logo

РУШДИ САЙЁҲӢ-ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ИҶТИМОӢ ВА ТАҲКИМИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

      1 ноябри соли 2019 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ, бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ” дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ-омили пешрафти иҷтимоӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ” дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ,  олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

     Чорабинии мазкурро Хоркашов  И.С.- муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро аз номи Роҳбарияти донишкада ҷиҳати ширкаташон дар ин семинари илмӣ хайрамақдам гуфтанд.

      Зимни баромади хеш Хоркашов И.С. қайд намуданд, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати сулҳу субот, бунёди инфрасохтори замонави ва хизматрасониҳои муносиби соҳаи сайёҳии кишвар имрўз бо маром рушд ёфта истодааст. Чӣ тавре, ки  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

       Сипас, тибқи барномаи семинари мазкур баромадҳои Шарифзода Манучеҳр – мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе”, Маъруф Нодири – Директори Муассисаи сайру саёҳати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар мавзӯи “Мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон омили муҳими рушди сайёҳӣ дар кишвар”, Ашуралиев Муродалӣ – дотсенти кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар мавзӯи “Заминаҳои ташаккулёбӣ ва рушди сайёҳии аграрӣ дар Тоҷикистон”, Хусравбекова Меҳрангез – донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 89010101 – Туризм ва меҳмоннавозии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар мавзӯи “Экологический туризм: мировой опыт и перспективы развития в Таджикистане» шунида шуд.

      Дар охир байни баромадкунандагон ва иштирокчиёни семинари илмӣ музокироти судманд сурат гирифт.