logo

ХАТАРУ ТАҲДИДҲОИ ИФРОТӢ ДАР ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ АЗ НИГОҲИ ИЛМӢ

   номзади илмҳои фалсафаи кафедраи

фалсафа ва таърих Комилов

ДалерРустамович

устоди калони кафедраи иқтисодиёти

ҷаҳон вамуносибатҳои байналмиллалӣ

Ҷалилов Ромиш Рустамович

 

Дар ин мақола мухтасар ҷиҳати мавзуи доғи рӯз, ки ҷомеъаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст мехоҳам каме ҳам бошад фикру андешаҳои худро матраҳ намоям ва пешкаши хонанда гардонам. Дар баробари ин, ки дини муқаддаси ислом тероризм набуда ва аз тероризм безори меҷуяд ва тероризмро маҳкум менамояд.

Имруз ҷаҳони исломро оташи ҷангу ихтилофоти зиёди мусаллаҳона фаро гирифтааст, ки дар бисёри онҳо ба ғайр аз нерӯҳои мусаллаҳи хориҷӣ худи мусалмонҳои кам фаҳму бесавод ва ноогоҳ аз дину мазҳаби хеш ва баъзе аз ҷавонҳои тоҷики моро, ки ба хотири муҳоҷират ба Федератсияи Руссия мераванд, ки чанд маблағе барои падару модар ва барои фарзандони худ равон кунанд низ бо фиреб ва суистифода аз дину мазҳаб ба доми худ афтондаву ба тарафи худ даъват мекунанд, ки дар натиҷа мебинем, авзоъро боз ҳам печидатар гардонидаанд.

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишварҳои Аврупо терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо — Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Ин ҷо беихтиёр саволе ба миён меояд, ки чаро Пешвои миллати тоҷикон оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир бо таваҷҷуҳу нигаронӣ сухан гуфта, ҳушдор дод, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад ба оромию осоиштагии рӯзгори мардуми мо ҳам таъсири манфӣ расонад.

Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистон таҳдид мекунад, ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар  адабиёти илмӣ ва матбуоти даврӣ дар асоси фаҳмишу ҷаҳонбиниҳои гуногун арзёбӣ мегардад. Зери ин истилоҳ таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ ва таассубгароӣ фаҳмида мешавад. Албатта, падидаи радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст, ба қавли ҷомеашиносон он дар кишварҳое реша мегирад, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.

Вожаи радикализм аз калимаи лотинии «radix» гирифта шуда, ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ маҷмӯи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан, аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад. Радикалҳо дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намуданро ҳатто бо роҳи зӯрӣ дуруст мешуморанд. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илмию сиёсӣ ҳанӯз дар асри 18 аввалин бор дар Англия вобаста ба Ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 истифода гардидааст. Ба таври оммафаҳм калимаи радикализм маънои изҳори амали қатъӣ ва  канорагирӣ карданро дорад.

Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асосии идеологияи як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо пешниҳоди ақидаҳои худ пайравони ин ҷараён муносибати номатлуб доштани худро бо низомҳои сиёсии мавҷуда баён намуда, ҳалли масъаларо дар барҳам додани онҳо диданд. Аз ин рӯ, радикализм бо сохти сиёсии мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст ва сайъ мекунад, ки авзоъро дар дохили ҷомеа ноором созад. Ин мақсадҳо бо роҳи расонидани иттилоот, ташкили бесарусо­мониҳо, тақвият додани бӯҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи норозигии мардум, фишор овардан ба ҳокимияти сиёсӣ ва пешниҳоди ақидаҳои навоварона амалӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, радикализм падидаи иҷтимоӣ ва сиёсие ба шумор меравад, ки вазифаи он дигаргуниҳои қатъӣ ворид кардан мебошад. Дар ҷомеаҳое, ки вазъашон ором аст, ҳукумат метавонад қувваҳои гуногуни иҷтимоиро ба низом дароварад. Аммо дар ҷомеаҳое, ки ба истилоҳ «давраи гузариш»-ро аз сар мегузаронанд, зуҳуроти радикализм меафзояд. Ба қидаи ҷомеашиносон, радикализм зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне ифротгароӣ мебошад.

