logo

СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДОИР БА МУҚАРРАРОТИ ҚОНУНГУЗОРИИ АНДОЗ

       Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳо «Доир ба тақвият бахшидан ба ҳамкории тарафайни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати беҳтар намудани сифати тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи андоз ва баланд бардоштани дониши аҳолӣ вобаста ба андоз ва андозбандӣ» санаи 15-уми ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,  доир ба муқаррароти қонунгузории андоз ва маъмурикунонии андоз семинар-машварат баргузор гардид.

      Дар кори семинар-машварат намояндагон аз Дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Нурзода Ҷумахон-сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, Вазиров Собир-сардори шуъбаи Раёсати такмили қонунгузории андоз ва меъёрҳои андоз, Касирзода Диловар-сардори шуъбаи Раёсати ташкили андозбандӣ, Ниёзов Маҳмадӣ-сармутахассиси Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, Сайдализода Шавкат-мутахассиси пешбари Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, ҳамчунин муовини ректор оид ба корҳои илмӣ дотсент Хоркашов И.С. ва дигар устодон (12 нафар), донишҷӯён (90 нафар) ва магистрантон (30 нафар)-и донишкада иштирок намуданд.

      Дар оғози кори семинар Хоркашов И.С. суханронӣ намуда, сараввал меҳмононро аз номи роҳбарияти донишкада хайрамақдам гуфт ва баъдан иброз дошт, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ – 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» таъкид намуда буданд: «Ҳукумати мамлакат вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, такмили низоми андозбандӣ, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ менамояд.

       Аз ҷумла, бо мақсади мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз ва андозбандӣ моҳи феврали соли ҷорӣ ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

      Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои қабулшуда 30 номгӯй имтиёзу сабукиҳоро дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва соҳаи хизматрасонӣ равона карда шудаанд.Дар ин раванд, зарур аст, ки субъектҳои хоҷагидор имтиёзҳо ва сабукиҳои пешбининамудаи қонунгузориро самаранок истифода баранд ва интизоми андозро пурра риоя намоянд».

       Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарки муҳимияти шарҳу баррасии масъалаҳо оид ба муқаррароти қонунгузории андоз ва маъмурикунонии андоз, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории семинар-машваратро бо устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида баргузор менамояд.

       Мақсади семинар-машварат – ин ба донишҷӯёну устодон шарҳу тавзеҳ додани муқаррароти қонунгузории андоз ва маъмурикунонии андоз дар шароити муосир мебошад.

      Дар рафти баргузории семинар-машварат Нурзода Ҷумахон-сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба моҳияти низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбиқи сиёсати андоз ба воситаи маъмурикунонии андоз, бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кам кардани хароҷоти маъмурикунонӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз, кам кардани алоқа байни андозсупорандагон ва кормандони мақомоти андоз, хизматрасонии босифат ба андозсупорандагон ва дигар самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла иброз гардид, ки ҳамаи корҳои анҷомдодашуда бевосита ҷиҳати аз мақомоти назоратӣ ба мақомоти хизматрасон табдил додани мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина ғанӣ гардонидани буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

       Дар фарҷом афзуда шуд, ки ба шароити муосир мутобиқ намудани низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки метавонад бевосита ба рушди иқтисодиёт таъсиргузор бошад, яке аз муваффақиятҳои замони муосир ба шумор меравад.

      Дар интиҳои семинар-машварат байни иштирокдорон баҳсу мунозира ва гуфтугуҳои озод ба вуқӯъ пайваст. Изҳори итминон шуд, ки ҳамкориҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи ташкили вохӯриҳо мунтазам тақвият дода мешавад.