logo

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ КИШВАР

       22 феврали соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат  чорабинии тантанавӣ, бахшида  ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди кишвар” бо барномаи фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовинони ректор, сардорони шуъбаҳо, бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарияти литсейи донишкада, сардорони гуруҳҳои таълимӣ-академӣ ва донишҷӯёни фаъол, инчунин собиқадори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ашуров Тоҳир ширкат варзиданд.

       Чорабинии тантанавиро муовини ректор оид ба таълим Раҳимов М.А. ифтитоҳ намуда, тамоми ҳайати шахсӣ, собиқадорон, профессорон ва устодону донишҷӯёнро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуд.

      Мавсуф иброз дошт, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.

       Таҷлили 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ба даврае рост омадааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва дар баробари дигар қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон, сарбозону афсарони қисмҳои низомии кишвар низ ҷиҳати истиқболи сазовори ин ҷашни миллӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд.

      Боиси хурсандист, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 дар шароити ниҳоят мураккаб таъсис дода шуд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанўз дар аввалин солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус зоҳир намуда, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомї низ шурўъ намуда буд. Хушбахтона, имрӯз Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат пояҳои Истиқлолияти давлатиро боз ҳам устувортар мегардонанд.

      Пешвои муаззами миллат бо азму иродаи фарзандони содиқи Ватан, махсусан афсарону сарбозони шуҷоъ дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар азизамон итминони комил доранд  ва дар ҳамешагӣ ба ин ниҳоди давлатӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамоянд. Махсусан, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 зимни суханронӣ ба ифтихори 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ иброз намуда буданд, ки «Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем».

      Полковник Ашуров Тоҳир зимни баромади хеш ба роҳбарияти донишкада, барои таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан нисбати афсарону сарбозони шуҷои Ватан ва даъват кардан ба чорабинии мазкур изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард. Ҳамзамон, кулли ҳозиринро ба ин ҷашни бузург табрику муборакбод намуд.

­­­­­­­­­­­­­      Профессори кафедраи ҷомеъашиносии донишкада  Ҳотамов Намоз Басарович дар баромади худ иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддати нисбатан кутоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомуш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

       Сипас, Вазиров М.К. муовини директори  литсейи Донишкада ҳозиринро ба ин рӯзи таърихии фаромӯшнашаванда, 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба аҳли коллективи донишкада саломатӣ, осоиши рӯзгор, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу намуд.

      Мавсуф қайд кард, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.
Тӯли 27 сол афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой овардаанд. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи ободро намоему дар ободтар гаштани Ватани азизамон бо кору пайкори созанда саҳми хешро гузорем.

       Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳаваскорони ансамбли “Соҳибкор” ва хонандагони литсейи донишкада табъи ҳозиринро бо қироати ашъори ватандўстона,  рақсу суруд болида гардониданд. Саҳначаҳои театрикунонидашудаи ҳаҷвию тарбиявии омоданамудаи донишҷӯён низ дар мавзӯи муҳофизати Ватан ва машқҳои низомии наваскарон  аз ҷониби аҳли толор хеле хуш пазируфта шуд.


Шарҳ диҳед