logo

ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ» ДАР ЛИТСЕЙИ ДОНИШКАДА

       Санаи 16 –уми ноябри соли 2019 дар толори фарҳангии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки устодону хонандагони литсейи Донишкада ҷамъомади маърифатӣ-фарҳангӣ ба ифтихори «Рӯзи Президент”таҷлил гардид.

       Саҳни толор бо лавҳаҳо, аксҳо ва китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон оро ёфта буд.

      Чорабинии фарҳангӣ бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамошои филми мустанаде оид ба кор ва фаъолияти Пешвои миллат оғоз гардид.

       Ровиён чорабинии мазкурро бо ситоиш ва васфи сиёсатмадори бузурги таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои шоёни ӯ баҳри пойдории Сулҳу Ваҳдати миллӣ шуруъ намуданд.

       Баъдан сухан ба Ҷабборов Фатҳулло- муовини  ректори Донишкада оид ба робитаҳои хориҷӣ дода шуд.

      Номбурда аз номи роҳбарияти Донишкада устодону хонандагони литсейи Донишкадаро ба ифтихори «Рӯзи Президент” табрику муборакбод намуда, баъдан доир ба хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат ибрози ақида намуданд. Инчунин қайд намуданд, ки имрӯз дастоварду пешравиҳои кишвар дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ назаррас буда, бо ҳидояту иқдомҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси байналмилалӣ соҳиби обрӯю нуфузи баланд гардидааст.

       Дар идомаи чорабинӣ Анваров Муриватшо — директори  Литсейи донишкада оид ба азму иродаи  қавӣ, матонат, ҷасорат устуворӣ ва хидматҳои барҷаста ба миллат, инчунин тамоми пешрафту комёбиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуд.

       Қайд кардан бо маврид аст, ки дар ин чорабинӣ хонандагони  Литсейи донишкада низ фаъолона ширкат ва суханрони намуданд.

       Исботи ин гуфтаҳо Қодирова Лайло хонандаи синфи 11-и Литсей гирандаи стипендияи Президентӣ ҳамзамон ғолиби озмуни “Хонандаи сол-2019”мебошад, ки дар мавзуи  “Пешвои миллат ва асарҳои ҷовидонаи ӯ” баромад  намуда, доир ба мундариҷаи ҳар як асари Пешвои муаззам ба хонандагон маълумоти мухтасар пешниҳод кард. Қодирова Лайло дар охири маърӯзаи худ ба иштирокчиёни  чорабинӣ пешниҳод намуд, ки ба ҳар кору рафтори Пешвои миллати хеш пайравӣ намуда, шоҳасарҳои ӯро мунтазам мутолиа намоянд

       Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ хонандагони литсейи Донишкада барномаи рангинеро бо номи: «Пешвои сулҳофарини миллат», ки аз қироати беҳтарини шеърҳо дар васфи  Пешвои муаззами миллат ва ватани сулҳобод,  рақсу сурудҳои беҳтарини ватандӯстона иборат буд, пешкаши ҳозирин намуданд.

      Дар фарҷоми ҷамъомад аз ҷониби Анваров Муриватшо- директори литсейи Донишкада бахшида ба “Рӯзи Президент” ду  нафар хонандагони синфҳои 10 Достиев Иброҳим ва Хоркашов Муҳаммадҷон, ки гирандагони стипендияи Президентӣ мебошанд, 12- нафар ғолибони озмуни даври дуюми олимпиада, ки дар ноҳияи Фирдасӣ  сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, хонандагоне, ки дар соҳаи  варзиш комёбиро ба даст овардаанд ва инчунин як қатор омӯзгорони литсейи донишкада бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и  ректори Донишкада сарфароз гардонида шуданд.