logo

ВИКТОРИНА БАХШИДА БА “РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТ”

       Бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ 14-15 ноябри соли 2019 дар бинои таълимии 2 дар толори лексионии 1, бахшида ба “Рӯзи Президент” Викторина (саволу ҷавоб) байни донишҷӯёни ихтисосҳои таъминоти иқтисодӣ ва ҳуқуқии Донишкада баргузор гардид.

       Сараввал декани факултети молия ва гумрук дотсент Абдуллоев А.А. баъдан мудири кафедраи фаолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ дотсент Нодиров Ф.М. баромад намуда, қайд карданд, ки ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

       Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ шуда буд. Ҳамин тариқ, лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.

       Соли  2016 мардуми шарафманди тоҷик нахустин маротиба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун  ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил намуданд.

       Баъдан аз ҷониби Тоирзода Шерали Собир  донишҷўи курси 4 шуъбаи рўзонаи ихтисоси 1-96010101 шакл,  тартиб ва шартҳои гузаронидани  Викторина (саволу ҷавоб) ба донишҷўёни гурўҳҳои таълими академӣ фаҳмониданд ва тибқи тартиби муқарраршуда кори онро оғоз намуданд.

       Викторина (саволу ҷавоб) дар ду давр гузаронида шуд.

       Даври аввал 14 ноябр ва даври дуюм 15 ноябри соли 2019 баргузор гардид.

       15 ноябри соли 2019 соати 11.00 дар лабораторияи 8 даври дуюми Викторина баргузор гардид ва дар асоси ќарори якдилонаи комиссияи тадорукот, ки дар баробари ҳайати устодон аз донишҷўёни фаъол низ иборат буд, ба чунин хулоса омаданд:

  1. Шарипов Облоёр-донишҷўи курси 2 ихтисоси 1-96010101 бо 23-хол сазовори ҷойи 1-ум;
  2. Аҳмадшозода Аҳмадшоҳ-донишҷўи курси 2 ихтисоси 1-96010101 бо 20 – хол сазовори ҷойи 2-юм;
  3. Мирзоева Дилором-донишҷўи курси 1 ихтисоси 1-96010101 бо 17-хол сазовори ҷойи 3-юм гаштанд.

       Раёсати донишкада, деканати факултет ва ҳайати кормандони кафедра донишҷўёни зикршударо барои ишғол намудани ҷойҳои сазовор табрику таҳният намуда, ба онҳо саломатӣ ва муваффақиятҳо орзў намуданд.