logo

МАСОИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОР ВА МУТАВОЗИН ДАР ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН: ТАМОЮЛ ВА ДУРНАМО

        28 октябри соли равон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ- амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Масоили таъмини рушди устувор ва мутавозин дар иқтисодиёти ҷаҳон: тамоюл ва дурнамо” баргузор гардид, ки дар он меҳмонон,  олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯён ва магистрантони донишкада иштирок намуданд.

        Конфронсро  муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада дотсент Хоркашов И.С. ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни конфронсро аз номи Роҳбарияти донишкада ҷиҳати ширкаташон дар ин конфронси сатҳи байналмилалӣ хайрамақдам гуфтанд. Дар идомаи баромади хеш муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада зикр намуданд, ки бо мақсади иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 марти соли 2019, №79 “Дар бораи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” конфронси мазкур доир гардида истодааст. Раванди ҷаҳонишавӣ ва инкишофи иқтисодиёти ҷаҳон моро водор месозад, ки масъалаҳои гуногуни таъминкунандаи рушди устувор ва мутавозинро дар шароити муосир бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ баррасӣ ва муайян намоем. Боварии комил дорем, ки конфронси мазкур дар асоси пешниҳодоти мушаххаси илмӣ ҷамъбаст гардида, барои қабули қарорҳои идоракунӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

        Сипас, тибқи барномаи конфронс дар ҷаласаи пленарӣ баромадҳои Ҳодиев Д.А.-н.и.и., дотсенти кафедраи маркетинг ва менеҷменти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Международная миграция человеческого капитала”, Абдувосиев Ф.С. корманди илмии пешбари Донишкадаи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Влияние системы внешнеэкономических отношений на агропромышленный комплекс и преодоления возникших проблем для внутреннего продовольственного рынка страны”, Ҷумъаев Б.М.-н.и.и., мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар мавзӯи “Перспективные направления формирования спроса на бизнес-услуги в условиях рыночной экономики” шунида шуданд.

      Пас аз нисфирӯзӣ конфронс кори худро дар ду бахш идома дод.