logo

Омили муҳими пешгирии ифротгароӣ дар ҷомеа

номзади илмҳои фалсафа Комилов Далер Рустамович,

ассистенти кафедраи «риёзиёт дар иқтисодиёт»

Исмоилов Ҷамшед Қурбоналиевич.

Дар шароити муосири густариши босуръати раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як миллату давлат ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллии худ  талош меварзанд. Дар ин росто алалхусус ҷавонон, ки қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд, нақши аз ҳама муҳимро дар пешрафту тараққиёти ҳар як давлат ва ҷомеаи миллӣ иҷро мекунанд. Аз ҷумла, дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол низ, ҷавонони боору номуси тоҷик нақши бузургу калидӣ доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат дониста, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намудааст. Чӣ хеле ки аз маълумоти навини оморӣ натиҷа гирифтан мумкин аст, шумораи умумии шаҳрвандони то 30-солаи Тоҷикистон беш аз 5 миллиону нафар, яъне 70 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои   камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандиву ватандӯстӣ, ҳомили ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ ва соҳиби илму ҳунар ва касбу пешаҳои муфид шудани онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст.  Конститутсия ва қонунҳои демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандиву инсонии онҳоро кафолат медиҳанд. Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир омилҳои хатарноку фаромиллиие вуҷуд доранд, ки дар сурати адами муборизаи босуботу муташаккилона зидди онҳо, метавонанд ҷавонон, ин қувваи бузургро аз шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ берун кашида, онҳоро ба қувваҳои зиёнкори аҳриманӣ бипайванданд.

Чунин омилҳои хатарнок ба амнияти миллии тамоми  давлатҳои соҳибистиқлол таҳдид менамоянд. Бинобар он, бартараф кардани онҳо ҳамкориву мушорикати фаъолонаи ҳамаи кишварҳоро тақозо менамояд.  Яке аз чунин омилҳо-зуҳуроти номатлуби ифротгаройӣ дар ҷомеа мебошад. Чуноне ки маълум аст, зуҳуроти ифротгароӣ барои фарҳанги милливу динии аҳолии муқимии Тоҷикистон, ки аксаран пайрави мазҳаби таҳаммулпарвари ҳанафӣ мебошанд, тамоман бегона ва ноошно мебошад. Моҳияти ғояи ифротгароии динӣ чунин аст, ки он мафҳумҳо ва арзишҳои диниро аз мафҳумҳо ва арзишҳоми милливу умумибашарӣ ҷудо намуда, онҳоро бо ҳам муқобил мегузорад. Дар натиҷа ин зуҳурот боиси густариши терроризм ва радикализми динӣ дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун гардида, зимнан, дар ҳар як кишвари соҳибистиқололу миллӣ монеи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ мегардад.

Чӣ тавре ки гуфтем, зуҳуроти ифротгароӣ бо асли дини мубини ислом бегона мебошад. Мутаассифона, бархе ашхос ва гурӯҳҳои сиёсӣ зери ниқоби ислом баромад карда, баҳри амали кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи ҷавононро заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва ҷавононро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд. Ифротгароиву хурофотпарастӣ солҳои охир дар ҷомеа махсусан дар байни насли ҷавон ба як бемории сирояткунандае  табдил ёфтааст ва бояд дар табобати он тамоми равшанфикрони ҷомеа кӯшиши ба харҷ диҳанд.

Дар ин сурат ҷавононро лозим меояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро ифротгароӣ ва тундгароӣ сарчашмаи чаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Ҳоло дар ҷаҳони пуртазод  шумораи зиёди ташкилотҳои терророристӣ ба қайд гирифта шуда, ҳарсола дар ҳодисаҳои терористӣ ва умуман бо иштироки онҳо ҳазорон нафар гирифтори марг мегарданд. Омили асосии сирояти ғояи ифротгароӣ ба зеҳну шуури бархе аз ҷавонони тоҷик —  намояндагони равияҳои ваҳҳобия, салафия, ва ҳизбуттаҳрир мебошанд. Ин ташкилотҳо, ки фаъолияти онҳо тибқи қонун дар қаламрави кишвари мо мамнӯъ мебошад, то имрӯз бо ҳар гуна роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ пинҳону ошкоро дар байни ҷавонон ба тарғибу ташвиқ машғуланд, ки  ин амали онҳо ба амнияти шаҳрвандон  халали  ҷиддӣ ворид менамояд.