Экстремизм аз вожаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳаду андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто соҳаи варзиш инъикос ёбад.

Ифротгароӣ аз рӯи мазмун динӣ ва дунявӣ ва аз рӯи зуҳурот  ҳудудӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ шуда метавонад. Ифодаи ифротгароӣ хеле решадор аст, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиё­нагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”.

                Ифротгароии ё экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад ва ифротгароии динӣ дар доираи ҳамаи динҳо (ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ ва ғ.) мавҷуд аст.  Қайд намудан ба маврид аст, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Равнақу ривоҷи экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад. Исти­ло­ҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маъно­яш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедию даҳшат афкандан аст. Бо назардошти вазъи ҷаҳони ҳозира ва шаклҳои зуҳури ин падидаҳои номатлуб терроризм аз рӯи хусусияташ гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар чунин шаклҳо зуҳур мекунад:

 инфиҷор намудани фурудгоҳо, ҷойҳои серодам;

– барҳам додан ва валангор намудани объектҳои махсусан муҳими стратегӣ;

– ба роҳи зӯрӣ гаравгонон гирифтани одамон;

– дар зеҳни мардум ворид намудани тарсу ваҳм ва нобоварӣ ба фардои ҳаёти осоишта ва ғайра.

Ҳангоми ба амал баровардани ин амалиётҳо шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бе хонаю ҷой ва бе саробон мемонанд. Албатта, чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон ва экстремистон қисман розӣ шаванд. Намунаи он фоҷиаи 11 сентябри соли 2001 аст, ки аз тарафи террористон ҳавопаймоҳои рабудашуда ба биноҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Ню-Йорк, бинои Пентагон дар Вашингтон ва ҳамчунин инфиҷори ҳаво­пай­мои сеюм дар Иёлоти Пенсилванияи Амрико равона гардид. Бар асари ин амали фоҷиабор тақрибан 3000 нафар ба ҳалокат расиданд. Шаклҳои муосири чунин инфиҷорҳо чанде пеш дар Шоҳигарии Белгия ва Туркия ба амал омаданд, ки боиси талафоти ҷонии зиёд гардиданд.

Асосан рабудан ва ба гаравгон гирифтани одамон аз ҷониби ҷараёнҳои террористӣ ба он равона карда мешавад, ки агар ҳукуматдорон ба ақида ва пешниҳодҳои онҳо розӣ нашаванд, хатари ба қатл расонидани гаравгон воқеият пайдо мекунад. Хатари  ин намуди амали террористӣ аз он иборат аст, ки дар рафти безараргардонии террористон эҳтимолияти талафёбии шумораи зиёди одамон мавҷуд мебошад. Намунаи чунин амали террористӣ воқеаи 23 октябри соли 2002 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия рухдода мебошад, ки гурӯҳи террористон аз шумораи сепаратистҳои чечен, ки 53 нафари мусаллаҳро ташкил медод, ба маркази театрии Норд-Ости шаҳри Москва бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои ҷиноятии худ ҳуҷум намуданд ва тақрибан 700 нафарро гаравгон гирифтанд.

Дар байни террористон 18 нафар занҳои худкуш мавҷуд буданд, ки дар бадани худ маводи тарканда доштанд. Талаботи асосии террористон хотима додани ҷанг ва баровар­дани қӯшунҳои Россия аз Чеченистон буд. Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори Россия гурӯҳи террористон несту нобуд гардиданд, вале мутаассифона, дар рафти ин амалиёт 129 гаравгон, ки одамони бегуноҳ буданд, ба ҳалокат расиданд.

Намуди дигари амали террористӣ

Таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ мебошад.

