logo

Ҷавонон — қувваи бузурги мубориза алайҳи тероризм ва экстремизм

муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ дотсент

Ҷабборов Баҳриддин Бурҳонович

устоди калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва

муносибатҳои байналмиллалӣ

Ҷалилов Ромиш Рустамович

Давраи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳодисаҳои зиёдеро аз сар гузаронида истодааст, ки аз ҳама даҳшатбору хатарзодаш ин терроризм мебошад, ки мақсади он харобкорӣ, қатлу куштор, зўроварӣ ба хотири тағйирдиҳии шакли идоракунии давлатӣ ва ё сохти давлатӣ-сиёсӣ мебошад. То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ минтақае наметавонад худро дар амну амонӣ эҳсос намояд.

Муқовимат бар терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро дар тамоми зуҳуроташ қотеъона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд. Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ин робита иброз доштанд, ки «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Мубориза бар зидди идеологияи террористӣ дар худ маҷмуи тадбирҳои мушаххаси ташкилӣ, сиёсӣ-иҷтимоӣ, иттилоотӣ-таблиғотиро таҷассум намуда, бояд ба пешгирӣ ва решакан гардидани ин зуҳуроти нангин дар ҷомеа мусоидат намоянд. Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти террористӣ дар муҳити ҷамъиятӣ ин анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда маҳсуб мегардад. Махсусан, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст, чунки маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ аз нигоҳи гироиш ба таъсироти номатлуби гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятӣ ва зиддииҷтимоӣ хеле заъиф мебошад.

Азбаски қисмати асосии аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд, бешубҳа, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон нисбат ба бартараф намудани оқибатхои чунин зуҳурот хеле муҳим мебошад. Дар ин масир метавон корҳоеро пешниҳод намуд, ки барои кам гардидани зуҳуроти радикалӣ дар муҳити ҷавонон мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, дар ин ҷодаи мубориза гузаронидани маҷмӯи тадбирҳои мушаххас дар роҳи ташаккул ва тарбияи фарҳанги ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон нақши муфиде хоҳад дошт. Донистани ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии худ дар насли ҷавон барои рушди ҳисси эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигар афрод мусоидат менамояд, чунки дар кори мубориза бар зидди зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар ҷомеа, дар ташаккули афкори муштараки ҷамъиятӣ, мавқеи шаҳрвандии эҳтиромгузор ба қонун дар шароити зудрушдёбандаи ҷумҳурӣ васоити ахбори омма манбаи қавие мебошад, ки бо кумаки он афкори ҷамъиятӣ ташаккул дода шуда, ҷавононро дар руҳияи эҳтиром ба Ватану миллат, анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари азизамон тарбия менамояд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ барои омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимояту пуштибонӣ аз ватани маҳбуб, рушду пешрафти бештари кишвар ва бедорию зиракии онҳо имкон фароҳам хоҳад овард ва ҷавонон умеду боварии Сарвари давлатро амалӣ намуда, дар ин давраи ҳассоси ҷаҳонишавии муносибатҳо афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки афроде фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созад.