logo

АКСИЯИ ОБОДОНИИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ФСИҶ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

       Факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон 19-уми ноябри соли 2019 дар доираи иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои факултет ба муносибати истиқболи бошукӯҳи Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Парчами далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ободониро зери унвони «ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНАМ» дар Донишкада доир намуд. Дар раванди баргузории аксияи мазкур устодону донишҷӯёни факултет фориғ аз дарс ҷалб карда шуданд.

      Роҳбарияти донишкада иқдоми пешгирифтаи садорати факултетро дастгирӣ намуда, ба он баҳои баланд доданд. Садорати факултет низ дар навбати худ роҳбарияти донишкадаро бовар кунониданд, ки бо заҳмату талош ва корҳои ободониву созандагӣ дар рушду нумуи кишвари азиз саҳми хешро мегузоранд.