logo

ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ» ДАР КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

       Кафедраи молия ва қарз бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», санаи 16.11.2019 соати 1300  дар бинои таълимии №2, синфхонаи №46 вобаста ба иҷроиши Нақшачорабинӣ “Дар бораи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ шаъну шарафи шаҳрвандии хонандагон, донишҷӯён, пешгирии зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таасуби динӣ” дар Донишкадади соҳибкорӣ ва хизмат, дар соли таҳсили 2019-2020”, чорбинии илмӣ тарбиявӣ гузаронид.

      Дар чорабинии мазкур маърӯзаи мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент Нидоев Парвиз Фозилович дар мавзӯи “Роҳҳои муқовимат ба тероризм – экстремизм ва бегонашавию бегонапарстӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ” гузаронида шуд.

       Зимни баромад дотсент Нидоев П.Ф., қайд намуданд, ки инак, рузе фаро расидааст, ки ҷашнаш воқеияти таърихӣ, рушду нумӯъи ҷомеаи шаҳрвандӣ, рафъ шудани вазъиятҳои ногувори дохилӣ, гулгуншукуфоии давлати тоҷиконро дар худ таҷассум менамояд. Ин Рӯзи муқадасу таърихи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳсуб ёфта аз 16 ноябри соли 1994 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Бешубња, Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи  наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рўи кор овард. Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомали Раҳмон ҳанўз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рўйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.

       Сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Дар заминаи хизмати беназири, Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомали Раҳмон комёбиҳои пурарзиш ва баландпояе дар давлати соҳибистиқлоли таъмин гардид, ки ин хидматҳо ҳамчун қаҳрамонии бузурге дар байни ҷомеи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд. Ин корнамоӣ ва  комёбиҳои беназир иқтидори уқёнуси бепоёнеро мемонанд, ки шуморашон қариб, ки беохираст. Дар мақолаи мазкур чанде аз онҳоро рӯи варақ меоварем.

      Имрўзҳо ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар фазои озоду   умедбахши сиёсӣ дар рушду нумўъ қарор дорад. Ин ҳам бошад аз заҳмат ва кўшиҳои пурталоши Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Давлати тозабунёди мо дар меҳвари сулҳу осоиштагӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, ибрати ҷомеаи ҷањонӣ дар таъмини амнияти босуботи миллӣ гаштааст. Муттаасифона, ҳодисаҳои нангинеро, ки солҳои сипаригашта ва имрўзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳид гашт.

       Дар ин замина, тамоми мардуми ҷаҳон бояд эътироф намоянд, ки терроризм ва экстремизм ҳолати ташкилшуда ва муҳаёшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд. Мутаасифона, дар он баъзе давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ даст дошта, барои ташкил  ва мавқеи зуҳуроти ин амалҳои нангин заминагузор мебошанд. Ва мо бояд донем, ки бе ташкил шудани шароит дар ҳар вазъ, ягон амал ба сомон расида наметавонад. Яъне, мутаасифона шароитҳо барои чунин кирдорҳои нангин аз тарафи ќувваҳои бадхоҳи манфиатҷуй ташкил карда мешаванд. Агар террорист ва экстремистро оммавӣ шарҳ диҳем ин фаъолияти ноҳавонмардона ва  бадтинати шахсони курдил ва бе маърифти манфиатпарвар баҳисоб рафта, онҳо хоин ва душмани ҷомеаи ҷањонӣ маҳсуб меёбанд. Вобаста ба ин  мо бояд дарк намоем, ки хоинон дар ягон давра, бахусус террористон ва экстремистон ҳеҷ гоҳ бахшида нашаванд.

       Инчунин дар кори семинар қайд карда шуд, ки ҳар як фарди бо ору номус бояд дар рафъи омилҳои террористӣ ва экстремистӣ саҳми худро то андозае гузорад. Давлати азизи мо, ки бо як саодатмандӣ рў ба тараққи овардааст ва мо шаҳрвандони ин мамлакат бояд бо як самимияти хоса дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гулгуншукуфоии ин диёри зебоманзари худ камари ҳиммат баста, ба давлату миллати хеш софдилона хидмат кунем. Фақат мавқеи фаъоли сиёсии ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад тинҷию осудагиро дар ҷомеаи мо ҳифз кунад ва барои пешрафти осоиштаи кишвар замина муҳайё созад.

       Инчунин устоди кафедра н.и.и., дотсент Изатов Қ.И. доир ба масъалаи мазкур суханронӣ намуда, фикрҳои худро байён намуд.

       Дар охири семинар, аз тарафи устодон ва донишҷӯён саволҳо доир ба мавзуъи мазкур дода шуд, ки аз тарафи маърӯзачӣ ба онҳо ҷавобҳои амиқ дода шуд.