logo

МО ҲИМОЯТГАРИ ВАТАНЕМ

      Дар литсейи  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бахшида  ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда  буд,ки давра ба давра гузаронида шуданд.

     Аз ҷумла, санаи  23 феврали соли 2021 хонандагони синфи 4 “А”, ки роҳбари синф Расулова Мавҷуда Нусратуллоевна мебошад, соати тарбиявии намунавӣ дар мавзӯи “Мо ҳимоятгари Ватанем” бо иштироки роҳбарияти литсей ва омӯзгорон баргузор гардид.

          Хонандагон дар бораи таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, навъҳои қушунҳо, дастовардҳои Артиши миллӣ дар роҳи ҳимояти ягонагии марзу буми кишвар,ҳифзи сохти Конститутсионии Ватани маҳбубамон маълумот дода, дар мавзӯҳои ватандорию ватандӯстӣ шеърҳо қироат намуда, саҳначаҳои ҷолиб таҳия ва намоиш доданд.

     Дар дарс хониши сурудҳои низомӣ бо қадамзанӣ иҷро гардида, расму нигораҳои ба мавзӯъ марбут аз тарафи хонандагон кашидашуда,ба маърази намоиш гузошта шуда буд.

     Дар  маҷмӯъ дарс хеле шавқовар ва дар руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, аз ҷониби роҳбарияти литсей ва омӯзгорон хеле хуш пазируфта шуд.