logo

ШАРАФ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ !

       Санаи 15.11.2019. дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо ташаббуси Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада ва дар ҳамбастагӣ бо Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, шеъру таронаҳо ва саҳнаи театрикунонидашуда дар мавзӯи лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият ва заҳматҳои Пешвои миллат  таҳти унвони  “ШАРАФ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ”, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

      Мақсад аз баргузори чунин чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯсти ва худогоҳии ҷавонон,  инчунин содиқ будан ба Пешвои муаззами милат, ҳифз намудани сулҳу суботи кишвар мебошад.