logo

ОМӮЗИШИ ТАЪЛИФОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КИТОБХОНАИ ИЛМИИ ДОНИШКАДА

       Дар доираи иҷроиши Нақша-чорабиниҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, бахшида ба таҷлили бошукӯҳи «Рӯзи Президент» санаи 12 ноябри соли 2019 бо ибтикороти Китобхонаи илмии донишкада, ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Таълифоти Пешвои миллат – осори гаронбаҳо» бо иштироки устодону донишҷӯёни донишкада дар толори китобхона баргузор гардид.

      Муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсияи донишкада Хоркашов Исломбек Сангакович ҳамоиши мазкурро ифтитоҳ намуда, аз номи роҳбарияти донишкада иштирокчиёнро ба «Рӯзи Президент» табрик намуданд. Ташкили чунин ҳамоиши илмиро Хоркашов И.С. аз ҷониби Китобхонаи илмии донишкада зарур ва муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки гарчанде аз ҷониби раёсати донишкада таълими таълифоти Пешвои миллат дар байни гуруҳҳои таълимӣ-академӣ доир шуда бошад ҳам, сохторҳои донишкадаро мебояд дар шаклҳои гуногуни ташкили чорабиниҳо, муҳтавои таълифоти Пешвои миллатро байни донишҷӯёну кормандони донишкада баргузор намоянд. Инчунин, қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари хизматҳои шоистаи хеш ба халқу миллати худ, хушбахтона осори гаронмоя ва гаронбаҳое баҳри миллат тақдим намудаанд, ки боиси сарфарозии ҳар як фарди бо нангу номуси миллат мебошад.

      Дар идомаи ҳамоиши илмӣ ёрдамчии ректори донишкада Абдиев Ҷамшед Хуршедович ба сухан баромада, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бояд шукргузори ин Ватану ин давлат ва Пешвои муаззами миллат бошем, зеро Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон ба нерӯи созандаи ҷавонон эътимоди қавӣ доштанд ва тамоми шароиту имконотҳои кишварро баҳри тарбияи дурусти ҷавонон ва дастгирии ҷавонон дар ҳама самтҳо равона намуданд. Маҳз, ана ҳамин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат баҳри ҷавонони соадатманди кишвар буд, ки сол то сол дастовардҳои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ рушд ёфтанд.

       Донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 96010101-Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукии донишкада, Хоҷаев Сафаралӣ, ки иштирокчӣ ва ҷоизадори озмуни «Беҳтарин хонандаи Асарҳои Пешвои миллат» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дониста шуда буд,  зимни баромади худ осори Пешвои муаззами миллатро бо истифода аз рӯнамои таҳиянамуда, ба тариқи возеҳу фаҳмо манзури иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ гардонид. Баромади мазкур аз ҷониби иштирокчиён хуш пазируфта шуд.

      Сипас, мудири китобхонаи илмии донишкада Назриева Дилафруз Раҷабалиевна дар идомаи ҳамоиш суханронӣ карда, ҳамаи иштирокчиёнро ба китобхонаи илмӣ хушомадед гуфтанд ва аз «Намоиши китобӣ», ки ба «Рӯзи Президент» бахшида шуда буд ва фарогири Таълифоти тозанашри Пешвои миллат буданд, ошно кард. Назриева Д.Р. иброз доштанд, ки китобхонаи илмии донишкада минбаъд низ кушиш менамояд чунин ҳамоишҳои илмиро бо истифода аз махсани илмии китобхона байни устодону донишҷӯён доир намояд.

       Дар охир байни иштирокчиёни ҳамоиш, музокироти илмӣ сурат гирифт.