logo

ҲАФТАИ КАФЕДРАИ МЕНЕҶМЕНТ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

      Дар асоси «Нақшаи баргузории ҳафтаи кафедраҳои Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар Китобхонаи илмӣ-электронии донишкада барои соли таҳсили 2020-2021» аз санаи 03-юм то 10-уми апрели соли ҷорӣ ҳафтаи кафедраи менеҷмент бо ташкили чорабиниҳои гуногун дар Китобхонаи илмӣ-электронии донишкада тибқи нақша-чорабинии кафедравӣ љамъбаст гардид, ки дар он устодони кафедраи менеҷмент  Изатов Қ.И.,  Абдалимов А.,  Гадоев Ҳ.С., Баёнова М.Г., Шукрихудоев Қ.З., Салимов А.И., Ёров Қ.Т. ва донишҷӯёни курсҳои 1-уми ихтисосҳои 26020200-“Менеҷмент”, 26020300-“Маркетинг” ва 26020101-“Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат” иштироки фаъол намуданд.

        Ифтитоҳи ҳафтаи кафедраро мудири кафедра дотсент Изатов Қ.И. ҳусни оғоз бахшида, доир ба муҳимият ва ташкилу баргузорнамоии чунин чорабиниҳо ибрози андеша намуд. Вобаста ба омодагӣ, ташкил ва баргузории ҳафтаи кафедра дар Китобхонаи илмии донишкада Изатов Қ.И. баҳои баланд дода,  ба масъулини кафедра барои бештар ҷалб намудани донишҷӯёни дигар ихтисосҳои донишкада ба чорабиниҳои илмии дарназардошташуда дастуру супоришҳо доданд. 

      Ҳамчунин, вобаста ба фанҳое, ки аз ҷониби кафедра дар тамоми ихтисосҳои донишкада таълим дода мешаванд, адабиёти таълимиро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷудо намуда, дар ду рафи китобмонӣ гузошта шуд, ки муддати ҳафта донишҷӯён оиди имкониятҳои васеи китобхона боз ҳам маълумоти муфассал гирифтанд.

      Тибқи нақша сарпарастони гуруҳҳои таълимӣ-академии ихтисосҳои зертобеи кафедра номгӯи донишҷӯёни курсҳои якумро, ки ба китобхона аъзо гардидаанд, тартиб дода, дар ҷузвдонҳои кураторӣ гузоштанд. Ҳамчунин ба донишҷӯён бори дигар тартиботи дохилии китобхона шарҳу тавзеҳ дода шуд.

      Мақсади асосии нишасти илмӣ – ин дар ташаккули зеҳнии донишҷӯён фароҳам овардани қобилияти фикрронӣ ва пешниҳодсозии фикру ақидаҳо дар масъалаҳои матраҳшаванда мебошад. Бо ташкил намудани чунин нишастҳои илмӣ мо метавонем дар ташаккули зеҳнии донишҷӯён нақши бузург гузорем. Дар рафти нишаст донишҷӯён фикру ақидаҳои худро доир ба ташкили усул ва механизмҳои нави санъати идоракунӣ дар менеҷмент иброз доштанд. Дар кори нишаст дотсенти кафедра Абдалимов А. низ баромад намуда, фикру ақидаҳои худро доир ба моҳият ва вазифаҳои менеҷмент дар шароити муосир иброз доштанд. 

      Кафедра тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ баргузории чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявиро дар донишкада ба таври мунтазам идома дода, баҳри боз ҳам баланд бардоштани маърифатнокии донишҷӯён чораандешӣ менамояд.


Шарҳ диҳед