logo

МЕТОДҲОИ ОМӮЗИШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ – ИРТИБОТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТӢ ОЛИИ КАСБӢ

       Санаи 03 апрели соли равон, бахшида ба солҳои 2020-2040 эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар толори фарҳангии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо ибтикори кафедраи риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Методҳои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ–иртиботӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ олии касбӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

       Дар конфронси мазкур академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонов З.Ҷ.,  профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Юнусӣ Маҳмадисуф, н.и.п. дотсент,  мудири кафедраи технологияи итттилоотӣ ва амнияти иттилоотии  Академияи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлоназаров С.С., н.и.ф-м., дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зарипов С.А. ва устодони  Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Бактиев К.С. ва Азимов Ш.Ш. устодону магистрантон ва донишҷӯёни Донишкада ширкат варзиданд.

      Конфронси мазкурро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкада Хоркашов Исломбек Сангакович ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва хоссатан олимони соҳаи риёзии кишвар, ки дар рушди илми тоҷик саҳми арзишманд доранд, ҷиҳати иштирокашон дар конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ки бо ибтикори раёсати Донишкада ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, №156 дар доираи  эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардидааст, аз номи роҳбарияти Донишкада хайрамақдам гуфт.

      Дар идомаи баромади хеш муовини ректор Хоркашов И.С. махсус қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 иброз намуда буданд, ки “…..ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. Ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол намудани пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, маҳз конфронси мазкур олимони шинохтаи соҳаи илмҳои дақиқ ва риёзиро дар Донишкада ба ҳам овард. Инчунин, боиси зикри хос аст, ки ҳадафи Роҳбари дурандеши миллат аз эълони иқдомоти мазкур тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон мебошад. Аз ҷониби дигар, рӯ овардан ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ яке аз василаҳои беҳтарини таъмини рушди иқтисодиёти кишвар дар шароити саноатикунонии босуръат мебошад. Боварии комил дорем, ки нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар самти эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо истифода аз таҷрибаи бузурги олимону муҳаққиқони соҳа, кишварро дар як фурсати кӯтоҳтарин ба муваффақиятҳои боз ҳам бузургтар бурда мерасонад.

      Сипас, тибқи барномаи конфронс дар ҷаласаи пленарӣ сухан ба Усмонов Зафар Ҷураевич академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Мавсуф, зимни баромади хеш миннатдории худ ва аҳли нишастро ба роҳбарияти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат барои ташкили чунин чорабинии илмии сатҳи баланд иброз дошт. Қайд гардид, ки ҳанӯз аз аввали солҳои соҳибистиқлолии кишвар, Пешвои муаззами миллат тадбирҳои бузург ва барномаву стратегияҳои манфиатборро роҳандозӣ менамоянд, ки кишвари азизамонро дар як фурсати кӯтоҳтарин ба қуллаи мурод расонид. Тарафи дигари масъала ин аст, ки имрӯз Тоҷикистони азизро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташаббус ва иқдомоти беназираш мешиносанд ва эътироф мекунанд. Иқдомоти навбатии Роҳбари давлат дар масъалаи эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” метавонад ҷомеаи Тоҷикистонро ба қуллаҳои аз ин ҳам баландтар расонад, зеро дар шароити қабули ҳадафи нави миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани маърифати техникии ҷавонон ва омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф яке аз самтҳои муҳими расидан ба ҳадафҳои гузошташуда мебошад иброз намуд З. Усмонов.

      Дар идомаи конфронс, баромади Юнусӣ Маҳмадисуф профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мазӯи “Схожые моделы реального мира и их экономические интерпретации” баромад намуда, бо истифода аз тахтаи синфӣ, ки дар толор муҳайё карда шуда буд, доир ба формулаҳои математикии ҳосилшуда дар натиҷаи таҳқиқот маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ҳамчунин,  баромадҳои Мавлоназаров С.С. мудири кафедраи технологияи итттилоотӣ ва амнияти иттилоотии  Академияи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Имконоти омӯзиши  иқтисоди рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурии” ва Зарипов С.А. дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзӯи Алгоритми масъала ба Алгоритми барномасозӣ шунида шуд.

       Дар ҷамъбасти ҷаласаи пленарии конфронс Хоркашов И.С. бори дигар меҳмононро ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат хушомадед намуда, аз олимони соҳа даъват ба амал оварданд, ки дар амалишавии Нақшаи чорабиниҳои донишкадавӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти Донишкада, бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” тасдиқ шудааст, кӯмак ва саҳми амалии хешро расонанд.

       Баъди нисфирӯзӣ конфронс кори худро бо пешниҳоди баромади устодону магистрантон дар бахши алоҳида идома дод.

 


Шарҳ диҳед