logo

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 25-УМИН СОЛГАРДИ “РЎЗИ КОНСТИТУТСИЯ” ДАР МАВЗЎИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ИФОДАИ АРЗИШҲОИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН, ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА ДАВЛАТ

       02 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-умин солгарди таҷлили «Рӯзи Конститутсия» дар мавзӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ифодаи арзишҳои волоияти қонун, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат баргузор гардид.

     Дар кори конфронс Ректори ДСХ профессор Обидов Ф.С., Ёрдамчии калони Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода З.М., раиси фраксияи ҲХДТ Маҷлиси намояндагонӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар,  муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А.Ғ.,  муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хоркашов И .С., меҳмонон аз макотиби олӣ, идораву муассисаҳои давлатӣ, ҳайати устодон, магистрантон ва донишҷӯёни ДСХ иштирок намуданд.

      Конфронсро ректори ДСХ профессор Обидов Ф.С., бо сухани ифтитоҳи кушода меҳмонон ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба муносибати 25-умин солгарди “Рӯзи Конститутсия” табрику шодбош намуданд.

      Мавсуф қайд карданд, ки 25 сол муқаддам, яъне 6- уми ноябри соли 1994 шаҳрвандони кишвар ба ҷонибдории саннаде райъ доданд, ки боиси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид.

      Дар ин радиф ёдрас намудани суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсад мувофиқ мебошад: “Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад”.

      Сипас, дар асоси фармоиши ректори ДСХ ба як гурӯҳи меҳмонон, устодон ва кормандон “Ифтихорнома” супорида шуд. Аз ҷумла барои хизматҳои шоён дар тарбия намудани насли наврас ва ҳамкории мутақобилаи судманд дар ин бахш “Ифтихорнома”-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инҳо супорида шуд:

  1. Ализода З.М.,-Ёрдамчии калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ;
  2. Холиқзода А.Ғ.,- раиси кумитаи Маҷлиси намояндагонӣ МО ҶТ;
  3. Сафарзода Б.А.,-раиси фраксияи ҲХДТ Маҷлиси намояндагонӣ МО ҶТ;
  4. Холиқзода А.Ғ.,- муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

      “Ифтихорнома”-и ДСХ ба як гурӯҳи калони устодон ва кормандони ДСХ низ супорида шуд.

      Дар идомаи конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия муҳтарам Хоркашов И.С., гуфтанд, ки чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд “Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад”.

      Бинобар ин, месазад ки чунин чорабиниҳои илмии сатҳи баландро доир ба аҳамият ва моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намоем.

      Дар ибтидо сухан ба Ёрдамчии калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода З.М., дар мавзӯи «Таърихи таҳияи лоиҳа ва қабули Конститутсияи соли 1994» баромад намуда, қайд карданд, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Конститутсияи навин бо сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қабул шуд. Зеро дар он давр, ки вазъияти сиёсии мамлакат ноором буд ва қувваҳои мухталиф мехостанд ба таври худ ва ба манфиати худ  Конститутсия қабул намоянд.

      Сафарзода Бахтовар раиси фраксияи ҲХДТ дар баромади худ қайд намуданд, ки Конститутсия санади муҳими давлатдорӣ, шиносномаи миллат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти  давлатӣ ғоя ва ормонҳои миллиро дар бораи соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, демократӣ, дунявӣ ва ягонагии давлат маҳз дар сатҳи Конститутсия ифода намуд.

      Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А.Ғ., бо мавзӯи “Мавқеӣ Конститутсия дар қабули қонунгузоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд карданд, ки халқи тоҷик дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ тавонист як конститутсияе қабул намояд, ки ҷавобгӯи тамоми талаботи инсон ва шаҳрванд буда, дар раҳои ёфтани кишвар аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат намояд.

      Дар Конститутсия ҳамаи давраҳои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо як усули ниҳоят қобили қабул ва аз нигоҳи мазмуни ҳуқуқӣ дастраси умум оварда шудаанд.

      Абдуллозода М.Ҷ.,-раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи соли 1994» баромад намуда, қайд кард, ки Конститутсияи соли 1994 маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат таҳия ва қабул гардид.

      Шарипов Т.Ш.,- профессори кафедраи ҳуқуқ ва фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ  дар баромадашон қайд намуданд, ки принсипҳои асосии ҳуқуқи ҷиноятии кишвар маҳз дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи худро ёфтаанд.

      Ойев Холмаҳмад ҳуқуқшиносӣ ДСХ бо мавзӯи «Конститутсия-пояи давлатдории миллӣ», Искандаров З.Ҳ.,- профессори кафедраи ҳуқуқ ва фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ дар мавзӯи “Далелҳои ғайриқобили қабул ва тартиби мурофиавии хориҷ намудани онҳо” ва Ғайратов Темуршо дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва фаъолияти гумрукӣ баромад намуданд.

      Мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ дотсент Нодиров Ф.М. дар баромади худ қайд карданд, ки сулҳу субот, амният ва осоиши кишвар бо қабули Конститутсия рабт дорад. Аз ин рӯ гузаронидани маҳфилҳои илмӣ барои тарғибу ташвиқи ин санади таърихӣ зарур мебошад.

      Дар ҷамъбасти конфронс байни иштирокдорон ва аҳли толор баҳсу мунозираи судманд барпо шуд.