logo

ОЗМУНИ «АШЪОРИ ШОИРОНА» ДАР ДОНИШКАДА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

       26 –уми октябри соли равон дар доираи Нақша-чорабиниҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат озмуни «Ашъори шоирона» ҷамъбаст гардид.

       Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур тули беш аз як моҳ дар донишкада идома ёфта, ғолибони даври дуюм ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд. Озмун тамоми хонандагони Литсей ва донишҷӯёни Донишкадаро фаро гирифта, шахсони мутасаддӣ аз Литсей ва Донишкада ин равандро назорат ва идора менамуданд.

       Ҳадаф аз баргузории озмуни «Ашъори шоирона» дар донишкада, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва тарбия намудани онҳо, инчунин таъкидҳои навбатии Пешвои муаззами миллат ҳангоми мулоқот бо намояндагони касбу кори гуногун санаи 4 октябри соли равон, бахшида ба «Рӯзи забон» мебошад.

      Барои ҷамъбасти натиҷаи озмуни «Ашъори шоирона» бо фармоиши ректори донишкада Комиссияи озмунӣ аз ҳисоби кормандони донишкада аз 23 октябри соли 2019, №185/И ба тасвиб расид, ки фаъолияти комиссияи мазкур санаи 26 октябр ҷамъбаст карда шуд.

       Дар даври хотимавии озмуни мазкур аз Литсейи донишкада 39 нафар хонандагон ва аз ҳисоби донишҷӯёни донишкада 28 нафар донишҷӯён иштирок ва баромад намуданд.

       Баромадкунандагон аз ашъори бузургони шеъру адаб порчаҳои шеърӣ қироат намуда, аз ҷониби ҳайати комиссия соҳиби холи муайян гардиданд. Гарчанде, баромади аксар қироаткунандагон ҷолиби диққат буд, вале танҳо 10 нафар хонандагон ва 10 нафар донишҷӯён ғолиби озмун ҳисобида шуда, барои сабти телевизионӣ ба Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» тавсия карда шуданд.

   

 

 

 

 

          Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат минбаъд низ барои дарёфти исеъдодҳои ҷавон дар ҳама самтҳо чунин намуди озмунҳоро пай дар пай доир менамояд.