logo

ВОХӮРИИ РЕКТОР, ПРОФЕССОР ОБИДОВ Ф.С. БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЧОРУМИ ДОНИШКАДА

17 октябри соли 2019 тибқи Нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар толори маҷлисии Донишкада вохӯрии судманд аз ҷониби Ректори Донишкада муҳтарам Обидов Ф.С.  бо донишҷӯёни курси чорум баргузор гардид.

 

Дар рафти баргузории мулоқот Обидов Ф.С. иброз намуданд, ки Ҳукумати кишвар ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд ва инчунин  вобаста ба риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» «Дар бораи масъулияти падару модар дар бораи таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамзамон оид ба расонидани ҳадафҳои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Оид ба муқовимат ба экстремизм ва тероризм барои солҳои 2016-2020″ вохури бо иштироки васеъи донишҷӯёни курси чоруми  Донишкада гузаронида шуд.