Илова бар ин, чуноне ки аз расонаҳои хабарӣ огаҳӣ дорем, баъзе аз кишварҳои мусулмонӣ, ки дар онҳо ҷараёнҳои хатарноки динӣ пазируфта шудаанд, бо роҳу воситаҳои гуногун мехоҳанд идеологияи экстремистии худро дар дигар кишварҳо   паҳн созанд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бо ин васила «хоҷагони хориҷӣ» ба тафаккури ҷавонон таъсир расонда, онҳоро ба ҷиҳод ва амалҳои террористӣ даъват менамоянд.

Омили дигари таъсиррасон дар раванди ифротгароии динӣ ин дар мактабҳои ғайрирасмии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил намудани наврасону ҷавонон мебошад. Онҳо ғайриқонунӣ дар Покистон, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Сурия ва Миср таълимоти динӣ гирифта, ҳисси ватандӯстию хештаншиносии худро гум мекунанд ва гум кардаанд.

Чӣ тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳад, яке аз сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб-сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифату худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон в ғ. мебошанд, ки боиси (бо роҳи тарғибот ва ташвиқоти бартарии як дин аз дини дигар, як миллат нисбати миллати дигар, бартарии як маҳал нисбати маҳалли дигар ё бартарии як равия аз равияи дигар ва ғайра) шомил шудани онҳо ба ин зуҳуроти номатлуб ва  хавфноки ҳар гуна гурӯҳҳо мегарданд.  Дар ин самт барои бартараф кардани хатари ифротгароӣ таҳкими низоми таълиму тарбия ва мактабу маориф хеле муҳим мебошад. Ҳap як фарди ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд соҳиби дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Омӯзгорон, мутасаддиёни шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, ба зеҳну шуури ҷавонон таъсири мусбат расонанд.

Айёми ҷавонӣ беҳтарин ва пурсамартарин давраи камолоти зеҳниву ҷисмонии инсон мебошад. Идеологҳои  ифротгароӣ моҳияти синнусолӣ ва дарки давраи гузариши ин даврони пурмаҳсулро хуб дарк намуда, кӯшиш мекунанд, ки ғояҳои нопоку зишти худро пеш аз ҳама дар байни ҷавонону наврасон паҳн карда, онҳоро бо ҳар роҳу восита ба худ моил менамоянд. Ҳамзамон, ифротгароён таълиму тадриси бархе аз илмҳои дақиқ мисли химия ва физикаро инкор менамоянд, ки ин умуман хилофи таълимоти Қуръону Ҳадис мебошад. Паёмбари ислом дар ҳадисҳои худ касби ҳама гунна илму донишҳои заруриро таъкид месозад.

«Аз гаҳвора то гӯр дониш биёмӯз», маънии илмҳои замонавиро омӯхтанро низ дорад. Аз ин рӯ низоми таҳсил бо дар назар гирифтани манфиатҳои давлати миллии дунявӣ ва арзишҳои дини мубини ислом ба роҳ монда шавад. Мо бояд насли наврасро дар асоси арзишҳои миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба инсони комил, ки беҳтарин офариниш ва ҳадяи Худовандист, тарбия намоем.

Дар таълиму тарбияи насли наврас мактабу маориф, оила, ВАО ва ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятиву давлатӣ низ нақши бағоят муҳим мебозанд. Дар ин росто алалхусус баргузор намудани вохӯрию мулоқот бо иштироки донишҷӯён, хонандагон, аҳли ҷомеа ва фаҳмонидани хатари падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба монанди  терроризм, экстремизм ва муборизаи зидди онҳо ба манфиати кор аст. Барои тарбияи  шаҳрвандон дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ зарур аст, ки аз матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва интернет самаранок истифода барем. Агар дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ барномаҳои махсуси тарбиявӣ-идеологӣ омода ва пахш шаванд, ҷаҳонбинии ҷавонон васеъ мегардад.