                    Дар ин амалиёти террористӣ аз мансабдорон ва ё ҳукумат талаб карда мешавад, ки ин ё он шахсро аз мансабаш дур кунанд ва қабули ин ё он қонунро ба таъхир гузоранд. Дар сурати иҷро нагардидани хоҳиши худ онҳо ба ҳар роҳу восита таҳдиди куштану несту нобуд кардани ходимони сиёсӣ ва давлатиро идома медиҳанд. Ин намуди амали терро­рис­тиро барои тағйир додани сохти давлатдорӣ низ истифода мебаранд.

                Намуди дигари фаъолияти экстремистӣ ташвиқоти амалиёти террористӣ мебошад. Ин амал бевосита дар он ифода мегардад, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани ташкилотҳои террористӣ мусоидат мекунанд, дигар давлатҳо бошанд чунин ташкилотҳоро дар қаламрави худ ҷойгир карда, бо маблағҳои калони пулӣ сарпарастӣ мекунанд.

Инчунин ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмиллалӣ ҳамчун нерӯи пуштибони озодиҳои шаҳрвандон ва равандҳои демократӣ эътироф мешаванд ва ҳатто баъзе давлатҳо онҳоро ба расмият мешиносанд. Дар асл онҳо дар ҳудуди давлатҳои бегона бо роҳи амалҳои террористию экстремистӣ ба сохти давлатдории миллату Ватани худ таъсири манфӣ мерасонанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз кадом қудратҳо ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ кумак мерасонанд. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус ҳаминро нишон медиҳад, ки пуштибонии қудратҳоро ба эътибор гирифта, террористон ва экстремис­тон барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба таркишу куштор мезананд.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан бо радикализм, экстримзм ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои ҷаҳонӣ масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз ин ҳақиқати талх набошад, ки ҷанг паёмади нохуш дорад, ҷанг оқибати бад дорад ва бо роҳи ҳарбӣ ҳал кардани ҳар гуна ихтилофот харобиовар аст ва ҳамзамон, боиси марги на танҳо низомиён, балки аҳолии осоишта мегардад, ки онҳо дар ин набард гаравгони сиёсати ғайриинсонӣ ба доираҳои муайян мегарданд.

Масъала дар ин аст, ки гурӯҳи террористии ДИИШ аз дини мубини ислом хеле устокорона истифода мебарад ва зери пӯшиши дин осебпазиртарин қишри ҷомеаи мо, яъне ҷавонмардону ҷавондухтарони ноогоҳ ва аз нигоҳи маънавӣ ба камол нарасида, ҳамчуноне, ки ҳодисоти кишварҳои зиёди дунё нишон медиҳад, табақаи иҷтимоии бо ҷомеаи имрӯзӣ созгорнашуда ва мутобиқ нашударо ба сафи худ ҷалб менамояд.

Тавре дар гузориши нашршудаи СММ омадаат, «…беш аз 25000 ҷангиёни хориҷӣ аз 100 кишвар ба гурӯҳҳои исломии террористӣ ва ҷангҷӯ пайвастаанд. Дар Сурия ва Ироқ ҳудуди 22000 ҷангҷӯёни хориҷӣ қарор доранд, 6500 нафар дар Афғонистон ва садҳо бунёдгарон дар Яман, Ливия, Покистон ва Сомалӣ амал мекунанд».

Ба ақидаи профессори ифтихорӣ ва директори барномаи байналмилалӣ дар соҳаи амнияти Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон Одри Курт Кронин, «…ДИИШ» ал-Қоида» нест, зодаи он набуда, на ҷузъи созмони тундрави исломии пешина аст ва на марҳалаи минбаъдаи таҳаввулоти ин гурӯҳ».

Тибқи маълумоти ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо дар мубориза алайҳи терроризм Жил де Кершов, ки коршинос Владимир Одинсов – гуфтаҳои ӯро иқтибос овардааст, «…аз кишварҳои мухталифи Аврупо дар ҳоли ҳозир 3 000 нафар дар ҷанг ба ҷонибдории ДИИШ иштирок мекунанд. Ба асоси маълумоти ин корманди Иттиҳоди Аврупо, дасти кам дар ёздаҳ кишвари аврупоӣ рафтани шаҳрвандон ба Ироқ ва Сурия барои ҷанг ба тарафдории ДИИШ ба қайд гирифта шудааст».

