       Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг дар алоҳидагӣ маънои мушаххасро ифода менамояд.

       РАНГИ СУРХ – мубориза барои озодӣ, шуҷоат ба мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро ифода мекунад. Ранги сурх ҳаммаънои мисраи зебои Суруди миллӣ: “Зи дурии замонаҳо расидаем” мебошад.

       РАНГИ САФЕД – рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, рамзи хубию хушнудӣ ва ояндаи дурахшони кишварро ифода менамояд. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд.

       РАНГИ САБЗ – рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, сарсабзию хуррамии кишварро тасвир мекунад. Ранги сабз – ранги баҳору деҳқонӣ мебошад. Мо ҳамеша таманои онро дорем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамеша мисли баҳор сарсабзу хуррам бошад.

       ТОҶ –ин нишона аз тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон аст, дар мобайни Парчами давлатии бо ҳафт ситора таҷассум ёфтааст. Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар. Ҳафт ситора –рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт бародарон, ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон –Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Рашту Зарафшон ва Вахши зарнисор аст.

       Дар замони соҳибистиқлолӣ парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе идомаи суннати қадимаи парчамдории халқамон ба ҳисоб меравад.

       Маҳз бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон –шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр мебошад, ки ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардидааст.

      “Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.

       Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.

       Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад”. Гуфтааст дар яке аз баромадҳояшон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ.

       Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад.

       Барафрохта шудани Парчами давлатӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳову арзишҳои миллӣ ва ойину суннатҳои давлатдории халқамон баръало гувоҳӣ медиҳад.

       Ҳар як фарди кишвар бо эҳтироми Парчами давлати худ эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи хешро собит мекунад. Зеро дар он рӯҳи ниёгони некном, далериву матонат ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёди мо инъикос шудаанд.

       Аз ин лиҳоз мо ҷавонон Парчами давлатиро мисли аҷдодони худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз намуда, тамоми нерую қувваи худро ба он пайванд сохта  дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъона аз як гиребон сар бароварда дар зери сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат мебандем.

       Аз ин фурсати муносиб истифода бурда Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, инчунин ба кулли ҳамватанонамон самимона табрик мегӯем ва умедвори онем, ки ба ҳар хонадони тоҷик иқболу саодат, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонии миллӣ доимо побарҷо бошад!

 

Абдиев Ҷамшед Хуршедовичёрдамчии Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Сафаров Хуррам Абдусатторович-котиби техникии Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат