logo

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР БА МУНОСИБАТИ 28-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Муҳтарам афсарону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамватанони азиз!
       Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.
       Аз фурсати хеле муносиб истифода намуда, тамоми афсарону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дар симои онҳо кулли ҳамватанони азизамонро ба ин Рӯзи таърихӣ, яъне таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
       Таҷлили 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ба даврае рост омадааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва дар баробари дигар қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон, сарбозону афсарони қисмҳои низомии кишвар низ ҷиҳати истиқболи сазовори ин ҷашни миллӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд.
       Боиси хурсандист, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 дар шароити ниҳоят мураккаб таъсис дода шуд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз дар аввалин солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус зоҳир намуда, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ низ шурӯъ намуда буд. Хушбахтона, имрӯз Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат пояҳои Истиқлолияти давлатиро боз ҳам устувортар мегардонанд.
       Пешвои муаззами миллат бо азму иродаи фарзандони содиқи Ватан, махсусан афсарону сарбозони шуҷоъ дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар азизамон итминони комил доранд ва дар ҳамешагӣ ба ин ниҳоди давлатӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамоянд. Махсусан, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 зимни суханронӣ ба ифтихори 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ иброз намуда буданд, ки «Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем».
       Мо хушбахтем, ки бо талошу ҷонбозиҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ бо тамоми шароитҳои муосири низомӣ таъмин гардида, афсарону сарбозони кишвар сарбаландона дар муқобили ҳама гуна хатару таҳдидҳои душманони миллат содиқона истодагарӣ карда метавонанд.
Артиши миллӣ-мактаби ҷасорату мардонагӣ ва сабақи бебаҳои зиндагӣ буда, бо он ҷавонмардоне, ки дар ин соҳа заҳмат мекашанд, мо ифтихор мекунем. Зеро, дар таъмини амният ва зиндагии шоистаи мардум саҳми онҳо бузургу бесобиқа аст.
       Суботу пойдории амнияту оромӣ ва осудагии кишвари маҳбубамон ба нерӯи Артиши миллӣ ва ғайрати ҷавонони ҳимоятгари марзу буми кишвар вобастагии зиёд дорад. Таърих гувоҳ аст, ки халқу миллат ҳамеша хотираи фидоиёну ҳомиёни хешро пос медорад ва номи онҳоро дар саҳифаи таърихи худ бо ҳарфҳои заррин сабт мекунад.
       Бигузор, дар Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ доимо пойдор ва дар қалбҳои ҳар як фарди миллат меҳри Ватан чун оташи нангу номус ҳамеша фурӯзон бошад.
       Бори дигар тамоми мардуми шарафманди кишварро бо ин ҷашни фархунда табрик менамоям. Саломату сарбаланд бошед ҳамватанони азиз!

Шарҳ диҳед