Мутобиқи иттилои Жил де Кершов, баъд аз эъломияи моҳи июни соли 2014-и ДИИШ дар бораи таъсиси хилофати исломӣ, яъне қаламраве, ки онро роҳбарони мазҳабӣ идора мекунанд, вуруди исломиҳо аз Аврупо ба ин минтақа афзуд: «Ин ҷараён то ҳол анҷом наёфтааст ва ба ин хотир эҳтимол дорад, ки эълон гаштани таъсиси Хилофат ба ин вазъият таъсири худро расондааст».

Бояд ёдовар шуд, ки моҳи сюни соли 2014 ДИИШ зимни эъломи Хилофат, амалан, тамоми низоми боздоранда ва тавозуни ҷаҳони исломро сохт, бинобар ин, баъд аз чанд моҳ он номи худро тағйир дод.

Имрӯз ҳассосият ва ҷиддияти масъала боз дар он аст, ки ДИИШ аз номи шариат сиёсати «поксозии дин», яъне такфирро пеш гирифтааст. Шариат нисбат ба қатли инсон хеле ҷиддӣ бархӯрд менамояд. Арзиши ҳаёти инсон дар Қуръон ба такрор зикр гардидааст. Гарчанде ҳанӯз ҳеҷ чомеае дар ҷаҳон наметавонад иддао намояд, ки аз қатли инсон комилан орӣ аст, вале даҳшатовар ва амали нобахшиданӣ ин аст, ки мусулмон бар зидди мусулмон ва бародар муқобили бародар бархезад. Мутаассифона, имрӯз мусулмонон ҳарчи бештар даргири ихтилофоти мусаллаҳонаи дохилӣ мешаванд, дар қатлу куштори мусулмонони дигар даст доранд. Чаро чунин амали нораво имконпазир шудааст ва Қуръони Маҷид дар ин бобат чӣ мегуяд?

Муносибат ба қатл дар Қуръон равшану возеҳ аст. Дар сураи «Нисо», ояти 93 омадааст: «Ва ҳар ки муъминеро бикушад, пас, ҷои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид башад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург ба ӯ омода сохтааст».

Аммо имрӯз ҷаҳон ислом барои ҳимояи арзишҳои хеш аз дастдарозии ДИИШ бархостааст. Ҳеҷ як фарди мусулмон, ки бо қалбу ақли хеш дини мубини исломро қабул кардааст, қатли инсон, хоҳ мусулмон, хоҳ ғайри мусулмонро раво намебинад, зеро аз нигоҳи ислом, инсон метавонад дар ҳар лаҳзаи ҳаёти худ ҳатто дар дами марг, имон оварад. Ҳамчунин дар сураи «Ҳуҷурот» ояти 15 омадааст: «Ҷуз ин нест, муъминони воқеъи он касоне ҳастанд, ки ба Худо ва паёмбарони ӯ имон оварданд ва дигар шубҳа накарданд ва бо молу ҷони худ дар роҳи Худо ҷиҳод намуданд онҳо ростгӯёнанд».

Бояд таъкид намуд, ки дар ҳадисҳои зиёди паёмбари Худо «с» омадааст, ки «мусулмон касест, ки ба мусулмони дигар бо забону дастони худ осеб нарасонад». Маҳз, рӯй ҳамин асл, дар сурати рӯй додани ихтилоф, мусулмони воқеи сулҳро ба нафъи уммати мусулмон ва мурдуми аҳли китоб ҳифз хоҳад кард.

Тағйироти охир дар минтақа ва дар ҷаҳон вобаста ба густариши терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва пайванд додани ин зуҳуроти манфӣ бо дини мубини ислом ашхоси солимфикрро ба он даъват менамояд, ки бояд рангу тобиши динӣ аз ин созмонҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла аз «Давлати исломи» бардошта шавад, то ин ки бо дини ислом ҳеҷ гуна иртиботе надоранд, ошкор карда шавад.

Дар шароити ҳассоси рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи  ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо — Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.  Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ  ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.