Барои эмин нигоҳ доштани ҷавонон ва умуман, аҳли ҷомеа аз макру фиреби ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, онҳоро дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардан аст. Дар ин самт алалхусус ташкили озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва тарғиби варзиш дар байни ҷавонон хеле муҳим мебошад. Боиси хушнудист, ки солҳои охир ҷавонони тоҷик дар ин гунна озмунҳову мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.  Бо шарофати варзишгарони ҷумҳурӣ ҳар сол чанд маротиба парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар гӯшаву канори олам парафшон мегардад, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.  Роҳи дигари пешгирии сирояти ифротгароӣ ба ҷавонони тоҷик-вусъати корҳои тарбиявию таблиғотӣ бо ҷавонон бо ширкати донишмандон ва  исломшиносони маъруф мебошад. Уламо ва донишмандони маъруфи исломшиноси тоҷик  бояд ҳамеша ҷавононро хотирнишон созанд, ки фирефтаи ҳаракатҳои ифротгарои динӣ нашаванд, зеро намояндагони ин ҳаракатҳо дину мазҳаб надоранд ва мақсади ниҳоии эшон ин аст, ки дар зери ниқоби дини мубини ислом ғаразҳои нопоки хешро амалӣ намуда вазъи ҷомеаро ноором намоянд.

Ҷавононро лозим аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза истифода бурда, дониш омӯзанд ва саҳмашонро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳар як корро пеша кардан бо таҳаммул андеша намоянд, зеро таҷрибаи бойи ниёгони мо нишон додааст, ки инсонҳои таҳаммулпазир ба ҳадафҳояшон мерасанд.  Ҷавонони тоҷик бояд ба қадри соҳибистиқлолии  кишвари азизамон расида, суботи комили ҷомеаро, ки бо ҷонбозиҳои зиёд ба даст омадааст, ҳифз менамоянд.

Дар тарбияи ҳуввияти миллӣ ва  ҳисси меҳанпарастӣ дар вуҷуди ҷавонон алалхусус мактабу маориф аз имкониятхои фаровон бархурдор мебошад. Фанҳои ҷомеашиносӣ — аз қабили таърихи халқи тоҷик, фалсафа, фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносӣ, сотсиологоя, этикаи касбӣ,  ки дар  мақотиби олӣ таълим дода мешавад, аз имкониятҳои ин намуди тарбияи ҷавонон саршор буда, дар ташаккули ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба миллату сарзамини аҷдодӣ, ифтихори ватандорӣ мақоми хосса доранд. Масалан, вақте, ки аз фанни фалсафа ё таърихи халқи тоҷик дар бораи афкори фалсафии бостонии халқи тоҷик ё мавзӯи ориёиҳо ва дину оини онҳо зардуштия ҳарф мезанем, роҷеъ ба  хусусиятҳои ахлоқӣ доштани фалсафаи бостонии тоҷикон ва оини зардуштия андеша ронда, таълимотҳоро  оид ба меҳнатдӯстӣ, эҳтироми воситаи меҳнат ёдовар шудан хеле зарур аст. Хусусан хотирнишон кардани шиори машҳури ахлоқии онҳо «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» аҳамияти калон дорад. Тавассути  ин шиор ба донишҷӯён фаҳмонида мешавад, ки ниёгони мо ҳанӯз дар миёнаи ҳазораи якуми пеш аз милод чунин шиорро пеш гузошта, барои ташаккули инсони комил ҷадал кардаанд. Бо ҳамин роҳ онҳо мехостанд, ҳуввияти халқияти авастоӣ ё қабоили ориёиро ташаккул диҳанд. Ин шиори машҳур дар тӯли ҳазорсолаҳо барномаи дурнамои тарбиявии миллати мо буду хоҳад монд. Ва ин шиор дар шароити раванди глобализатсияи замони мо (муосир), ки зери таъсири фарҳангу арзишҳои бегона ба пастшавии (касифшавии) ахлоқи ҷомеа хусусан ҷавонон меорад, хеле аҳамияти калон дорад. Ин нуқтаро ҳангоми омӯзиши фарҳангшиносӣ зимни гузаштани мавзӯи фарҳанги ориёӣ, дар   фанни сотсиология оид ба афкори иҷтимоии ниёгонамон дар аҳди бостон низ таълим додан мумкин аст. Чи тавре ки сарвари кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва  таърихии миллати  мо буданд».

