logo

АҲАМИЯТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

     20-уми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо ташаббуси кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ конфронси ҷумҳуриявӣ, бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ба истиқболи ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таҳти унвони  “Аҳамияти рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид.

     Дар чорабинии мазкур Ализода Саидхоҷаи Саидумар-н.и.ф., дотсент, корманди Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИМТ, Хоҷа Қурбон Тоҳирӣ-доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва дигар устодону донишҷӯёни Донишкада иштироки фаъол намуданд

     Конфронси мазкурро сардори раёсати илм ва инноватсияи донишкада, н.и.и, дотсент Бобоев А.М.  ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро аз номи раёсати Донишкада бо ин рӯзи пурифтихор табрик намуда, мавсуф қайд кард, ки мавҷудияти ҳар як халқу миллат ва давлатро аз рўйи забон муайян мекунанд. Инчунин, забонро посдорандаи таъриху фарҳанг ва маданияти башарӣ ҳисобидаанд. Имрӯз дар олам қариб 6-ҳазор забон мављуд аст. Пажӯҳишоти муҳаққиқони забоншинос нишон медиҳад, ки дар муддати 50-соли охир тахминан 500 забон аз байн рафтааст. Ин руйдод маънии пурраи нобудгардидани ҳамон миллати соҳибзабон мебошад.Дар арсаи ҷаҳонишавии шадиди кунунӣ, бояд ҳар миллати соҳибтамаддун забони модарии худро чун гавҳараки чашм эҳтиёткорона ҳифзнамояд ва дар поку беолоиш нигоҳ доштани он  кӯшишбахарҷдиҳад.

      Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 иброз намуда буданд, ки: “Ҳар як ҷавон бояд огоҳ бошад, ки дар оянда танҳо тавассути аъло донистани забони давлатӣ ва ду забони хориҷӣ, алалхусус забонҳои русиву англисӣ, инчунин истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ пеш бурдани зиндагӣ ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардан имконпазир мегардад”.

         Сипас, Ализода Саидхоҷаи Саидумар – н.и.ф., корманди Институти шарқшиносӣ вамероси хаттии АИМТ дар мавзӯи “Нақши забони давлатӣ дар инкишофи ҳуввияти миллӣ” баромад намуда, қайд кард , ки Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо сарварии Пешвои муаззами миллат тавонистааст дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ боз ҳам фарҳанги оламгири қадимаи худро эҳё намуда, забонро ҳамчун воситаи тарғиби сиёсати созандаву бунёдкорона ва кафили пойдории давлату миллати тоҷик ва муаррифгари фарҳанги волои худ дар арсаи байналмилалӣ қарор диҳад.

    Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мусоидат кардан дар тасвиби қонун дар бораи забони давлатӣ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ бо забони ноби тоҷикӣ сухан гуфтанд, ки ин боз сиёсати сирф миллигароёнаи Сарвари кишварро нишон медиҳад ва ҳамагонро водор месозад, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз кадом соҳаи фаъолият бояд дастаҷамъона аз забони модариамон пуштибонӣ намуда, онро чун мероси гаронбаҳо ва пурарзиш барои насли оянда мерос гузорем.

       Профессори кафедари кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии донишкада Хоҷа Қурбон Тоҳирӣ дар мавзуи “Баъзе усулҳои таълимии забони тоҷикӣ” баромад намуд. Мавсуф қайд, кард, ки таҷриба ва мушоҳидаҳои солҳои тӯлонӣ дар таълим ва тарбияи насли нав собит намуд, ки марбут ба давру замон шакли таълим ва мазмуну мундариҷаи он ба маҷрои навин равона гардад. Яке аз навгониҳое, ки бояд роҳандозӣ гардад, тарҳи нав дарандохтан дар таълими забони тоҷикӣ барои факултаҳои ғайри филологии мактабҳои олии касбӣ маҳсуб мегардад. Маълум аст, ки дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ шогирдон дар тӯли ёздаҳ сол мувофиқан ба нақшаи таълим забони тоҷикӣ меомӯзанд. Дар ин муддат онҳо бояд аз бисёр қисматҳои илми забон: савтиёт, захираи луғат, сарфу наҳв, услубҳои нутқ ва тартиби ҳуҷҷатгузорӣ  бархӯрдор гарданд.

      Мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии донишкада дотсент Ҳайдаров А.А.дар ҷамъбасти конфрос бори дигар ба меҳмонон барои иштирокашон изҳори сипос намуда, миннатдории худро  ба раёсати Донишкада ва ҳамаи иштирокчиён баёндошт.


Шарҳ диҳед