Тарбияи ҷавонон дар руҳияи таҳаммулпарварӣ нисбат ба дигар дину мазҳабҳо низ хеле муҳим аст. Ба назари мо, кадом дину оине, ки мардумонро ба таҳаммул, муросову мадоро, некию накӯкорӣ даъват мекунад, ҳеҷ гоҳ зулм нахоҳад дошт. Ҳар назари фалсафию таърихии ҷанбаи инсондӯстӣ дошта, на танҳо барои замону макон ва халқи муайян, балки барои тамоми башарият дар ҳамаи давру замонҳо хизмат менамоянд. «Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлолияти Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо нерӯву тавон бахшидааст».

Ҳисси ватандӯстиро, ки яке аз рукнҳои ҳувияти миллии мардуми тоҷик аст,  на танҳо дар мисоли муборизаҳои аҷдодони гузаштаи мо  чун Шераки далеру Фрадаи Марғиёнӣ, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, ки  алайҳи истилогарони аҷнабӣ намунаи далерию шуҷоат ва мардонагӣ нишон додаанд, тарбия кардан мумкин аст, балки дар мисоли ходимони давлатӣ ва илму фарҳанг низ ба иҷро расонидан мумкин аст.  Дар мисоли хислатҳои шахсии асосгузорони сулолаҳои Тоҳириён-Тоҳир ибни Ҳусайн, Саффориён — Яқуб ибни Лайси Саффорӣ, поягузори давлати Сомониён — Исмоили Сомонӣ хислатҳои ватандӯстӣ, инсонигарии баланд ва ҷавонмардонаи онҳоро нишон додан  шоистаи ибрат хоҳад буд. Масалан, вақте ки халифаи араб Тоҳир ибни Ҳусайнро волии Хуросон таъин мекунад, аз рӯи ҳисси ватандӯстӣ ва истиқлолиятхоҳӣ ӯ эълон менамояд, ки минбаъд номи халифаи арабро дар хутбаи намози ҷумъа нагиранд. Ин аз тарафи Тоҳир як навъ шуҷоату мардонагӣ ва намунаи озодихоҳӣ буд. Чунин мисолҳо дар таърихи гузаштаи халқи тоҷик хеле фаровонанд ва барои таҳкими ҳисси ватандустии ҷавонон хизмат карда метавонанд. Бояд ҳар як шахс чун аҷдодони ватандӯсти худ садоқати худро ба авлод, оила ва ватани худ исбот намуда, онро аз ҳадди одоби инсонӣ набаромада, бидуни ғаразҳои шахсӣ  ифода  кунад. Он гаҳ номаш вирди забонҳо хоҳад шуд.  Аз ин нуқтаи назар, гаравидани баъзе ҷавонон ба дастаҳои террористӣ ва иштирок  дар воқеаҳои  фоҷиабори баъзе давлатҳои Шарқ амали ҷавонмардона нест. Ҳамин тариқ, ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар як фард ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад. Алалхусус, зикр кардан зарур аст, ки пешгирӣ ва мубориза бо экстремизми динӣ-сиёсӣ вазифаи танҳо ниҳодҳои дахлдор нест, балки тамоми аҳли ҷомеа аст. Самаранокии мубориза бо экстремизми динӣ дар бисёр ҳолатҳо аз риояи талаботи қонунҳо, ки тарғибу ташвиқи барангехтани кинаву адовати миллӣ, низои иҷтимоӣ, нажодӣ ва диниро манъ намудааст, вобастагӣ дорад. Ҷавонони тоҷик бояд ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неки пурмаҳсул меҳнат намуда, дар таҳкими сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ фаъолона ширкат намоянд. Онҳоро зарур аст, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор бошанд ва баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани азиз сина сипар созанд. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: «Шаҳрвандони  кишвар  бояд  ба  қадри  давлати  соҳибистиқлол  ва зиндагии  орому  осуда  расанд  ва  ҳеҷ  гоҳ  зиракии  сиёсиро  аз  даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд». Ин супориши сарвари давлат пеш аз ҳама ба ҷавонон ҳамчун ба қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа робита дорад.